Аз тамоми фоидаи корхонаи чинии истихроҷи тило ба қариб 150 сокини деҳаи Хумгарони Панҷакент ҳавои ифлосу олуда ва партовҳо насиб мегардад.
“Мо дар ин ҷо чӣ хел зиндагӣ кунем, вақте об ва ҳаво заҳролуданд?” Суол медиҳад яке аз онҳо. “Зиндагӣ чӣ маъно дорад, агар инсон саломатии худро аз даст медиҳад?”
Як гурӯҳ занони хашмгин аз ифлосшавии шадиди деҳаи худ дар натиҷаи кори ширкати "Зарафшон" безор шуда, соли гузашта ба шаҳри Панҷакент рафтанд, то аз номи ин деҳа шикояти расмӣ диҳанд.
Аммо ба ҷои он ки мақомоти маҳаллӣ лоақал ваъдаи баррасии ин масъаларо диҳанд, ба гуфтаи занон, онҳоро ба идораи пулис бурданд ва сахт ҳушдор доданд, ки аз интиқоди тарҳи Чин, ки дар ҳоли густариш дар наздикии деҳаашон аст, даст кашанд.
Зане, ки дар ин бора бо Радиои Озодӣ ба шарти зикр нашудани номаш суҳбат кард, мегӯяд, он ҳушдор чунон таъсире дошт, ки сокинон то ҳоло ҳам аз ҳама гуна шикоят дар бораи корхонаи тило худдорӣ мекунанд.
Вале онҳо дар суҳбатҳои худмонӣ мегӯянд, аз оғози кори ширкати Чин дар соли 2007 мансабдорони давлатӣ ба заҳролудшавии афзояндаи ҳаво, об ва замин чашм мепӯшанд. Як қисми ин заминҳоро ширкат бе иҷозаи онҳо аз худ кардааст.
Пойбандии Тоҷикистон ба сармоягузориҳои Чин сабаб шудааст, ки чунин ширкатҳо аз сарватҳои бузурги зеризаминии Тоҷикистон истифода кунанд ва бо такия ба муносибати хоси ҳукумати Тоҷикистон ба онҳо барои олуда кардани муҳити зист ҷазое нагиранд.
Радиои Озодӣ дар давоми як моҳ чаҳор тарҳи Чин дар Тоҷикистон, аз ҷумла се ширкати истихроҷи маъданро мавриди таҳқиқ қарор дод ва дар ҳамаи онҳо ҳамин бархӯрдро мушоҳида кард.
Замини дуздидашуда?
Як сокини ин деҳа, ки хоҳиш кард, номаш пинҳон монад, ба Радиои Озодӣ замин ва аснодеро нишон дод, ки бино бар онҳо, ширкати Чин замини ӯро барои бунёди полоишгоҳи тило аз они худ кардааст.
Вай мегӯяд, заминашро бе иҷозат аз ӯ гирифта, ҳеч гуна ҷуброне барояш надодаанд ва муроҷиатҳои зиёди ӯ ба мақомоти Панҷакент беҷавоб мондаанд. Чанд бошандаи дигари деҳа низ ҳамин гуна ариза ва заминҳои ишғолшудаи худро нишон доданд.
Полоишгоҳ дар наздикии хонаи деҳотиён ҷойгир буда, дар он аз заҳр фаровон истифода мешавад. Корбурди заҳр ва маводи кимиёии сахттаъсир дар заминҳои кишти чиниҳо низ дида мешавад, ки ҳамчун манбаи сармоягузории хориҷӣ ҳукумат аз шеваи кори онҳо чашм мепӯшад ва ин шеваи кор шаффоф нест.
Мақомот на танҳо онҳоро ҳимоят мекунанд, балки даҳҳо мансабдори давлатии сатҳҳои гуногун, аз ҷумла раҳбарони Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар суҳбат бо Радиои Озодӣ аз тарзи кори ширкати “Зарафшон” ситоиш карданд, ки 70 дарсади тилои Тоҷикистонро истихроҷ менамояд.
Онҳо ҳама гуна шикоятҳоро аз олудагии обу замину ҳаво рад ва аз аҳамияти иқтисодию сармоягузорие, ки ба кишвар зарур аст, ҳимоят мекунанд.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин муҳри табрикии худро ба рӯйи шеваи кори ин ширкат ҳангоми ошноияш бо он дар моҳи июли соли 2023 зад.
"Илтимос, наравед"
Вале як мақоми баландпояи Кумитаи ҳифзи муҳити зист, ки идораи асосӣ дар ин соҳа мебошад, ба шарти ифшо нашудани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, ба ин сохтори давлатӣ амр шудааст, ки аз мушкилоти зистмуҳитиву беҳдоштие, ки ба корхонаи “Зарафшон” рабт мегирад, чашм пӯшанд.
Ӯ, аз ҷумла, гуфт: “Мо инчунин дар заминаи олудагии муҳит шикоятҳо дастрас кардаем, вале агар мо ба корхонаи “Зарафшон” фишори аз ҳад беш гузорем, санҷишу ҷаримаҳоро зиёд кунем, сармоягузори чинӣ метавонад Тоҷикистонро тарк кунад”. Ӯ афзуд, ки “ин барои иқтисоди Тоҷикистон зарар меорад, чун ширкати чинӣ дар давоми шаш моҳи соли 2023 бо арзиши 2,2 миллиард сомонӣ (ё 201 миллион доллар) тило истихроҷ кардааст.
