Ин тағйир бо барномарезии пешакӣ ҷараён гирифт ва анҷуман бидуни комиссияи мандатӣ ва эълони ҳадди нисоб (кворум)-и вакилон баргузор шуда, номзади алтернативӣ, эълони барномаҳои гуногуни номзадҳо ва рақобат барои ишғоли курсии раиси ҳизб ба назар нарасид.
Роҳбари навро монанди як меросгузорӣ раиси акнун пешини ҳизб, ки баъдан муовини раиси нав шуд, пешбарӣ кард ва аз лаҳзаи пешбарӣ ошкор буд, ки он интихоб ва тасдиқ хоҳад шуд.
Рустам Раҳматзода, раиси акнун собиқи ин ҳизб ҳадаф аз баргузории анҷуманро интихоби раиси ҷавон барои омодагии ҷиддӣ ба интихоботи парлумонӣ ва ба даст овардани курсиҳои бештар дар порлумон унвон кард:
“Барои он ки мо дар интихоботи вакилони даъвати 7-уми вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ муваффақ шавем, ман таклиф мекунам, ки яке аз ҷавонҳо раисиро ба ӯҳда гирад, зеро ин давраро мо як бор аз сар гузаронидем, муваффақ шудем ва ҳамин муваффақиятро дар соли 2025 давом дода тавонем. Ман ба ҳайси раиси ҳизб Ашӯрзода Ғиёсиддинро пешниҳод мекунам. Ин кас номзади илмҳои иқтисодӣ, аъзои фраксияи ҲИИТ дар парлумон, дар Кумитаи молия ва иқтисод аллакай давоми панҷ сол шуд фаъолият мекунанд, шахси ҷавон ҳастанд, ба ғайрат ҳастанд”.
Ғиёсиддин Ашӯрзода раиси нави ҲИИТ устоди донишгоҳ ва ходими илмӣ буда, дар соли 2020 бар асоси рӯйхати ҳизбӣ вориди порлумон шудааст. Ӯ пас аз раис интихоб шудан дар як мусоҳибаи кӯтоҳ бо Радиои Озодӣ гуфт, умдатан дар доираи барномаи қабулшудаи ҳизб кор мекунад.
Радиои Озодӣ: Яке аз масъалаҳои анҷумани шумо омодагӣ ба интихоботи порлумонӣ буд. Оё ҳизб дар оянда фақат барои интихоботи порлумонӣ талошу мубориза мекунад ё барои интихоботи прзеидентӣ ва маъракаҳои сиёсии калонтар ҳам талош мекунад?
Ғиёсиддин Ашӯрзода: Ба ростӣ, ки имрӯз аллакай ин вазифаи пурмасъул ба зиммаи ман гузошта шуд ва ман дар оянда тибқи он пешниҳодҳо он ҳадафҳое, ки дар ҳизб вогузор шудааст, он пешниҳодҳое, ки аз ҷониби аъзои ҳизб мешавад ва тибқи ҳамон фаъолиятро ба роҳ мемонем ва чунон, ки шумо қайд кардед, дар парлумон, дар ҳама ҷабҳаҳое, ки имрӯз барои пешрафти ҷомеа, ки ҳадафи асосӣ барои баланд бардоштани сатҳи иқтисодиёти ҷомеа аст, тибқи ҳамон фаъолият мекунем.
Радиои Озодӣ: Пеш бурдани иқтисодиёт вазифаи ҳизбҳои сиёсӣ аст ё ниҳодҳои иқтисодии ҳукумат?
Ғиёсиддин Ашӯрзода: Ин асосан, ки бевосита худи ниҳодҳо ҳаст ва ҳизбҳо ҳам метавонанд бо пешниҳодҳои худ ба ин саҳмгузор бошанд.
Дар анҷумани ҲИИТ дигарбора Машраб Файзуллозода, ректори Донишгоҳи славянӣ муовини аввал, Сарвиноз Маҷидзода ва Ҳайдар Раҳматзода ба сифати муовинони раиси нави ҳизб интихоб шуданд. Рустам Раҳматзода, раиси акнун собиқи ҳизб низ яке аз курсиҳои муовини раиси ҳизб дар умури сиёсӣ ва тарбияи кадрҳоро соҳиб шуд.
Анҷуман ба сурати умум 56 дақиқа давом ва то поёни кори раёсат онро худи Раҳматзода ба дӯш дошт.
Ҳизби мазкур дувумин ҳизб аз ҳафт ҳизби расмии Тоҷикистон шуд, ки дар се моҳи ахир анҷумани ғайринавбатӣ баргузор ва раиси нав интихоб кард.
Моҳи май дар чунин анҷумани ғайринавбатии Ҳизби демократи Тоҷикистон ба ҷои Саидҷаъфар Усмонзода - Шаҳбози Аброр раиси нави ҳизб интихоб шуд. Сарусадоҳо дар бораи омадани ҷавонҳо ба раёсати ҳизбҳои дигар ва номзад шуданашон дар интихоботҳо ҳам давр мезанад. Сайфулло Сафаров, муовини пешини раиси МТС Тоҷикистон инро омодагии ҳизбҳо ба интихоботҳои порлумониву президентӣ медонанд.
“Ба наздикӣ ҳам набошад, ба ҳар ҳол он қадар вақте намондааст, интихоботи ҳам президентӣ ва ҳам парлумонӣ дар пеш аст ва инҳо бояд, ки ҳатман ҳизбҳо фаъол бошанд ва мавқеи сиёсии худашонро мустаҳкам кунанд. Пропаганда, тарғиб кардани фаъолияти сиёсии худашонро сар кунанд. Аз ин сабаб кори ҳизбҳо доир ба мустаҳкам шудани мавқеи сиёсии онҳо ягон натиҷа диҳад. Аз ин сабаб, шояд худи ҳизбҳо тайёриашонро сар кардаанд. Ҷомеаи Тоҷикистон хеле ором аст ва дар масъалаҳои интихобот ҳам парво надорад ва дигар масъалаҳо ҳам”.
Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон, ки соли 2005 аз тарафи иқтисоддони маъруф ва собиқ вазири нақлиёт Олим Бобоев таъсис шуд, иддао дорад, ки беш аз 33 ҳазор узв дорад. Ҳадафи аслии онро муассисон “коҳиши мизони фақр, танзими дурусти хусусигардонӣ ва ҷалби бештари сармоя ба иқтисоди Тоҷикистон” гуфта буданд. ҲИИТ то кунун чун як ташаккули сиёсии наздик ба ҳукумат шинохта шудааст. Бобоев, ки то декабри соли 2019 раҳбари ҳизб буд, бо изҳороти ошкору таҳлилҳои воқеъбинонаи иқтисодиаш дар бораи мушкилоти ин соҳа дар матбуот ва парлумон шинохта гардида буд.
Таҳлилгарон мегӯянд, баъди саркӯб ва баста шудани Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки онро ҳукумат дар талоши ташкили кудато ва худи ҳизб як тӯҳмат меноманд, дар ин кишвар ҳеҷ як ташаккули воқеии сиёсӣ намондааст. Ҳукумати Тоҷикистонро барои саркӯби мухолифон, гуногунӣ ва озодиҳои сиёсӣ интиқод мекунанд.