"Барои ДОИШ парчам медӯхт". Чанд ҷузъиёти ҳамлагарони Сайвализода дар Кӯлоб

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Дар Кӯлоб муҳокимаи 9 фарди муттаҳам бо тарконидани мошини раҳбари маҳаллии ҳизби ҳоким идома дорад

Додситонии Кӯлоб эълон кард, ки муҳокимаи нӯҳ муттаҳам ба пайравӣ дар ДОИШ ва тарконидани мошини раиси дафтари ҳизби ҳокими Тоҷикистон ба зудӣ ба поён мерасад.

Дар бораи ин парванда Ҳамзаалӣ Музофиров, додситони Кӯлоб рӯзи 23-уми июл дар як нишасти хабарӣ суҳбат кард. Ҳамзаалӣ Музофиров, додситони минтақаи Кӯлоб гуфт, баррасии ин парвандаи пурсарусадо ҳанӯз ниҳоӣ нашудааст. Ӯ гуфт:

“Айни ҳол баррасии парвандаи ҷиноятӣ дар суд рафта истодааст, бе восита дар ин парвандаи ҷиноятӣ ман низ иштирок дорам, айбдоркунандаи давлатиро дастгирӣ дорам, аз тарафи айбдоркунандаи давлатӣ баромад шуд, айни ҳол сухани охирини айбдоршавандаҳо ва ба хонаи машварат даромадани суд мондааст.”

Маълум нест ҷузъиёти парванда чӣ аст ва дар ҷараёни мурофиа айбдоршавандаҳо чӣ мегӯянд. Он чи, ки барои матбуот маълум аст, ин аст, ки мошини хидматии Салим Сайвализода, раиси дафтари Ҳизби халқии демократӣ дар Кӯлоб рӯзи 5-уми январи имсол дар яке аз кӯчаҳои шаҳр таркид ва ӯро захмӣ кард.

Мақомот гуфтанд, 9 нафарро дастгир ва ба терроризм ва даъват ба сарнагун кардани сохти конститутсионӣ муттаҳам карданд. Исм ва дигар ҷузъиёти вобаста ба ҳуввияти гумонбаршавандаҳо, ба ҷуз як нафарашон нашр намешавад.

Додситони Кӯлоб гуфт, ки парванда муҳри махфӣ дорад ва барои ҳамин ҷузъиёташро ошкор намекунад. Ӯ афзуд, дар миёни муттаҳамон як зан низ ҳаст. Ҳамзаалӣ Музофиров, додситони минтақаи Кӯлоб, ки рӯзи 23 июл дар нишасти матбуотии ниҳоди зертобеаш дар баробари хабарнигорон сӯҳбат мекард, гуфт:

“Як нафар зан ҳамон оилаи роҳбари гурӯҳ Маҷидзода аст, аъзои ҳамин даста шуда, байрақи гуруҳи "Давлати исломӣ"-ро дӯхта додааст, бо гуфтаҳои шавҳараш ва ҳаммаслакони шавҳараш амал мекардааст.”

Ба гуфтаи додситони минтақа мумкин аст, то аввали моҳи август ҳукми ин афрод содир шавад.

Парвандаи мазкур дар минтақаи Кӯлоб камсобиқа аст ва ба қавли афроди огоҳ, ҳамин парванда сабаб шуд, чандин афсари баландрутбаи ниҳодҳои қудратии Хатлонро барои ғафлату саҳлангорӣ дар корашон аз мақомашон барканор кунанд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Муҳокимаи ҳафт марду як зан барои таркиши мошин дар КӯлобИзи “ДОИШ-и Хуросон”? Раҳимзода ҳодисаи Кӯлобро “амали террористӣ” номид