Ӯ гуфт, ки Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-ии кишвар дар ин муддат ба 54 миллиард сомонӣ (ё 4,9 миллиард доллар) баробар шуд. “Акнун бубинед, ки дар сурат нокомии кори ширкат ба иқтисоди кишвар чӣ қадар зиён мерасад”, гуфт мусоҳиби Радиои Озодӣ.
Ин мақом гуфт, ки андозу молиёте, ки аз ҳисоби истихроҷи тило ба даст меояд, қисми калони буҷаи вилояти Суғдро ташкил медиҳад. Кони тило дар ҳудуди ҳамин вилоят ҷойгир аст ва мақомот ба ҳеҷ сурат хостори он нестанд, ки манбаи бисёр калидии даромадро фақат ба хотири нигарониҳо аз олудашавии муҳит ва ё иҷозаи интиқод шудани ин соҳа аз ҷониби аҳолӣ аз даст бидиҳанд.
Ӯ гуфт, “агар мо истихроҷро қатъ кунем, буҷа миллионҳо долларро аз даст медиҳад”.
Ин мақом гуфт, айни чунин вазъият бо тарҳҳои дигари вобаста ба Чин ҳам мушоҳида мешавад, ки онҳоро Радиои Озодӣ таҳқиқ кардааст: дар кони тиллои “Покруд”, манбаи сурбу руҳу миси Зарнисор ва ҳам ширкати пахтакорие дар ғарби Тоҷикистон.
Ӯ афзуд: “Феълан дигар ҳеҷ роҳе ба ҷуз таҳаммули вазъияти пешомада (бо ширкатҳои олудакунандаи муҳити зисти чинӣ) вуҷуд надорад”.
Вобастагии нав
Тоҷикистон, ки як кишвари фақиртарин дар қаламрави Осиёи Марказӣ аст, баъди ҷанги харобиовари солҳои 1990-ум аз тиҷорат, сармоя ва қарзҳои Русия бастагии сахт дошт. Бекории саросарии аҳолӣ нирӯи корро ба Русия бурд ва ба ҳисобҳои Бонки ҷаҳонӣ, фақат пули мефиристодаи муҳоҷирон 40 дарсади ММД-ии кишварро таъмин мекунад.
Вале раҳбари худкома Эмомалӣ Раҳмон, ки аз соли 1994 ба ин сӯ Тоҷикистонро бо мушти оҳаниаш идора мекунад, солҳои охир кишварро ба Пекин наздиктар кард ва яке аз аъзои пурташаббуси тарҳи “Як камарбанд – як роҳ” гардид.
Шурӯъ аз соли 2010 Чин ба шарики тиҷоративу сармоягузор ва қарздиҳандаи азимтарини хориҷии Тоҷикистон табдил шуд; аз нисфи қарзи хориҷии Душанберо Пекин фароҳам кардааст.
Дар ҳоле, ки Душанбе то рафт бештар ба самти шарқ дида дӯхтааст, Чин дар иқтисоди Тоҷикистон мавқеи пешсафро касб карда, роҳҳоро месозад ва ба соҳаҳое мисли мухобирот, кишоварзӣ ва маъдан тамаркуз кардааст. Тоҷикистон дар соҳаи бисёр серхарҷи истихроҷи маъдан ба кӯмаки молӣ ниёз дорад.
Ширкатҳои сохтмонии чинӣ инчунин чандин бинои боҳашамати ҳукуматиро дар пойтахт – шаҳри Душанбе бунёд кардаанд ва яке аз охиринҳо қароргоҳи парлумон мебошад.
Раҳмон дар ҷараёни сафари давлатии раҳбари Чин Си Ҷинпин ба Тоҷикистон рӯзи 5 июл гуфт, дар давоми солҳои 2007 то 2023 Чин беш аз 4 миллиард доллар сармоягузорӣ карда феълан дар кишвараш беш аз “700 ширкат бо сармояи чинӣ” фаъолият мекунад.
Президенти Тоҷикистон афзуд, ки кори ширкати “Зарафшон” “як намунаи боризи сармоягузории босамар миёни ду кишвар буда метавонад”.
Ҳузури густардаи Чин дар иқтисод ба нуфузи сиёсӣ табдил мешавад ва Чин ба макони муҳими сафарҳои Раҳмон ва аъзои оилаи пурнуфузи ӯ табдил шудааст. Пекин инчунин аз роҳи ташкили машқҳои муштараки зиддитеррористӣ, табодули таҷриба миёни сохторҳои полис ва ҳам иҷозаи истифодаи Чин аз бархе посгоҳҳо дар марз бо Афғонистон нақши амниятиашро ҳам дар ин кишвар тақвият медиҳад.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Пойгоҳи махфӣ, ҷанг бо терроризм ва дӯстӣ бо "Толибон". Чин бо Тоҷикистон ва минтақа чӣ карданист?Вобастагии афзояндаи Тоҷикистон аз ҳамсояи шарқиаш то рафт бештар ин нигарониҳоро эҷод мекунад, ки бо афзоиши нуфузи Чин, Душанбе тавони бозгардони қарзҳои ҳангуфташ аз ин кишварро, ки бо ҳадафҳои сармоягузорӣ дарёфт шудаанд, нахоҳад дошт.
Тоҷикистон аллакай қимтаи баландеро барои қарзҳояш пардохт кардааст – соли 2011 барои кадом қарзи номушаххас Тоҷикистон беш аз 1000 км метри мураббаъ қаламравашро дар ихтиёри Чин вогузор кард.
