Ба нақли чанд ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ, ки аз бозори сиёҳи маводи мухаддир огоҳ ҳастанд ва ҳам нусхаҳои парвандаҳое, ки дастраси мо шуд, даҳҳо ҷавони тоҷик дар шаҳру вилоятҳои Русия барои пайдо кардани ҷои кор вориди интернет шуда бо хондани эълони «кори осон» дар банди қочоқбарони маводи мухадир афтодаанд. Тавре бархе аз онҳо нақл мекунанд, дар аксари ҳолат ин «ҳамкорӣ» ҷавононро ба кунҷи зиндон мекашонад.
Гуфта мешавад, дар маҳбасҳои Русия аксар шаҳрвандони синни 17 то 40-сола бо ин ҷурм маҳкум шудаанд. Шумори дақиқи шаҳрвандони Тоҷикистон дар зиндонҳои Русия маълум нест, вале соли 2021 омори расмӣ то 10 ҳазор нафар гуфта мешуд. Бовар меравад, ки бисёре аз онҳо маҷбурӣ ё ихтиёрӣ аз зиндон ба ҷанги зидди Украина бурда шуданд ва марги 20 нафари онҳо расонаӣ шудааст.
Корафтодагон мегӯянд, дар интернет эълонҳои ба мисли "кори осон”, “рӯзи корӣ аз 5 то 15 ҳазор рубл»-ро мебинанду ворид шуда ба суолу ҷавоб пардохта бо пешниҳоди «кори осон» тариқи интернет таҳти амру дастури кордеҳ ё худ қочоқбар қарор мегирад.
Тавре дар нусхаҳои парвандаҳо мехонем, ҳуввияти ин зумра қочоқбарон барои мақомоти Русия ошкор карда нашудаанд ва аз онҳо дар санадҳо «шахсони барои тафтишот муқарраркарданашуда» ё «шахси аз ҷониби тафтишот номаълум» зикр шудааст.
Саидаҳмад Бобоҷонов ва Отабеки Аъзамҷон - ду муҳоҷири тоҷик дар моҳи декабри соли 2022 тариқи «WhatsApp» бо дидани эълони кори осон ва бо подоши аз 500 то 1500 рубл барои як пинҳонгоҳ бо масъули гуруҳи фурӯши интернетии маводи мухаддир дар тамос шуда таҳти таъсири сардори гурӯҳ дар Тюмен ба фурӯши бастаҳои кӯчаки маводи мухадири навъи «ҳашиш, метадон, долофин» машғул шудаанд.
Тавре дар нусхаи парвандаи ҷиноӣ зикр шудааст, онҳо маблағҳои худро тавасути интернет аз «ҶСМ Сбербанк» мегирифтаанд ва дар моҳи декабри соли 2022 ҳарду дар назди пинҳонгоҳи бастаҳои маводи мухаддир аз ҷониби мақомоти интизомии Тюмен боздошт шуда ба муҳлати 7 ва 8 соли зиндон маҳкум шудаанд.
Саидаҳмад Бобоҷонов ва Отабеки Аъзамҷон, тавре дар парванда зикр шудааст, дар мурофиаи додгоҳӣ гуфтаанд, аз вуҷуди маводи мухаддир дар бастаҳои пинҳонгоҳҳо хабар доштанд, вале бинобар мушкили молӣ огоҳона ба ин роҳ рафтаанд.
Як шаҳрванди Тоҷикистон, ки аз ҷараёни мурофиаи додгоҳии Саидаҳмад ва Отабек огоҳ аст, бидуни зикри номаш гуфт, дар маҳбаси Тюмен то 80 нафар муҳоҷири тоҷик нигаҳдорӣ мешаванд, ки бо ваъдаи «пайдо намудани кори осон ба доми қочоқбарони интернетӣ афтодаанд”.
Ҳамсуҳбатони мо мегӯянд, яке аз омилҳои фиреб хӯрдану боздошт ва ба зиндон маҳкум шудани ҷавонон ҳамкории мақомоти интизомии Русия бо қочоқбарони барои тафтишот муқарарнашуда мебошад.
