Фахриддин Мадкамов рӯзи якуми август дар шиноварӣ ба масофаи 50 метр байни мардон дар гурӯҳи худ бо натиҷаи 26.23 сония аввалин шуда ба марра расид. Аммо ин натиҷа ба ӯ имкон надод, ки ба марҳилаи ниманиҳоӣ роҳ пайдо кунад, зеро дар гурӯҳҳои дигар натиҷаҳои беҳтар ба қайд гирифта шуд.
Ба ин тартиб, дар мусобиқот аз рӯи барномаи Бозиҳои 33-юми тобистонаи олимпӣ аз 14 варзишгари тоҷик то ҳоло як нафар – Сомон Маҳмадбеков – медал ба даст овардааст. Ӯ дар мусобиқоти ҷудо дар вазни то 81 кило баъди ду пирӯзӣ бар рақибонаш аз Фаластин ва Нидерланд ба даври чорякниҳоӣ роҳ ёфт. Аммо паҳлавони тоҷик дар чорякфинал аз қаҳрамони секаратаи ҷаҳон Тато Григалашвилии гурҷӣ мағлуб шуд.
Маҳмадбеков муборизаро дар даври тасаллобахш идома дода, бар паҳлавони узбек Шарофиддин Болтабоев ғолиб омад. Сомон барои медали биринҷӣ бар Антонио Эспозитои итолиёӣ дастболо шуд.
Дарвоқеъ, Сомон Маҳмадбеков пас аз 16 сол дастоварди паҳлавони маъруфи тоҷик Расул Боқиевро, ки соли 2008 дар Олимпиадаи Пекин дар риштаи ҷудо дар вазни то 73 кило барандаи медали биринҷӣ гардида буд, такрор кард.
Ҳамин тариқ, ҳафт варзишгари тоҷик – муштзанҳо Баҳодур Усмонов дар вазни то 63,5 кило ва Миҷгона Самадова дар вазни то 57 кило, ҷудокорон Эмомалӣ Нуралӣ дар вазни то 66 кило, Беҳрӯзи Хоҷазода дар вазни то 73 кило, Комроншоҳи Устопириён дар вазни то 90 кило, Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни то 100 кило; Фахриддин Мадкамов дар - шиноварӣ ба масофаи 50 метр миёни мардон - рақобатҳои худро бе медал ба анҷом расониданд.
Муштзани тоҷик Давлат Болтаев бошад, муборизаро дар Олимпиадаи Порис идома медиҳад. Вай, ки 28-уми июл дар мусобиқоти бокс дар аввалин рақобаташ дар вазни то 92 кило бар Георгий Кушиташвили аз Гурҷистон бо ҳисоби 3:2 пирӯз гардид, ба даври чорякниҳоӣ роҳ ёфт.
Рақиби Болтаев дар чорякфинал Ҷек Марлейи 21-сола аз Ирландия мебошад. Рақобати ҳарду 2-юми август соати яки шаб бо вақти Душанбе доир мегардад.
Боз як паҳлавони тоҷик - Темур Раҳимов - дар риштаи ҷудо дар Олимпиадаи Порис рақобат хоҳад кард. Вай дар вазни беш аз 100 кило, ки дар даври аввал озод аст, 2-юми август дар даври дувум бо ғолиби ҷуфти Эрик Абрамов аз Олмон ва Одхуу аз Муғулистон қувва меозмояд.
Екатерина Бордачёва дар шиноварии тарзи озод ба масофаи 50 метр миёни занон 3-юми август ҳунарнамоӣ хоҳад кард.
Фаворис Музрапов дар Олимпиадаи Порис дар риштаи варзиши сабук 3-юми август аввалин рақобаташро дар давидан ба масофаи 100 метр баргузор мекунад.
Виктор Рассадин дар риштаи гуштии озод дар вазни то 74 кило 9-уми август аввалин рақобаташро дар Бозиҳои олимпии Порис баргузор менамояд.
Мунира Абдусаломова дар риштаи таэквондо 10-уми август дар аввалин рақобаташ дар вазни беш аз 67 кило иштирок хоҳад кард.
ЧИН ДАР ОЛИМПИАДАИ ПОРИС ПЕШСАФ АСТ
Дар мусобиқот аз рӯи барномаи Олимпиадаи Порис беш аз 10 ҳазор варзишгар аз 205 кишвари ҷаҳон ширкат меварзад. Варзишгарон барои 329 маҷмӯи медалҳо аз рӯи 32 намуди варзиш мубориза мебаранд.
То ҳоло варзишгарони 48 кишвар медал ба даст овардаанд, аз ҷумла намояндагони 28 кишвар бо медалҳои тилло сарфароз гардидаанд.
Дастаи мунтахаби Чин дар ҳисоби медалҳо бо назардошти сифати онҳо дар ҷойгоҳи аввал аст. Варзишгарони ин кишвар 21 медал, аз ҷумла 10 нишони тилло гирифтаанд.
Мунтахаби Фаронса бо касби 26 медал, ки ҳашттоаш тиллост, дар зинаи дувум мебошад. Мунтахаби Ҷопон бо касби 15 медал, минҷумла ҳашт нишони тилло мақоми севумро соҳиб шудааст.
Ба даҳгонаи аввал, инчунин дастаҳои мунтахаби Австралия, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Британияи Кабир, Кореяи Ҷанубӣ, Италия, Канада ва Олмон дохиланд.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон, инчунин тимҳои Австрия, Миср, Юнон ва Словакия бо яктоӣ медали биринҷӣ дар ҷойгоҳи 44-ум қарор доранд.
ҶОИЗАҲО БА ҒОЛИБОНИ ОЛИМПИАДАИ ПОРИС
Дар асоси низомномаи Ҷоизаи президенти Тоҷикистон варзишгароне, ки дар Бозиҳои олимпӣ медали тилло мегиранд, ба маблағи 300 000 сомонӣ мукофотонида мешаванд. Барои медали нуқраи олимпӣ ҷоизаи молӣ ба маблағи 250 000 сомонӣ ва барои медали биринҷӣ 200 000 сомонӣ муқаррар шудааст.
Ҳамчунин бо қарори раиси шаҳри Душанбе ба онҳое, ки дар Олимпиадаи Порис-2024 барандагони медали тилло мешаванд, манзили сеҳуҷрагӣ, медали нуқра - дуҳуҷрагӣ ва медали биринҷӣ манзили якҳуҷрагӣ тақдим мегардад.
Дар зимн, варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистони аз соли 1996 ширкат варзида, то имрӯз панҷ медал (1 тилло, 1 нуқра ва 3 биринҷӣ) ба даст овардаанд. Аммо дар Олимпиадаи Токио-2020 варзишгарони тоҷик натавонистанд медал бигиранд.