Айни чунин раванд дар соҳаи маъдан мушоҳида мешавад. Ду ширкати чинии коргар дар “Зарафшон” ва “Покруд” 84 дарсади захираҳои тилои солонаи ин кишварро истихроҷ мекунанд. “Зарафшон” соли соли 2021 ба буҷаи миллие, ки он сол 3,9 миллиард долларро ташкил додааст, дар ҳаҷми 40 миллион доллар андоз супурдааст.
Баъди соли 2016 ҳукумати Тоҷикистон омори расмии тилоро нашр намекунад, вале дар изҳороти вазирон солҳои 2019 ва 2023 иддао шуд, ки афзоиш солона 10 дарсадро ташкил додааст ва ширкати чинии “Зиҷинг” тавсеаи корашро дар “Зарафшон” идома додааст.
Баъди ин ширкатҳои бештари чинӣ барои сармоягузорӣ дар соҳаи маъдан роҳ дода шуданд ва ин тасмим дар сатҳи ҷамъиятӣ бисёр кам баррасӣ дидааст.
Масалан, соли 2019 парлумони Тоҷикистон созишномаи ҳамкорӣ бо ширкати чинии "Каши Синюй Дади Майнинг Инвестмент Лимитед"-ро дар соҳаи истихроҷи нуқра дар минтақаи дурафтодаи шарқии Мурғоб дар ҷараёни як баррасии 30-дақиқаина тасдиқ кард.
Ҳукумати Тоҷикистон аз мавқеи афзояндаи Чин дар соҳаи маъдан ҳимоят ва иддао мекунад, ки танҳо ширкатҳои чинӣ барои анҷоми чунин тарҳҳои азим изҳори омодагӣ кардаанд. Худи кишвар дар пайи рушди ширкатҳои ватанӣ нест.
Заробиддин Файзуллозола соли 2019 дар мақоми вазири саноат ва технологияҳои нав, ки барои соҳаи конканӣ ҷавоб медиҳад, гуфт, “танҳо чиниҳо омодаи сармоягузорӣ ва кор дар конҳо (-и кишвар) мебошанд”. Ин дар ҳолест, ки тайи солҳои охир ширкатҳои канадаӣ, амрикоӣ, русӣ, бритониёӣ, нидерлондӣ ин арсаро тарк карданд.
Помидори сабз
Асадулло Раҳмонов, як кишоварзи 62-солаи сокини Хумгарон мегӯяд, бо сабаби афзоиши кор дар кони “Зарафшон” сифати маҳсулоти кишоварзии ӯ дар заминҳояш, аз ҷумла дар қитъаи 0.30-ҳектарие, ки моҳи декабр ҳукумат тақдим кард, хеле поин омадааст. Ба нақли ӯ, “помидор дигар дуруст сурх намешавад ва ман ба кишти бодиринг гузаштам. Навдаҳо гул карда, гулаш мерезад, вале бузург намешаванд, - гуфт ӯ. – Шафтолу ҳам то нисф пухта аз дарахт мерезад. Чанд сол пеш чунин набуд”.
Панҷ кишоварзи дигаре, ки ба шарти фош нашудани номашон бо Радиои Озодӣ сӯҳбат карданд, гуфтанд, бо сабаби тавсеаи корҳо дар кони тило, ҳосили кишту муҳити зисти онҳо осеб мебинад. Онҳо ба як чанги ғализи сиёҳе дар рӯи заминҳои кишташон ҳам ишора карданд.
Кони тилои “Зарафшон” аз соли 1994 ба кор дароварда шуд ва аввал як ширкати бритониёӣ дар он кор мекард. Соли 2007 то 70 дарсади саҳмияҳоро ширкати чинии “Зиҷинг” ба ихтиёри худ гирифт. Боқимонда 30 дарсади саҳмияҳо дар дасти ҳукумати Тоҷикистон мебошад. Даромад аз маҳсулот бар асоси тақсимбандии саҳмияҳо сурат мегирад.
Онгуна, ки дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ Бобохон Бобохонов, муовини директори корхоонаи "Зарафшон" гуфт, ин кони тило 2800 коргар дорад ва 98 дарсади онҳо шаҳрванди Тоҷикистон мебошанд. Ӯ гуфт, ки шароити кори коргарон хуб аст ва ширкати “Зиҷинг” чанде пеш ҳуқуқи кор дар ин заминро то 20 соли дигар тамдид кард.
Тиллои истихроҷшуда дар наздикиҳои ин корхона ва ҳам дар полоишгоҳҳои воқеъ дар наздикиҳои Панҷакент тоза карда мешаванд. Шаҳри Панҷакент дар 20-километрии шарқи кон ҷойгир аст ва сокинони маҳаллӣ мегӯянд, ки корҳои тозакунии тилло ҳам манбаи дигари зараррасон ба муҳит шудааст.
Маводи муҳиме, ки барои тоза кардани тило ба кор меравад, сианид аст ва ин як маводи бисёр заҳрогини кимиёӣ буда тиллоро аз санг ҷудо мекунад ва барои саломатии инсон офатбор аст.
Флавиано Бианчинӣ, раиси “Захираҳои байналмилалӣ” – як созмони ғайридавлатии ҳомии покизагии муҳит аст. Ӯ гуфт, ки сианид бояд танҳо дар шароити сахт назоратшаванда ва ҳам дар ҳаҷми бисёр кам истифода шавад, чунки муҳитро заҳролуд мекунад.
