Ба гуфтаи вазорати корҳои дохилӣ, ки рӯзи 8-уми август омори тозаи садамаҳо дар нимсолаи аввали соли 2024-ро нашр кард, “бар асари 539 садамаи нақлиётӣ 236 нафар ба ҳалокат расида, 570 нафар ҷароҳат гирифтаанд.” Теъдоди садамаҳо дар муқоиса ба 6 моҳи соли 2023 тақрибан 12 дар сад афзудааст, теъдоди захмиён 13 дар сад ва шумораи ҷонбохтагон аз 22 дар сад бештар будааст.
Пештар аз нашри ин омор, ҳафтаномаи “Қонун ва Ҷомеа”, минбари расмии вазорати корҳои дохилӣ ба масъалаи садамаҳои нақлиёт пардохта ва навиштааст, риоят накардани қоидаҳои роҳ, ҳаракат бо суръати баланд сабабҳои маргу мири зиёд дар роҳҳо аст.
Ба гуфтаи Ғайраталӣ Саидзода, намояндаи Идораи бозрасии давлатии автомобилӣ бештари садамаҳои нақлиётӣ дар роҳҳои шаҳри Душанбе то маркази вилояти Хатлон, роҳи Душанбе-Чаноқ, ноҳияҳои тобеи марказ ба вуқӯъ мепайванданд. Аз ҷумла рӯзи 24-уми июл дар як садама дар роҳи Душанбе-Чаноқ ва наздик дар ноҳияи Мастчоҳ 7 кас аз ҷумла 5 узви як оила ҳалок шуданд ва аз он хонавода танҳо як духтари наврас монд. Онҳо 45, 19, 17 ва 10 сол доштанд.
Ғайраталӣ Саидзода, афзудааст, ки садамаҳои нақлиётӣ ба иқтисоди Тоҷикистон ва ҷомеа “зарари бузурги иҷтимоӣ, моддӣ ва демографӣ мерасонанд.” Ба гуфтаи афсари тоҷик: “Баланд кардани суръати ҳаракат дар роҳ, ҳангоми мастӣ рондани воситаи нақлиёт, набастани тасмаи бехатарӣ, суҳбати телефонӣ ҳангоми ронандагӣ, аҳамият надодан ба пиёдагардон аз ҷумлаи сабабҳоест, ки сурати пешгирӣ аз онҳо метавон, пеши роҳи ҳодисаҳои нохушро гирифт ва бехатарии ҷони худ ва дигаронро таъмин созем.”
Бино ба омори расмӣ дар Тоҷикистон дар севуним соли гузашта дар садамаҳои нақлиётӣ тақрибан 2000 нафар ҷон дода, ҳазорон нафари дигар захмӣ шудаанд. Сеяки ҳалокшудагон дар садамаҳои нақлиётӣ дар кишварро афроди фаъоли қобили кор ва аз 26-40-сола дода медиҳанд ва тақрибан 20 фоизи осебдидагон маъюб мешаванд.
Ғайраталӣ Саидзода, дар мусоҳиба бо “Қонун ва Ҷомеа” гуфтааст, ки “Ронандагон дар роҳҳои берун аз маҳалли аҳолинишин суръати нақлиётро зиёд ва сабқат мекунанд, баъдан аз ӯҳдаи идораи нақлиёт набаромада, аз роҳ берун мешаванд. Ин ҳолат сабаби чаппашавии воситаҳои нақлиёт ва бархӯрд бо якдигар мегардад, ки дар бештари ҳолатҳо он ба талафот мерасонад.”
Аммо на танҳо суръати баланд ва беэътиноӣ ба қоидаву қонуни ҳаракат дар роҳҳоро сабаби маргумири зиёд медонанд. Мошинҳои кӯҳна, роҳҳои ноҳамвори кӯҳӣ, беэътиноӣ ба дониши ронандагон ҳангоми имтиҳонгирӣ дар мактабҳои ронандагӣ низ дар ин мусибатҳо нақш доштаанд. Кор ба ҳадде расидааст, ки дар Тоҷикистон дар бораи фурӯхтани гувоҳиномаи ронандагӣ ва надонистани қоидаҳои оддии ҳаракат ҳаҷв бофтаву саҳнаҳо сохтаанд.