Эрон ва"Ҳизбуллоҳ" аз посухи қатъӣ гуфтанд. Нетаняҳу: "Ба ҳар сенарио омодаем"

Ҳасан Насруллоҳ, дабири кулли "Ҳизбуллоҳ"-и Лубнон гуфтааст, ки ин гурӯҳ ба қатли як фармондеҳи баландпояш тавассути Исроил, посухи қатъӣ хоҳад дод. Мақомоти Эрон ҳам гуфтанд, ки посухи ин кишвар ба қатли Исмоил Ҳания дар Теҳрон, ҳатмӣ хоҳад буд.

Ҳасан Насруллоҳ дар як суханронии телевизионӣ барои маросими ҷанозаи Фуод Шукр, аз фармондеҳони "Ҳизбуллоҳ" гуфт, ки посух ба куштани Фуод Шукр қатъӣ ва ғайри қобили баҳс аст ва Исроил ва онҳое, ки аз он ҳимоят мекунанд, қатъан бояд мунтазири посухи баъдӣ бошанд.

Дабири кулли "Ҳизбуллоҳ"-и Лубонон дар идомаи суханронии худ таъкид кард, ки набард бо Исроил вориди марҳилаи "наве" шудааст. Ҳасан Насруллоҳ гуфт, "ба гиря хоҳед афтод, чун намедонед аз кадом хатти сурх убур кардаед".

Дабири кулли "Ҳизбуллоҳ"-и Лубнон таъкид кард, ки "танҳо роҳи ҳал", поёни ҷанг дар Ғазза аст.

Дар пайи кушта шудани Исмоил Ҳания дар Теҳрон, мақомоти сиёсӣ ва интизомии Эрон ҳам ба такрор таъкид кардаанд, ки посухи онҳо ба Исроил ҳатмӣ хоҳад буд.

Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил рӯзи панҷшанбе гуфт, ки ин кишвар барои муқобила бо ҳар гуна "таҷовуз"-и эҳтимолӣ ба хоки худ ба баҳонаи интиқоми кушта шудани раҳбарони гурӯҳи "Ҳамос" ва "Ҳизбуллоҳ", омода аст.

Нахуствазири Исроил дар баёнияе эълон кард, "Исроил дар сатҳи болое аз омодагӣ барои ҳар сенарияе қарор дорад".

Дар ҳамин ҳол, вазири корҳои хориҷии Исроил рӯзи панҷшанбе дар шабаки Х хитоб ба Ҳасан Насруллоҳ навишт, "қабл аз ин, ки баҳои сангине бипарзодӣ, ба таҳдид поён бидеҳ".

Кишварҳои узви Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид ҳам хостори афзоиши талошҳои дипломатӣ барои пешгирӣ аз густариши ҷанг дар Ховари Миёна пас аз террори Исмоил Ҳания дар Теҳрон ва кушта шудани Фуод Шукр дар қисмати ҷанубии Бейрут шуданд.

Исроил масъулияти қатли фармондеҳи "Ҳизбуллоҳ"-ро ба душ гирифта, аммо дар робита ба қатли Исмоил Ҳания ибрози назар накардааст.

Исмоил Ҳания ки барои маросими савгандёдкунии Масъуд Пизишкиён, раиси ҷумҳури нави Эрон ба Теҳрон сафар карда буд, субҳи чаҳоршанбе кушта шуд.

Ин ҳодиса ва низ ҳодисаи кушта шудани Фуод Шукр, аз фармондеҳони "Ҳизбуллоҳ"-и Лубнон дар шомгоҳи сешанбеи ҳамин ҳафта, нигарониҳоро дар бораи густариши ҷанги Ғазза ва табдили он ба ҷанги минтақаӣ дар Ховари Миёна бештар кардааст.