Ӯ дар як сӯҳбат бо Радиои Озодӣ шарҳ дод, ки “агар як килограмм сианид ба об ворид шавад, 200 касро мекушад ва муҳити атрофро комилан хароб мекунад”.
Ба ҳангоми истихроҷи тило, пораи кӯҳи шикастаро ба полоишгоҳ интиқол медиҳанд ва он ҷо он бо кӯмаки сианид аз санг ҷудо карда мешавад. Дар ҳоле, ки ин шеваи кор бисёр арзон ва дастрас дониста мешавад, барои муҳити атроф хеле зараровар ва хатарнок мебошад. Дар саросари ҷаҳон истифодаи сианид дар саноат боиси он шудааст, ки бисёр ҷомеаҳои мардум макони зисти худро тағйир бидиҳанд.
Бисёр донишмандон мегӯянд, ки зери таъсири нури офтоб сианид пора-пора мешавад, вале дар ин ҷараён металлҳои хатарноке истихроҷ мекунад. Чандин таҳқиқот нишон додааст, ки сианид метавонад шаклҳои дигари заҳрогинро қабул карда дар муҳити сард муддати тӯлонӣ ҳифз шавад.
Саноати истеҳсоли тило ҳамеша як ҷараёни серхарҷ ба ҳисоб мерафт. Баъзеҳо ҳисоб кардаанд, ки дар ҳар як тонна пораи кӯҳ танҳо 10-15 грамм тило пайдо мешавад ва беш аз 999 килограмми дигар бекора шуда, ба ҷангу хоки зараровар барои организми инсон табдил мешавад.
Навзодони мурда
Сокинони деҳаи Хумгарон ба Радиои Озодӣ нақл карданд, ки сианид дар кони тилло дар ҳаҷми хеле зиёд ба кор бурда мешавад ва ба замин рехтаву муҳити атрофро хароб мекунад, ҳосили меваву сабзавотро нобуд карда ба саломатии сокинон зарар мерасонад.
Соли 2022 сокинони ин деҳа дар номаи дастаҷамъие ба номи дафтари раёсатҷумҳурии Тоҷикистон аз бадтар шудани вазъи саломатиашон бо сабаби кори фаъоли кони ҳамсоя шикоят карданд. Дар ин нома, аз ҷумла омадааст: «Сокинони деҳаи Хумгарон зуд-зуд бемор мешаванд, ҳолати бефарзандӣ дар оилаҳои ҷавон зиёд шуда, ҳодисаҳои нобуд шудани тифлон афзоиш ёфтааст».
Сокинон инчунин шикоят кардаанд, ки корхонаи “Зарафшон” ва полоишгоҳи он “ба обу ҳаво, замину боғу чарогоҳ ва аз ҳама муҳимаш, ба саломатии сокинони деҳа хеле зарар дорад.” Сокинони деҳаи Шингии ноҳияи Панҷакент ҳам ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки дар деҳаи онҳо шумори онҳое, ки дучори мушкили нафаскашӣ мебошанд, афзоиш ёфтааст.
Дар идораи тандурустии ҳукумати Панҷакент ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки дар бораи вазъи сиҳҳатии сокинони Хумгарон оморе дар даст надоранд ва бояд бо чунин савол ба Вазорати беҳдошт дар Душанбе мурҷоиат кард. Айни чунин посухро дар беморхонаи марказӣ ва раёсати санитарию эпидемиологии Панҷакент доданд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Вале ба дархости расмии Радиои Озодӣ дар моҳи ноябри соли 2023 Вазорати тандурустӣ ҳеҷ посухе надод ва дар сӯҳбати мустақим бо сухангӯи вазорат ҳам ҳеҷ ҷавобе дарёфт нашуд. Мақомот дар кони “Зарафшон” барои додани мусоҳиба ва ё посухи хаттии саволҳои Радиои Озодӣ омода нашуданд.
Мақомот дар Тоҷикистон ҳарчанд аз эътирофи интиқодҳо дар робита бо кори кони “Зарафшон” ва ҳам шикояти мардуми маҳалллӣ аз бад шудани муҳит ва зарари он ба саломатиашон худдорӣ мекунанд, дар бораи содир кардани чанд ҳолати ҷаримаи рамзии ширкати чинӣ хабар доданд.
Соли 2019 мақомот гуфтанд, ки як корхонаи оҳакпазии тобеи “Зарафшон”-ро барои партовҳоро 50 метр наздик ба дарёи Шинг рехтанаш ҷаримабандӣ кардааст. Кумитаи ҳифзи муҳити зист он замон гуфт, ки чунин кори корхона боиси талаф шудани моҳии дарёи Шинг шуд.
Ҳаҷми зиён ба гуфтаи мутахассисон 200 ҳазор сомониро ташкил додааст, вале “Зарафшон” бояд, 11 000 сомонӣ ҷарима бипардозад ва партовро аз канори рӯдхона бардорад. Ҳаҷми партоб бештар аз 3 ҳазор метри мукааб будааст ва ба гуфтаи Бунёд Абдумаликзода, сел қисме аз онро шустааст. Бо ин вуҷуд, корхона дар ҳаҷми рамзии муодили 1100 доллари амрикоӣ ҷаримабандӣ шуд.
