Дар Деҳаи олимпӣ, воқеъ дар шимоли Париж, беш аз 14 ҳазор нафар, аз ҷумла 9 ҳазор варзишгар зиндагӣ мекунанд. Дар деҳа 40 бинои гуногуни истиқоматии камошёна, инчунин иншооти таълимӣ, толорҳои варзишӣ, дармонгоҳ ва маркази зиддидопинг мавҷуданд. Ба сокинони деҳа 4000 корманд ва тақрибан 1500 нафар ихтиёриён хидмат мерасонанд.
Бозиҳои XXXIII тобистонаи олимпӣ дар пойтахти Фаронса аз 26-уми июл то 11-уми август баргузор мешаванд. Варзишгарон аз 206 кишвари ҷаҳон барои 329 маҷмуи медалҳо дар 32 намуд рақобат мекунанд.
Дар Олимпиадаи Париж Тоҷикистонро 14 варзишгар - шаш нафар дар риштаи ҷудо, се кас дар намуди бокс, якнафарӣ дар риштаҳои таеквондо ва гуштии озод, инчунин ду шиновар ва як даванда намояндагӣ хоҳанд кард.
Дар ҳамин ҳол дувоздаҳ варзишгари тоҷик - Эмомалӣ Нуралӣ, Беҳрӯзи Хоҷазода, Сомон Маҳмадбеков, Комроншоҳ Устопириён, Ҷаҳонгир Маҷидов ва Темур Раҳимов - дар риштаи ҷудо; Баҳодур Усмонов, Миҷгона Самадова ва Давлат Болтаев - дар риштаи бокс; шиноварон Екатерина Бордачева ва Фахриддин Мадкамов, инчунин даванда Фаворис Музрапов - дар Деҳаи олимпии Париж қарор доранд.
Ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ду варзишгари тоҷик - Мунира Абдусаломова дар риштаи таэквондо ва Виктор Рассадин дар намуди гӯштии озод, ки сабқаташон дертар баргузор мешавад, рӯзи 31-уми июл ба Париж мераванд.
Ҷадвали оғози рақобатҳои варзишгарони тоҷик дар Олимпиадаи Париж-2024 (бо вақти Душанбе):
27-уми июл (шанбе)
Бокс - 63,5 кг. 1/16 финал. Баҳодур Усмонов, 20:00
28-уми июл (якшанбе)
Ҷудо. -66 кг. Эмомалӣ Нуралӣ, 13:00
Бокс. -92 кг. 1/8 финал. Давлат Болтаев, 15:00
29-уми июл (душанбе)
Ҷудо. -73 кг. Беҳрӯзи Хоҷазода,13:00
30-юми июл (сешанбе)
Ҷудо. - 81 кг. Сомон Маҳмадбеков, 13:00
Бокс. -57 кг. 1/16 финал. Миҷгона Самадова, 16:00
31-уми июля (чоршанбе)
Ҷудо. -90 кг. Комроншох Устопириён, 13:00
1-уми август (панҷшанбе)
Ҷудо. -100 кг. Ҷаҳонгир Маҷидов, 13:00
2-юми август (ҷумъа)
Ҷудо. +100 кг. Темур Раҳимов, 13:00
Шиноварӣ. 50 м (тарзи озод). Фахриддин Мадкамов.
3-юми август (шанбе)
Дав. 100 м. Фаворис Музрапов, 13:45
Шиноварӣ. 50 м (тарзи озод). Екатерина Бордачева, 14:00
9-уми август (ҷумъа)
Гуштии озод. -74 кг. Виктор Рассадин, 14:30
10-уми август (шанбе)
Таэквондо. +67 кг. Мунира Абдусаломова, 12:00
Коршиносони соҳа аз варзишгарони тоҷик дар Олимпиадаи Париж-2024 дар ду ришта – бокс ва ҷудо – медал интизоранд. Чунончи, Мавзуна Чориева, барандаи медали биринҷии Олимпиадаи Лондон-2012 дар риштаи бокс, бо боварии комил изҳор доштааст, ки ба пирӯзии Эмомалӣ Нуралӣ, Беҳрӯзи Хоҷазода, Сомон Маҳмадбеков ва Темур Раҳимов дар риштаи ҷудо, инчунин Миҷгона Самадова, Баҳодур Усмонов ва Давлат Болтаев дар риштаи бокс умед дорад.
Темур Раҳимов, паҳлавони шинохта, парчамбардори ҳайати варзишии Тоҷикистон дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар Париж интихоб шудааст.
Маросими ифтитоҳи Бозиҳои олимпӣ дар Париж, ки шаби ҷумъаи 26-уми июл баргузор шуда, се соат идома мекунад, бори аввал берун аз варзишгоҳ, атрофи манораи Эйфел ва гашти ҳайатҳо тариқи қайиқ қад-қади дарёи Сена доир мегардад. Масири шашкилометрии гашт намоишҳои фарҳангӣ ва манзараҳои ёдгориҳои Парижро дар бар мегирад.
Дар асоси муқаррароти низомномаи Ҷоизаи президенти Тоҷикистон, варзишгароне, ки дар Бозиҳои олимпӣ медали тилло мегиранд, ба маблағи 300 000 сомонӣ мукофотонида мешаванд. Барои медали нуқраи олимпӣ ҷоизаи молӣ ба маблағи 250 000 сомонӣ ва барои медали биринҷӣ 200 000 сомонӣ муқаррар шудааст.
Ҳамчунин бо қарори раиси шаҳри Душанбе ба онҳое, ки дар Олимпиадаи Париж-2024 барандагони медали тилло мешаванд, манзили сеҳуҷрагӣ, медали нуқра - дуҳуҷрагӣ ва медали биринҷӣ манзили якҳуҷрагӣ тақдим мегардад.