Тибқи баёнияи рӯзи душанбеи Вазорати дифои Русия, ки хабаргузории "Рейтерз" нашр кард, ҳашт паҳбод аз ин паҳбодҳо дар наздикии шаҳри Туапсе дар Баҳри Сиёҳ, ки дорои як полоишгоҳ аст, сарнагун шуданд.
Вазорати дифои Русия дар канали телеграмии худ афзуд, "48 паҳбод бар фарози минтақаи Ростов дар ҷануб-ғарби Русия, 17 паҳбод бар фарози Баҳри Сиёҳ ва Азов, ҳашт паҳбод бар фарози минтақаи Краснодар, ҷое ки Туапсе дар он ҷойгир аст ва бар фарози минтақаи Белгород, Воронеж ва Смоленск низ дигар паҳбодҳо сарнагун шуданд".
Вазорати дифои Русия нагуфт, ки оё ин ҳамлаҳо хисороте ба бор овардааст ё не.
Мақомот дар Туапсе гуфтаанд, ки зерсохтҳо ва биноҳои истиқоматӣ осеб надидаанд.
Мақомоти Русия хеле кам дар бораи мизони хисороти ҳамлаҳои Украина гузориш медиҳанд.
Полоишгоҳи Туапсе аз замони ҳамлаи Русия ба Украина дар моҳи феврали соли 2022 борҳо ҳадафи ҳамлаҳои ҳавоии Украина қарор гирифтааст.
Чанд канали телеграмии Русия гузориш доданд, ки субҳи душанбе чанд таркиш дар наздикии ин полоишгоҳ шунида шуд. Хабаргузории "Рейтерз" мегӯяд, ба таври мустақил наметавонад ин гузоришҳоро таъйид кунад.
Украина ба ин хабар вокуниш нишон надодааст. Киев пештар гуфта буд, ки ҳамлаҳо ба зерсохторҳои низомӣ, энержӣ ва боркашонии Русия дар вокуниш ба ҳамлаҳои паёпайи Русия ба хоки Украина сурат мегирад.