Чор сол баъди ин додситони кулли Тоҷикистон Юсуф Раҳмон аз ҷаримаи сахттаре гузориш дод. Ӯ, аз ҷумла, моҳи апрели соли 2023 гуфт, ки “...бо натиҷаи санҷиши фаъолияти корхонаи муштараки “Зарафшон” 161,4 млн сомонӣ зарари ба муҳити зист расонидашуда муайян гардида, бо андешидани чораҳои прокурорӣ аллакай 19 млн 350 ҳазор сомонии он ба буҷет пардохт карда шуд”. Ҳеҷ ҷузъиёте дар бораи осеби расонидаи ширкат ба муҳити зист нашр намешавад, вале сардори раёсати муҳити зисти ҳукумати Панҷакент ба Радиои Озодӣ гуфт, як қисми полоишгоҳро бидуни риояи санадҳои меъёрӣ бунёд кардаанд.
Ваъдахилофиҳо
Шикоятҳои бисёрсолаи сокинони Хумгарон боиси он шуд, ки ширкати маъдан соли 2021 барномаи кор бо аҳолиро муаррифӣ намуд ва бар асоси он ваъда дод, ки 4 км роҳи нав бунёд карда, мактаби маҳаллиро бо арзиши 90 ҳазор доллар навсозӣ мекунад ва барои сокинони деҳа лӯлаи оби тозаи ошомиданӣ месозад.
Ширкат инчунин ваъда супурд, ки ҳар моҳ барои сокинони деҳа 13 ҳазору 700 доллар маблағ медиҳад ва ин сарикасӣ 90 долларро ташкил медиҳад. Дар он гуфта шудааст, ки таъмин ин маблағ “то замоне идома мекунад, ки ҳукумати Тоҷикистон барои 47 кишоварзу хонаводаҳои онҳо иҷораи заминро идома бидиҳад”.
Вале ба ҷуз пулҳои нақд ба сокинони деҳа, дигар ваъдаҳои ширкат иҷро нашуд.
Дар доираи талаботи созишномаҳо ва ба хотири ҳифзи иҷозатномаи кор, ширкати конкан бояд барои сокинони маҳаллӣ корҳои ободоние мисли сохтани мактабу бемористон ваё роҳҳоро анҷом диҳад.
Вале дар як интиқоди бисёр нодири ошкоро соли 2018 Шавкат Бобозода, вазири пешини саноат ва технологияҳои нав дар як нишасти матбуотиаш гуфт, ки ширкати чинии “Зиҷинг” ҳеҷ яке аз ваъдаҳояшро иҷро накард. Ӯ гуфт, “Аллакай 20 тонна тило гирифтаанд, пагоҳ монда мераванд, дар он ҷо дигар чӣ мемонад?”
Хабарнигори Радиои Озодӣ соли 2023 аз деҳа дидан кард ва маълум шуд, ки сохтмони ҳеҷ яке аз тарҳҳои ваъдашуда шурӯъ нашудааст ва роҳи асосии деҳа хароб аст. Сокинони маҳаллӣ мегӯянд, ин роҳ, аз ҷумла, бо сабаби интиқоли сангпораҳои азим бештар хароб шудааст.
Санъат Раҳим, раиси Хадамоти назорати бехатарӣ дар соҳаи саноат, дар нишасти матбуотии июли соли 2023 гуфт, "ҳадафи чаҳоруми стратегии" ҳукумат "саноатисозии босуръат" аст. Вай афзуд: «Вақте ки он ба саноат табдил меёбад, корхонаи коркард, партовгоҳ истеҳсол мекунад ва корхонаҳои нав ба вуҷуд меоянд”. Ӯ гуфт, масоили ҳифзи муҳити зист ва саноат бо ҳам ба даст намеоянд, вале, ба гуфтаи ӯ, “Мо, мутахассисон бояд то ҳадди имкон зарари [муҳити зистро] аз саноат кам кунем."
“Метавонад одамонро бикушад”
Дар фосилаи 350 км аз Хумгарон ва кони тиллои Зарафшон корхонаи дигари истеҳсоли тило – “Покруд” ҷойгир аст, ки он ҳам аз ҷониби сокинони маҳаллӣ барои олуда шудани муҳит ва обҳои ифлоси дарёву заминҳои атрофаш танқид мешавад.
Ин конро ширкати бо номи China Nonferrous Gold (CNG) соҳибӣ мекунад, чун 100 дарсади саҳмияҳоро дар ихтиёр дорад. Инро Радиои Озодӣ бар асоси омӯзиши санадҳои дохилии корхона дар соли 2021 ошкор кард ва инчунин маълум шуд, ки корхона “бо ҳукумати Тоҷикистон иртиботи бисёр қавӣ” доштааст. Дар ҳамин гузориш ширкат худро барои риояи “меъёрҳои бисёр баланд” ситоиш ва иддао кардааст, ки бо сокинони маҳаллӣ иртиботи бисёр қавӣ бунёд кардааст.
Вале сокинони деҳаи ба кон наздик дар дараи Ромит мегӯянд, танҳо бурде, ки онҳо аз ҳамсоягӣ бо кони тилои зери назари ширкати чинӣ доранд, ин бунёди роҳе мебошад, ки аз он сокинони деҳа ҳам истифода карда метавонанд. Вале онҳо мегӯянд, олудагии фазо бо сабаби кори ин корхона то рафт бештар мешавад.
