Саида Муниева, мудири кафедраи "Дерматовенерология бо курси косметология" яке аз аъзои ин гуруҳи корӣ аст. Ӯ дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт: "Санҷиши мо нишон дод, ки бисёри вақт мутахассисон аз соҳаи косметология маълумоти пурра надоранд. Нафароне, ки сертификати косметолог-эстет доранд, онҳо намедонанд, ки ҳақ надоранд ҳар гуна сӯзандору кардаву амалиёти косметологиро гузаронанд. Онҳо худашон иқрор шуданд, ки мо инро намедонистем," - афзуд вай.
Дар Тоҷикистон сол то сол бозори косметологҳо ё онҳое, ки ба тағйири чеҳраву андоми бонувони зебоипараст машғуланд, ниҳоят гарм мешавад. Духтарони зиёде мехоҳанд бо роҳи сӯзандору ва ҷарроҳӣ шакли лаб, пӯст ва чашму рӯйи худро тағйир диҳанд. Аммо на ҳамеша ин корро муттахассисон ё ҷарроҳони касбӣ анҷом медиҳанд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Фуад Реда, ҷарроҳи пластикӣ дар клиникаи ороишии "Промо Италия" мегӯяд, бархе аз муштариён назди онҳо бо оризаҳои гуногун меоянд, ки дар натиҷаи амали номуваффақи баъзе ба ном косметологҳо анҷом медиҳанд.
"Ман дар бораи нафароне ҳарф мезанам, ки танҳо курсҳои ду-семоҳаро хатм карда, ба ҷарроҳие даст мезанад, ки бисёр ҷиддӣ аст ва, ба ақидаи ман, бе доштани маълумоти тиббӣ анҷом додани он комилан нодуруст аст. Моҳе пеш духтаре ба мо муроҷиат кард, ки лабаш некроз шуда буд. Нафаре дар кадом кошонаи ҳусне ба лабонаш вазелин пур кардааст. Ин комилан хатарнок аст", - мегӯяд Фуад Реда.
Солҳои ахир чанд мавриди бо марг анҷом ёфтани ҷарроҳиҳо ҳам пурсару садо шуда буд. Ба гуфтаи мутахассисон, сабаб ин будааст, ки чунин амалҳоро афроде анҷом медиҳанд, ки маълумоти олии тиббӣ надоранд ва бо хатми як курси кутоҳ ба ин кор машғул шудаанд.
Ба ақидаи Робия Аҳмадова, табиби ороишгар, косметологҳо аввал бояд духтур бошанд, баъдан табиби ороишгар. "Яъне бояд, ки қаблан фикри саломатиро кунанд, баъдан зебоиро", - илова кард ӯ.
Мутахассисон пешниҳод доранд, ки дар иҷозатномаи корӣ барои косметологҳое, ки курсҳои кӯтоҳмуддатро онлайнӣ ва назди дигар нафарон мехонанд, ҳатман самти кор мушаххасан навишта шавад.
"Дар ҳамон ҳуҷҷат номгӯи ҳамон раванде, ки ин косметолог-эстет ҳақ дорад барои гузаронидан бояд навишта шавад. Масалан, табибон ба ҳар гуна амалиёт ҳақ доранд. Дар сурати сар задани ягон ориза ё ягон нофаҳмӣ байни косметолог-эстет ва муштарӣ, косметолог-эстет ҷавобгӯ намешавад. Ман ҳам пешниҳод кардам, ки ин масъала ҳам дида шавад", -гуфт Саида Муниева.
Феълан дар ҷумҳурӣ 17 маркази косметологӣ фаъолият дорад - 11 марказ дар шаҳри Душанбе ва шаш марказ дар Хуҷанд. Тасмими таъсиси анҷуман дар ҳоле гирифта шудааст, ки феълан дар Тоҷикистон хоҳишмандон метавонанд бо нархи арзон дар бархе аз ороишгоҳҳо ва ҳатто дар шароити хона дилхоҳ амал ё ҷарроҳии косметологӣ кунанд, ки ба қавли мутахассисон, ғайри қобили қабул аст.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Дар Душанбе дари 35 кошонаи ҳуснро бастанд. ВИДЕОТатуаж ё холкӯбиҳои давраи имрӯз