Вазорати фарҳанг: Ибодулло Машрабовро сарзаниш накардем

Ибодуллоҳ Машрабов, Ҳунарманди халқии Тоҷикистон.

Вазорати фарҳанги Тоҷикистон мегӯяд, бархурди Ибодулло Машрабов, коргардони барномаи “Шоми дӯстӣ” бо духтарони ҳунарпешаро бо ширкати коргардон дар ҳузури вазири фарҳанг баррасӣ кард.

Моҳи апрели имсол наворе ба шабакаҳо роҳ ёфт, ки дар он Ибодулло Машрабов бо нигаронӣ аз дермонӣ ба духтарони ҳунарпешаи ин барнома мегуфт: "Шумо мусулмонед?! Кӣ зоидааст чунин духтари бемаънии падарлаънатро! Кош намезойид!".

Обид Назариён, муовини аввали вазири фарҳанг, имрӯз, 22-юми июл дар нишасти хабарии ин ниҳод гуфт, ки "ин мавзуъ дар назди худи эшон аз тарафаи вазири фарҳанг муҳокима шуда буд, аммо сарзанише эълон накардем".

"Аз тарафи вазири фарҳанг ва он кормандоне, ки буд, ба устод мо иттилоъ додем, ки дар вақти машқҳо муошират, муомила бояд, ки як чорчӯбаи худро дошта бошад. Чӣ ҳодиса рӯй дода буд, ман набудам, баъзан вақт ҳунарманд ба эҳсосот дода мешавад, ҳунарманд, ки худаш эҳсосотӣ аст, шояд ҳамон вақту соате буд, ки он кас худашонро дошта натавонистанд. Ин муаммо аст, аммо мо ҳам ҳаракат мекунем, ки он этика ва эстетикае, ки роҳбар ё роҳбарикунанда дорад, бояд меъёр дошта бошад",-гуфт Назариён.

Пас аз роҳ ёфтани ин навор ба шабакаҳо ва зиёд шудани сару садоҳо, Ибодулло Машрабов, Ҳунарманди халқии Тоҷикистон дар як мусоҳиба бо хабаргузории "Азия-Плюс" бархӯрдашро бо духтарони ҳунарпеша дуруст шумурд.

Ҳунарманд сабаби бархурди тундашро ба дер мондани чанд раққоса рабт дода, гуфта буд, ки "ягон гапи безеб нагуфтам ва бояд сахтгир бошам".

Он навор аз ҷараёни омодагӣ ба барномаи "Шоми дӯстӣ", ҳангоми сафари раҳбари пешини Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфта буд, ки бо вокуниши тунди корбарон рӯ ба рӯ шуд.

Он замон бисёре аз корбарон навишта буданд, ки ҳунарманд набояд чунин дағалгуфтор бошад.

Аммо ҳамон вақт масъулони дастаҳои рақсӣ низ гуфтаанд, нисбат ба рафтори Ибодулло Машрабов ягон шикоят надоранд.

Ибодулло Машрабови 70-сола дар гузашта мудири Театри ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, муовини вазири фарҳанг ва вакили порлумони Тоҷикистон буд.