Ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон бо гузашти 10 рӯз аз бодошти Шокирҷон Ҳакимов иттилои расмиро дар мавриди боздошти ӯ нашр накардаанд. Ҳакимов рӯзи 12-уми июл ҳангоми даъват ба Додситонии кул боздошт шуд.
Манобеи Радиои Озодӣ қаблан гуфта буданд, ки боздошти Ҳакимов ба таҳқиқи парвандаи Саидҷаъфар Усмонзода, раиси пешини Ҳизби демократӣ ва намояндаи парлумони Тоҷикистон, ки бо "кӯшиш барои табадуллоти давлатӣ" муттаҳам аст, рабт дорад.
Парвандаи ӯ зери муҳри махфӣ аст. Аз ин рӯ, эҳтимолан, ҷузъиёти иттиҳомот алайҳи сиёсатмадори мухолиф ба ин зудӣ расонаӣ нахоҳад шуд.
Аммо, аз ҳамин ҳоло возеҳ аст, ки боздошти Ҳакимов боиси эҳсоси манфӣ дар миёни мардум, ба вижа фазои хабарӣ хоҳад шуд, чун Шокирҷон Ҳакимов аз шумори шореҳони воқеаҳои сиёсӣ буд ва дар баҳсҳои муҳими ҷамъиятӣ иштироки фаъол дошт.
Намоди низоми мардумсолор
"Ба назари ман, ҳузури сиёсатмадороне чун Шокирҷон Ҳакимов ҳамеша барои ҳукумати Тоҷикистон муҳим буд. Ҳуқуқшиноси варзида, ки ҳамеша дар мавриди рухдодҳои муҳим назарашро бо як тамкин баён мекард ва бо дар назар гирифтани вазъи мавҷуд ихтилофи худро нишон медод, намоди мардумсолории рафта буд. Дар Душанбе ҳамеша метавонистанд ҳангоми интиқоди шарикони байналмилалӣ барои набуди мардумсолории лозим ба чунин афроде, ки назари худро ошкоро баён мекунанд ва таъқиб намешаванд, ишора кунанд. Аммо, ба назар мерасад, ҳоло низом ба пойдории худ бовар надорад ва ҳатто дар чеҳраи Ҳакимов хатари ҷиддӣ мебинад",-мегӯяд сиёсатшинос тоҷики муқими Амрико Азиз Нуруллоев.
Нуруллоев шубҳа дорад, ки Шокирҷон Ҳакимов дар ҳар тавтеае даст дошта бошад "зеро ӯ як чеҳраи матраҳ дар низоми тақрибан иқтидоргаро буд" ва инро хеле хуб медонист.
"Талоши ба истилоҳ табаддулоти Усмонзода саволҳои зиёде дар пай дорад, ки мақомот то ҳол бепосух мондаанд. Чунин тасаввур ба вуҷуд меояд, ки Додситонии кулли Тоҷикистон талош дорад бо ин амалкарди худ аз афроди бо мавқеи сиёсии боқимонда халос шавад”,-мегӯяд Хайруллоев.
Назари Додситонии кул ва ниҳодҳои дигари ҳифзи ҳуқуқ дар ин маврид номаълум аст. Коршиносон ва нозирон дар дохили Тоҷикистон бо таваҷҷуҳ ба "хусусияи хос" доштани пурсиш, аз суҳбат бо Радиои Озодӣ худдорӣ карданд.
Мухолифи охирин
Шокирҷон Ҳакимови 58-сола дар Конибодом таваллуд шудааст. Ӯ доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ ва муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон аст. Дар интихоботҳои солҳои 2010 ва 2015 аз ҳавзаи Конибодом номзад ба Маҷлиси намояндагон буд. Соли 2010 тавонист интихоботро ба даври дуввум кашонад, аммо Кумитаи марказии интихобот Насрулло Маҳмудзодаро (Маҳмудов) баранда эълом кард.
Ҳакимов борҳо дар суҳбат бо Радиои Озодӣ аз он шикоят мекард, ки бо доштани таҷриба ва дониш, ба хотири мавқеи сиёсиаш дар ҳеч донишгоҳ ба кор пазируфта намешавад.
"Саркӯби тадриҷӣ"
Алим Шерзамонов, муовини Паймони миллӣ (фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ аст) ва ҳамҳизби собиқи Шокирҷон Ҳакимов мегӯяд, боздошти сиёсатмадор натиҷаи амали ҳадафманди мақомот дар ростои саркӯби мухолифон аст.
"Аён аст, ки мақомот ба таври марҳилаӣ аз ҳамаи мухолифон ва мунтақидон халосӣ меҷӯяд. Замоне, ки ҲНИТ дар кишвар фаъолият мекард, шахсиятҳои сиёсӣ ҳузур доштанд ва дар ВМКБ қишри мухолифи қобили таваҷҷуҳ вуҷуд дошт, мақомот ба худ чунин амалҳои баландпарвозона иҷоза намедод. Ин вазъ ба расонаҳои мустақил, сиёсатмадорон, блогнависон ва ғайра имкон медод, то сари по бошанд. Ҳоло, ки рақибони аслӣ нестанд, афроди зиёд, аз ҷумла, тарафдорони низом саркӯб мешаванд",-мегӯяд Шерзамонов.
Ба гуфтаи вай, мантиқи низоми саркӯбгар чунин аст, ки муддатҳост дар кишвар роиҷ аст ва ҳукумат наметавонад онро боз дорад чун, ба нафъи онҳост.
Далели дигар ноумедӣ
Соли 2015 Ҳакимов ба Кумитаи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР) шикоят бурд ва дархост кард, ки натиҷаи интихоботи парлумонӣ, ки ӯ дар он аз Конибодом номзад буд, лағв ва санаи интихоботи такрорӣ мушаххас шавад. Аммо, КМИР шикояти ӯро нодида гирифт ва рақиби ӯ Равшан Раҷабзода, номзади ҳизби ҳокимро баранда эълон кард.
Фаъоли сиёсӣ Фарҳод Худоёров дар суҳбат бо “Настоящее время. Азия" гуфт, боздошти сиёсатмадороне чун Ҳакимов дар оянда далели изофӣ барои ноумедӣ ва ифротӣ шудани мардум хоҳад шуд.
"Мақомоти Тоҷикистон бо боздошти мунтақидон ва рақибони сиёсии худ боварии мардумро ба ҳеч мерасонанд. Ман медонам, ки мардуми Тоҷикистон алоқаманди гӯш кардани назари ҷойгузин дар мавриди ин ё он воқеа буданд ва ин барои ҳукумат муҳим аст. Вақте, ки мардум боздошти фарди донишманде чун Шокирҷон Ҳакимовро мебинанд, аз ҳукумати мавҷуд бештар ноумед мешаванд. Ҳадафи он ҷуз аз таъқиб, тақвияти саркӯб ва эҷоди фазои тарс чизи дигаре нест. Худсонсурӣ дар расонаҳои афзоиш хоҳад ёфт ва касоне, ки назари худро дар расонаҳо баён мекарданд, аз гуфтани андешаашон худдорӣ хоҳанд кард. Ин раванд дар натиҷа боиси бештар ифротӣ шудани мардум хоҳад шуд", - мегӯяд Худоёров.