Сокинони деҳоти воқеъ дар болооб ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки корхона обҳои партовгоҳашро рост ба дарёи ромит мепартояд. Чанд сокин гуфтанд, баъди он ки аз истеҳмоли об бемор шуданд, нӯшидани онро бас карданд.
Замони боздид аз як соҳили дарёи Ромит дар наздикиҳои деҳаи Покруд, хабарнигорони Радиои Озодӣ шоҳиди он шуданд, ки чӣ гуна лӯлае рост аз корхона ба дарё пайваст шуда, оби ғализе ба дохил мерезад.
Бианчинӣ, як мутахассиси корҳои кон дар созмони муҳитзистии Source International гуфт, ки чунин равиши кор бисёр хатарнок мебошад. Ӯ гуфт: “Обе, ки аз полоишгоҳ меояд, заҳрогин аст”. Ба қавли ин коршинос, “мумкин нест, ки об ҳамингуна рафтан гирад. Ин ҷо фақат масъала дар олуда шудани муҳит нест, он одамонро кушта метавонад”.
Бо вуҷуди чунин нигарониҳои бисёр ҷиддӣ, ширкати чинӣ аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон тақрибан ҳеҷ танбеҳе намебинад. Зиёда аз ин, корхона мавриди ҳимояти бисёр қавии сиёсӣ мебошад. Соли 2016, вақте аввалин хишти тилло дар ин корхона ба даст омад, Раҳмон ҳамроҳ бо телевизиони давлатӣ аз корхона дидан кард. Ӯ ду пораи калони хити тиллоро дар даст нигоҳ дошта боифтихор аз сармояи 256 миллион доллар ба ин корхона ситоиш кард.
Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон тобистони соли 2023 ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки чанд ҳафта баъди гузориши ин расона дар бораи ба дарё рафтани партовҳои корхонаи Покруд кори корхонаи CNG-ро санҷиданд ва "як қатор камбудиҳо, аз ҷумла риоя накардани меъёрҳои тартиби муомилоти партовҳои дурушти маишӣ ва аз ҳад зиёд ба атмосфера партофтани партовҳо» ошкор шуд. Вале кумита худи навори видеоиро шарҳ надод.
Ваъдаҳои бузург, норасоии об
Дар ҷамоати Зарнисор, ки дар 60-километрии шаҳри Хуҷанд дар сарҳад бо Узбекистон ҷойгир аст, 5 ҳазор нафар зиндагӣ мекунад. Дар ин қисмати шимоли Тоҷикистон ҳам як корхонаи чиние фаъолият мекунад, ки ба ҳаёту маишати сокинони маҳаллӣ осеб расонидааст.
Ширкате, ки соли 2007 бо сармояи давлати Чин таъсис ёфтааст, бо истихроҷи сурбу рӯҳу мис машғул аст. Ширкати тоҷикию чинӣ Tibet Everest Resources ном дошта, барои истеҳсолот миқдори зиёди обро талаб мекунад. Кор ба ҷое расидааст, ки аҳолии маҳаллӣ бо камбуди об рӯбарӯ шудаанд.
Идибой Фозилов, як бознишастаи сокини Зарнисор гуфт, аз замони шурӯи кори ширкати чинӣ, дастрасии сокинони маҳаллӣ ба оби поки ошомиданӣ фақат 1 соат дар рӯз шудааст ва мардум маҷбур мешаванд, ки обро аз мошин бихаранд.
Ӯ гуфт, ки дар давраи шӯравӣ бо заҳмати сокинони маҳаллӣ лӯлаи оби ошомиданӣ сохта шуд. Вале баъди омадани ширкати чинӣ об танҳо шом як соат дода мешаваду бас.
Ба иловаи кам кардани об, ба қавли чандин сокини маҳаллӣ, ки бо Радиои Озодӣ сӯҳбат карданд, ширкат барои беҳбуди зербиноҳои маҳаллӣ кор намекунад.
Ширкати TCMIC қаблан розӣ шуда буд, ки як муассисаи нигоҳубини кӯдакони хурдсол ва роҳҳоро барқарор карда, кӯчаҳои деҳаро чароғон мекунад. Вале ба истиснои роҳи асосие, ки ба самти қароргоҳи марказии ширкат мебарад, дигар роҳҳои деҳ дар ҳолати табоҳе мемонанд ва кӯдакистон дар ҳолати баде боқӣ мемонад.
Радиои Озодӣ аз ҳоли бади роҳҳо дар Зарнисор, кӯчаҳои торик, ниёзи мактаби маҳаллӣ ба таъмири таъҷилӣ гузориш додааст ва дар муқобил роҳ то идораи марказии ин ширкати чинӣ ва хобгоҳи коргарони чинии он сангфарш шудааст.
Мисли дигар ширкатҳои чинии ҳозир дар иқтисоди Тоҷикистон, TCMIC ҳам ҳиссаи азимеро дар иқтисоди ин кишвар дорад. Моҳи июли соли 2022 ширкати муассиси он - Tibet Everest Resources ваъда дод, ки дар Тоҷикистон як парки саноатӣ месозад ва барои 10 ҳазор нафар ҷои кор эҷод мешавад. Ду сол баъдаш дар иҷрои ин тарҳ ҳеҷ пешрафте мушоҳида намешавад.
Ваъдаҳои дигари ин ширкат ҳам ҳамчунон иҷроношуда боқӣ мемонанд.
