Камала Ҳаррис кист ва оё президенти Амрико мешавад?

Камала Ҳаррис дар хонаводаи муҳоҷирон аз Ҳинл ва Ямайка ба дунё омадааст ва дар гузашта додситони аёлати Калифорния буд.

Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико аз сабқати интихоботӣ берун шуд ва аз аъзои Ҳизби демократ даъват кард, ки аз номзадии муовинаш Камала Ҳаррис пуштибонӣ кунанд.

Вақте Ҷо Байден, соли 2021 ба ҳайси раиси ҷумҳури Амрико савганд ёд кард, Камала Ҳарис аввалин зане буд, ки ба мақоми муовини раиси ҷумҳур пазируфта шуд. Ва аввалин зан, ки волидонаш сиёҳпӯст ва осиёӣ ҳастанд. Дар суханронии пас аз пирӯзӣ дар интихоботи соли 2020 ба роҳи паймудааш ишора кард.

Камалла Ҳаррис: "Шояд ман аввалин зан дар ин мақом бошам, вале охирин нахоҳам буд, зеро ҳар духтараке, ки моро тамошо дорад, мебинад, ки инҷо кишвари имконот аст."

Камалла Ҳарис дар мақоми муовини президент, асосан паси саҳна кор мекард. Байден ба ӯ дастур дода буд, ки буҳрони муҳоҷират аз марзҳои ҷанубӣ ба Амрикоро ҳал кунад, ки аз назари бисёриҳо як масъалаи ҳалношуданӣ аст. Кори ӯ ҳам дар ин замина муваффақияти назаррасе надоштааст. Вале баъдан дар масъалаи сиёсати хориҷӣ нақши муҳиме гирифт ва ҳайати Амрикоро дар конфронси сулҳи Украина дар Швейтсария раҳбарӣ кард.

Камала Ҳаррис: "Амрико дар канори Украина истодааст, зеро ба манфиати стратегиаш аст. Мо дар канори ҳайатҳои 90 кишвар ҳастем, ки сулҳи одилона дар Украина ба манфиати стратегиашон аст. "

Камалла Ҳаррис соли 1964 дар хонаводаи муҳоҷирон аз Ҳинд ва Ямайка ба дунё омадааст. Ӯ ҳуқуқшиносӣ хонда, ба ҳайси муфаттиш кор карда ва ба мақоми додситони зодгоҳаш аёлати Калифорния расидааст. Ӯро дар мубориза бо ҷинояткорӣ сахтгир номидаанд, вале айни замон барои беаҳамиятӣ ба бераҳмии пулис ва нобаробарии нажодӣ танқид кардаанд.

Аз курсии додситон ба курсии вакили порлумон

Соли 2017 вакили аёлати Калифорния дар сенат, палатаи болоии Конгреси Амрико интихоб шуд. Ду сол баъд худро довталаби номзад ба мақоми раиси ҷумҳур аз Ҳизби демократ ва рақиби Доналд Трамп эълон кард. Бо Байден довталаби дигари ҳизб баҳс ҳам дошт. Баъдан аз рақобат берун шуд, аз номзадии Байден тарафдорӣ кард ва пешниҳоди ӯро барои муовинӣ пазируфт.

USA-ELECTION/HARRIS-SUPPORT

Камала Ҳаррис: "Адолати нажодӣ дар баргаҳои раъйи соли 2020 аст. Номи Ҷо Байден дар баргаҳои раъй аст. Аз ин рӯ ман номзадии Ҷо Байденро ба ҳайси раиси ҷумҳури ояндаи Амрико пешниҳод мекунам."

Ҳангоми корзори интихоботӣ ва баъди он ҳам Доналд Трампро сахт танқид мекард. Бо танқиди баёнияҳои Трамп дар бораи муҳоҷирон, аз номзадии Ҷо Байден ҳимоят мекард, агарчӣ баъзеҳо мехостанд, ӯ канор биравад.

Камала Ҳаррис: “Касе, ки муҳоҷиронро бадном мекунад, касе, ки бегонаситезиро ривоҷ медиҳад, нафрат ва тарс бармеангезад, ҳеч гоҳ набояд ба микрофон ва мӯҳри президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико даст ёбад.”

Доналд Трамп ҳам ин гуфтаҳоро бепосух намонда, дар суханрониҳои ахираш Камала Ҳаррисро як сотсиалистии чапгарои тундрав номидааст.

Доналд Трамп: “Ман фикр намекунам, сотсиализми Камала Ҳаррис ба мардуми Дорал, Майамӣ ва Флорида хуш биёяд, зеро мо дар Флорида сотсиализмро хуш надорем. Мо озодиамонро мехоҳем. Магар не? Мо озодии худро мехоҳем.”

Камала Ҳаррис ҳамчунин тарафдори сахти ҳуқуқи занон ба исқоти ҷанин аст, ки бисёри амрикоиҳо ҳам онро мехоҳанд. Назарсанҷиҳо нишон додаанд, сеяки амрико мухолифи қарори Додгоҳи олӣ ҳастанд, ки занонро аз ҳаққи исқоти ҷанин маҳрум кард.

Камала Ҳаррис: “Духтарони мо имрӯз назар ба модаркалонҳояшон ҳуқуқи камтар доранд. Ин як бӯҳрони тиббӣ аст ва ҳамаи мо медонем, гунаҳкораш кист. Доналд Трамп.”

Камала Ҳаррис ба Даг Эмҳоф, як ҳуқуқшинос издивоҷ кардааст. Ду фарзанди Эмҳоф, модарандарошонро “Момала” ном мебаранд.

Дар назарсанҷиҳо, Камала Ҳаррис, мисли Байден, тарафдори камтаре дорад, вале ҳоло бояд дид, дар корзори босуръат тағйирёбандаи интихоботӣ ӯ чӣ гуна дили раъйдиҳандагонро ба даст меорад.