Нахуствазири Бангладеш пас аз 15 сол раҳбарӣ истеъфо дод ва фирор кард

Шайх Ҳасина.

Пас аз он ки ҳазорон эътирозгар ба иқоматгоҳи расмии Шайх Ҳасина, нахуствазири Бангладеш ҳамла карданд, ӯ истеъфо дод. Шайх Ҳасина 15 соли ахир нахуствазири Бангладеш буд.

Тибқи гузориши хабаргузориҳои байналмилалӣ, ин хабар рӯзи душанбе аз сӯи мақомоти низомӣ ва Вазорати корҳои хориҷии Бангладеш тасдиқ шуд.

Хабаргузории "Рейтерз" мегӯяд, ки Шайх Ҳасина бо чархбол аз иқоматгоҳи худ фирор карда ва хоки Балгладешро тарк кардааст. Шабакаи телевизионии CNN ба нақл аз мақомҳои низомӣ гузориш додааст, ки ӯ вориди хоки Ҳинд шудааст.

Тибқи гузоришҳо, ҳазорон нафар рӯзи душанбе пас аз чанд ҳафта эътирозҳои хушунатомез ва даргирӣ бо нерӯҳои амниятӣ, вориди қароргоҳи расмии Шайх Ҳасина дар Дакка шуданд. Дар эътирозҳои як моҳи ахири ин кишвар беш аз 300 нафар кушта шуданд.

Фармондеҳи артиши Бангладеш билофосила эълон кард, ки пас аз истеъфои нахуствазир ва фирори ӯ аз пойтахт, ҳукумати муваққатӣ ташкил хоҳад шуд. Ӯ дар суханронии телевизионии худ бо тасдиқи истеъфои нахуствазир гуфт, "мо як ҳукумати муваққатӣ ташкил хоҳем дод".

Эътирозҳои донишҷӯён дар Бангладеш ҳудуди як моҳ қабл оғоз шуд. Ин тазоҳуроти хушунатомез алайҳи саҳмиябандӣ дар қонуни хадамоти мулкӣ оғоз шуд.

Ин саҳмиябандиҳо ба истихдоми занон, афроди сокини минтақаҳои тавсеаёфта ва дигар гурӯҳҳои маҳрум, бартарӣ медиҳад. Аммо баҳсбарангезтарин бахши ин қонун ихтисоси 30 дарсад аз мансабҳо ба фарзандони қурбониёни ҷанги Бангладеш алайҳи Покистон дар соли 1971 аст.

Ин қонун дар соли 1972 аз сӯи раҳбари истиқлоли Бангладеш, Шайх Муҷибурраҳмон, падари Шайх Ҳасина ироа шуд ва сипас дар соли 2018 зери фишори эътирозҳои донишҷӯён бозбинӣ шуд.

Аммо дар моҳи июн Додгоҳи олии Бангладеш ин ислоҳотро бекор кард ва ба ҳукумат дастур дод, то саҳмияи мансабҳои давлатиро, ки барои наздикону пайвандони муборизон ҷудо шуда буд, ба ҳолати иҷро дарорад.

Ба гузориши хабаргузории "Ассошиэйтед пресс", талошҳои ҳукумат барои саркӯби эътирозҳо, барқарории ҳукумати низомӣ ва қатъи интернет натиҷаи баръакс дод ва боиси хашми бештар шуд, зеро наздик ба 300 нафар кушта шуданд ва боиси дархостҳо барои поён додан ба 15 сол қудрати Шайх Ҳасина шуд.

Дар ҷараёни даргириҳои эътирозгарон бо мақомоти амниятӣ ва фаълони ҳизби ҳоким дар саросари кишвар дар рӯзи якшанбе наздик ба 100 нафар кушта шуданд.

Шайх Ҳасинаи 76-сола дар моҳи июни имсол дар интихоботе, ки аз сӯи мухолифон таҳрим шуда буд, барои чаҳорумин бори пайдарпай нахуствазири Бангладеш шуд.

Бар асоси гузоришҳо, ҳазорон тан аз мухолифон пеш аз баргузории интихобот, ки ҳукумат онро демократӣ медонист, боздошт шуданд.

Шайх Ҳасина тӯлонитарин гузаштаи раҳбарӣ дар таърихи Бангладешро дорад. Ӯ аз соли 1996 то соли 2001 ва аз соли 2009 то 2024 дар мақоми нахуствазири Бангладеш кор кардааст.