Шуҳрат Қудратов, ҳомии муҳоҷирони тоҷик дар як суҳбати саҳифаи YouTube-аш мегӯяд, таи ду соли ахир чанд ҷавони тоҷик шикоят кардаанд, ки онҳоро тариқи WhatsApp ва Телеграмм ба кори осон ва музди хуб ҷалб намуда барои интиқоли бастаҳое, ки баъдтар фаҳмидаанд, ки дарунашон маводи мухадир будааст, фиреб додаанд.
Вакили мудофеъ гуфтааст, ин афродро ҳамагӣ даҳ рӯз барои интиқоли бор ба ҷойҳои торики мисли ҷангалу биноҳои нимсохта истифода мекунанд ва баъд барои ошкор нашудани амали қочоқи маводи мухаддирашон ба мақомоти пулис “фурӯхтанд” ё ба истилоҳ “подстава” кардаанд. Вай аз шаҳрвандоне, ки тоза ба Русия меоянд, даъват кардааст, ки фирефтаи чунин эълонҳо нашаванд ва ба умеди пайдо кардани пули осон ба доми қочоқбарон наафтанд.
Талошҳои мо барои ворид шудан ба саҳифаҳои эълони «кори осон»-и гурӯҳҳои қочоқбар натиҷа надод, зеро, ба қавли ҳамсуҳбатони мо, онҳо калидвожа ё коди махсус доранд ва ба рақамҳои телефон ҷиддан аҳамият медиҳанд, ки аз куҷо ба онҳо занг мезананд.
Агар қочоқбароне, ки дар вилояти Тюмен ба фурӯши интернетии бастаҳои маводи мухаддир машғул ҳастанд, мутаваҷҷеҳи рақаме шаванд, ки аз қаламрави вилоят ё шаҳри дигар тамос мегиранд, посух намедиҳанд.
Як шаҳрванди Тоҷикистон, ки тоза аз зиндони Русия раҳо шудааст, бидуни зикри номаш мегӯяд, вақте тавассути барномаи интернетӣ ба хариду фурӯши маводи мухаддир машғул мешаванд, сардори гуруҳ дастур медиҳад, ки “рав, аз фалон нуқта миқдори маводи мухаддирро ба фалон нуқта (одатан дар ҷангалҳо) бурда ҷойгир кун”. Ӯ барои иҷрои ин супориш меравад, бехабар аз он ки кормандони пулис интизорашон ҳастанд ва ҳамон замон боздошташ мекунанд.
Ҳамсуҳбатони мо мегӯянд, як шаҳрванди 43-сола аз ноҳияи Ҳисор
ҳоло дар маҳбаси Тюмен ба сар мебарад. Ӯ барои 20 кило ҳашиш маҳкум шудааст. «Кормандони пулис дар роҳи мошингард боздошташ мекунанд ва бо вуҷуди кофтукови зиёд, ходимони пулис чизеро пайдо намекунанд, вале дар ҳамин вақт занги телефони яке аз ходимони пулис баланд мешавад. Ӯ дуртар рафта гӯш карда омада гуфт, ки "товар у него в трусах" (бор дар даруни таҳпушаш аст) ва бастаи 27 грамми маводи мухадирро ошкор карданд”. Ба нақли ӯ, баъди кофтукоб дар маҷмғъ 20 кг ҳашишро ошкор мекунанд.
Таҳлилгарон ва ашхоси огоҳ мегӯянд, аз як тараф мушкили молӣ ва ниёзмандӣ шаҳрвандони тоҷикро ба ин роҳ мекашонад ва аз сӯи дигар, онҳо аз ноогоҳӣ ва барои дарёфти пули гуё осон фирефтаи қочоқбарони ношинос мешаванд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Як рэпсаро дар Душанбе барои навори таҳқири мақомдорон боздошт шудРаиси Думаи давлатии Русия пешниҳоди нави рондани муҳоҷиронро пазируфтЯк дарди ҷиддии Афғонистон авҷ мегирад