Дар чандин мусоҳибаву изҳороташ дар давоми солҳои гузашта мудирони TCMIC иддао кардаанд, ки ширкат 4 ҳазор нафарро аз Тоҷикистон кор додааст, вале дар ҳолатҳои дигар гуфтааст, ки ин шумор ба 3 ҳазор нафар мерасад. Айни чунин номуайянӣ бо молиёте ҳам дида мешавад, ки ширкат дар гузоришҳояш ёд мекунад.
Соли 2022 хабаргузории мустақили Азия-Плюс дар нақли қавл аз Ли Ли Яо Ҳуэй навишт, ки ин ширкат шурӯъ аз соли 2009-и шурӯи кораш дар Тоҷикистон 33 миллиард сомонӣ (тахминан 3,1 миллиард доллар) молиёт супурдааст.
Вале дар як изҳороташ соли 2021 Ли гуфт, ки аз замони созмон ёфтанаш ҳаҷми хеле камтари молиёт супурдааст ва ин 4,2 миллиард сомонӣ (тахминан 383 миллион доллар) мебошад.
Дар як шарҳаш ба Радиои Озодӣ TCMIC аз натиҷаҳои кораш бо аҳолии маҳаллӣ ва сохтмони зербиноҳо ҳимоят ва иддао кард, ки дар Зарнисор як мактабро таъмир кардаву як клуби маҳаллӣ сохтааст ва бемористонро дар Гулистон таъмир кардааст. Дар ин шаҳри ҳамсоя 50 ҳазор кас зиндагӣ мекунад. ин ширкат ҳамчунин дар барқарорсозии 38 км роҳ бо буҷаи 100 миллион сомонӣ (ё 9,1 миллион доллар) саҳм дорад, ки Бӯстону Зарнисорро мепайвандад.
Як мақоме дар ҳукумати шаҳри Гулистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки TCMIC ва ширкати кӯҳии Тоҷикистону Чин сари нақшаи таъмини бештари шаҳр ва маҳалҳои атроф бо оби ошомиданӣ кор мекунанд.
Ин мақом афзуд, ки дар бисёр қисматҳои шаҳри Гулистон сокинон танҳо дар соатҳои муайян дастрасӣ ба об доранд, дар ҳоле, ки коргарони чиние, ки дар биноҳои чорошёнаи кӯчаи Рафоқат зиндагӣ мекунанд, 24 соат дар рӯз дастрасӣ ба оби ошомиданӣ доранд. Хадамоти амниятӣ ба хабарнигорони Радиои Озодӣ иҷоза надоданд, ки вориди қароргоҳи ширкати чинӣ ё маҳалли зисти коргарони он шаванд, то ки дурустии иддаои онҳо тасдиқ шавад.
Роҳе, ки ба ин биноҳо мебарад, хеле хуб таъмир шудааст.
Баъди чандин шикоят аз сокинони дигари кӯчаи Рафоқат, ки ба об дастрасии бисёр кам доранд, таъмини об то 12 соат дар рӯз боло бурда шуд.
Мушкилоти пахтакорӣ
Дар ҳоле, ки кори ширкатҳои чинӣ дар бахши сердаромади истихроҷи маъдан дар Тоҷикистон нигарониву мушкилоти беҳдоштӣ ва экологиро ба миён овардааст, Чин ташаббуси дигареро дар бахши пахтакорӣ рӯйи даст гирифт ва кишоварзони чинӣ дар 58 километрии пойтахти Тоҷикистон, дар майдонҳои кишти пахтаи ноҳияи Ёвон ба кор ҷалб шуданд.
Мирзолаӣ Азизов, раҳбари Раёсати кишоварзии ноҳияи Ёвон моҳи июни соли 2023 дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, чиноиҳо дар ин ноҳия 960 гектар замини киштро иҷора гирифтаанд. Ба нақли сокинони маҳаллӣ соли 2000-ум вақте заминҳои давлатиро ба хоҷагиҳои деҳқонӣ тақсим мекарданд, аксари кишоварзон пули кофӣ барои харидории тухмӣ ва техникаву хароҷоти дигар барои кишти заминро надоштанд ва дар ҷустуҷӯй кор ба Русия рафтанд.
Сокинон мегӯянд, бо истифода аз ин фурсат чиноиҳо сар аз соли соли 2014 заминҳоро иҷора гирифта, вориди майдонҳои пахта шуданд ва ба харидори ва бозтавлиди он шурӯъ карданд. Аммо масъулини бахши кишоварзии ноҳияи Ёвон мегӯянд, қисми зиёди заминҳоеро, ки аввал дар дасти ширкатҳои чинӣ буданд, бархе аз деҳқонони тоҷик бозпас гирифтаанд.
Ба нақли масъулoн ва ҳам сокинони маҳаллӣ, кишоварзони чинӣ имкони молӣ ва имтиёзҳои бештар, аз ҷумла дар гирифтани қарзи бонкиро доранд ва бинобар ин ба фарқ аз заминкорони тоҷик онҳо аз маҳсулоти босифати нуриҳои минералӣ ва таҷҳизоти беҳтари кишоварзӣ истифода мебаранд. Дар натиҷа тавре масъулин мегӯянд, кишоварзони тоҷик аз як гектар замин ба ҳисоби миёна, чаҳор тон панба мегиранд. Ин дар ҳолест, ки ҳосиле, ки кишоварзони чинӣ аз як гектар ба даст миоранд ба тақрибан 7 тон баробар будааст.
Аммо аксар сокинони маҳаллиро истифодаи беш аз ҳад ва беназми нуриҳои минералӣ ва маводи кимиёвӣ нигарон кардааст.
Дар Ёвон тақрибан 1000 гектар замин дар ихтиёри ширкати муштараки "Рушди кишоварзии Тоҷикистон ва Чин” аст. “Ҷунтай-Хатлон-Син Силу” яке аз ширкатҳои дигари муштарак дар ноҳияи Дӯстӣ, воқеъ дар ҷанубу ғарби кишвар 3365 гектар заминро дар ихтиёр дорад.
Саидҷаъфар Усмонзода, вакили акнун собиқи порлумон ва раиси пешини Ҳизби демократ, ки ҳоло дар боздошт аст соли 2019 ҳангоми баррасии масъалаи иҷораи замин ба кишоварзони чинӣ дар Порлумон тартиби истифодаи нуриҳои минералӣ ва доруҳоро аз сӯйи чиноиҳо матраҳ карда, пурсид, ки “Меъёри доруҳо санҷида мешавад, ки оё мумкин аст онро дар замин истифода бурдан? Нашавад, ки 10 сол пас он ҷо биёбон шавад. Хитой метавонад, барои ҳосил ҳаргуна доруро биёрад, лекин баъд ҳоли замин чӣ мешавад.?”
Аммо ин суол бепосух монд ва ҳукумат созишномаро барои истифодаи заминро тасвиб кард. Ба гуфтаи коршиносон, бо вуҷуди нигарониҳои Усмонзода ва кишоварзони тоҷик, барои муайян кардани таркиби доруҳое, ки чиноиҳо дар замин истифода мебаранд ва зарарҳои он санҷиш гузаронида нашуд. Масъулини бахши кишоварзии ноҳияи Ёвон дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтанд, барои гузаронидани чунин ташхис онҳо озмоишгоҳу дастгоҳи махсусе надоранд.
Рӯзимурод Боймуродов, номзади илмҳои кишоварзӣ ва устоди Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон мегӯяд, истифодаи аз меъёр зиёди нуриву доруҳо метавонад хатари ҷиддие дошта бошад, зеро қисми зиёди нуриҳо дар замин ҳал намешаванд ва дар дарозмуддат он ба замину хок таъсири манфӣ мерасонад.
“Микроорганизмҳои хок низ организмҳои зинда ҳастанд. Вақте меъёри зиёди нурӣ истифода бурда мешавад ва растанӣ низ як миқдори онро аз худ мекунад ва як қисми он дар хок мемонад. Масалан нуриҳои нитрогенӣ 50-70 дарсад меёъри азхудкунӣ доранд ва боқимондаи он дар хок мемонад. Ё инки нуриҳои фосфорӣ фақат 20-25 дарсадашро растанӣ азхуд мекунад ва боқимондааш дар хок мемонад. Ин моддаҳои боқимонда таъсири баъдина доранд ва дар солҳои минбаъда метавонанд ба таркиби хок, сифати хок, ҳосилхезии хок ва нашъунамои растанӣ таъсири манфии худро расонад,”-афзуд ин коршинос.
Вале Усмон Ятимов, як масъули Раёсати кишоварзии ноҳияи Ёвон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, кишоварзони чинӣ барои кишти пахта дар ҳамин миқдор майдон 1500-1600 кило нуриҳои азотӣ ва фосфорӣ истифода мекунанд.
Истифодаи аз меъёр зиёди нуриҳо ва маводи кимиёвӣ дар Чин, ки боиси ҳосили зиёд, вале паст шудани сифати хок дар замини кишт мешавад, дер боз ба як мушкил табдил ёфтааст.
Солҳои ахир кишоварзон дар Чин истифодаи нуриҳои минералиро дар кишти худ кам карданд, аммо он дар қиёс ба кишварҳои дигари ҷаҳон ҳамоно зиёд аст.
Бо вуҷуди нигарониҳои зиёди сокинони Тоҷикистон ва шикоятҳо аз ифлосу олуда шудани ҳаво ва замину рӯдхонаҳо дар пайи кори ширкатҳои чинӣ ва камбуди сармоягузорӣ дар ҷамоату хоҷагиҳое, ки ширкатҳои чинӣ дар он кор мекунанд, мақомоти расмӣ дар Тоҷикистон ҳамоно ҳимоя аз ин ширкатҳоро идома медиҳанд.
Аксар сокинони минтақаҳое, ки дар он корхонаву ширкатҳои чинӣ фаъолият доранд дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки зидди кори онҳо нестанд, фақат мехоҳанд, ширкатҳои чинӣ муҳити зист ва сиҳатии мардумро ҳам ба инобат гиранд ва ба ҷамоатҳое, ки он ҷо кор мекунанд, одилона ва тибқи ваъдае, ки дода буданд сармоягузорӣ кунанд.
Вале ба далели иқтисоди касод ва сатҳи пасти зиндагиву вобастагии зиёди Тоҷикистон аз Чин, ширкатҳои чинӣ дар ин кишвар озод ҳар тавре, ки мехоҳанд кори худро пеш мебаранд.
Як сокини деҳаи Хумгарон, ки дар назди корхонаи азими истихроҷи тило зиндагӣ мекунад, дар як сӯҳбат эҳсоси аксар ҳамдеҳаҳои худро баён дошт: “Мо аз хитоиҳо пул намехоҳем, танҳо мехоҳем кӯдакони мо ояндаи бехатар дошта бошанд.”