Муқим Ашӯров розӣ шуд тафсилоти баҳсро рӯзи 19-уми июл дар назди дурбини Радиои Озодӣ нақл кунад. Ба гуфтаи ин соҳибкор, боздошти ӯ ба даъвои як мизоҷаш рабт дошт.
Охири моҳи май аз Раёсати Вазорати корҳои дохилии вилояти Суғд ба Радиои Озодӣ гуфтанд, "Муқим Ашӯров пештар аз як сокини шаҳри Хуҷанд барои фурӯши мағозаи чорошёна 320 ҳазор доллар гирифта, баъдан он мағозаро боз ба каси дигар фурӯхтааст. Аммо маблағи аввалиро бозпас надодааст." Ҳоло ин додугирифтро ҳисобӣ кардаанд ва баҳс пеш аз он ки ба додгоҳ расад, ҳал шудааст.
Муқим Ашӯров мегӯяд, барои ӯ вақт лозим буд, то он маблағро баргардонад. “Як ё ду моҳ нарасид. Он шахс ариза кард ва мувофиқи аризааш ба ҷавобгарӣ кашида шудем. Қарзро барқарор кардем”.
Видеоро инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Муқим Ашӯрови 65-сола мегӯяд, беш аз 30 сол боз ба тиҷорату сайёҳӣ машғул аст. Аз он пеш ба ҳайси омӯзгор дар мактабҳо кор мекард. Вай наздик ба 20 сол ҳамчун мудири ширкати сайёҳии «Спутник» машғули ба Чин бурдану овардани тоҷирони умдафурӯш ва кашондани бори онҳо будааст. Ҳамчунин барои сайёҳони дохиливу хориҷӣ раводид низ омода мекардааст. Ӯ мегӯяд, боре ҳам бо муштариён сари маблағ баҳсҳои додгоҳӣ надоштаанд.
Як писари Муқим Ашӯров бо духтари Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон оиладор шудааст. Ашӯров мегӯяд, фаъолияти кории ӯву фарзандонаш ба хешу табор ё қудояш вобастагие надорад.
«Аз соли 1992 ба Чин рафта меоям. Баъзе мизоҷонро бурда борашонро гирифта дода меовардам. 32 сол боз бо соҳибкорӣ ва сайёҳӣ машғул ҳастам. Агар хато накунам аз соли 1992 то 2010 ба 400 ё 500 мизоҷ хизмат кардаам. Баъди он ин тиҷоратро ба фарзандонам дода, худам ба кишоварзӣ машғул шудам,»-гуфт Муқим Ашӯров.
Боздошт ва раҳоии Муқим Ашӯров дар ҳолест, ки расонаҳои таҳқиқгар ду моҳ пеш моликияти баъзе аз пайвандони Қоҳир Расулзодаро дар Суғду Душанбе ва Дубай ошкор карданд ва ин гузориш дар шабакаҳои иҷтимоӣ боиси баҳсҳои зиёд шуд.
Муҳаққиқони OCCRP Маркази пажӯҳиши фасод ва ҷиноятҳои созмонёфта моҳи майи имсол дар доираи тарҳи "Dubai Unlocked" санадҳоеро дар бораи моликияти Иқболхон Нозирова (Ихболхон Назирова), ҳамсари Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон, дар Дубай ёфтаанд. Бино ба ин санадҳо, хонум Нозирова (Назирова) соҳиби ду вилла ё кӯшке дар Дубай будааст, ки арзиши онҳо дар умум ба зиёда аз 1 миллиону 436 ҳазор доллар мерасад.
Баъд аз як рӯзи нашри хабар дар сомонаи Радиои Озодӣ, бо имзои "Котиботи Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз имейле, ки зоҳиран ба сарвазир тааллуқ дорад, номае расид, ки дар он гуфта мешавад (айнан): "Ҷавобан ба гузориши Радиои озодӣ аз 16 майи соли 2024, ки аз ҷумла дар шабакаҳои иҷтимоӣ интишор шуд, иттилоъ медиҳем, ки маълумоти ин хабар дар бораи ба ҳамсари Сарвазири Тоҷикистон мансуб будани виллаҳо асоси воқеӣ надорад ва ба ҳақиқат рост намеояд." Аммо дар гузориши OCCRP хонаҳое, ки ба ҳамсари нахуствазир рабт дода мешаванд, бо суроғаашон дар шаҳри Дубай нишон дода шудааст.
Дар ин таҳқиқот ҳамчунин омадааст, Фарангиз Азимова, духтари Қоҳир Расулзода ва Ихболхон Назирова (Иқболхон Нозирова) низ дар Дубай амволи ғайриманқул дорад. Вай соли 2011, замоне ки ҳамагӣ 24 сол дошт, дар маҳаллаи “Meadows” як “вилла” гирифтааст. Арзиши ин хона феълан ҳудуди 5 миллиону 400 ҳазор доллар баровард мешавад. Дар ҳоле ки Фарангиз Азимова метавонад аз сармоягузорӣ ва тиҷоратҳои шавҳараш Зафар Азимов, соҳибкор ва писари сарвазири собиқи Тоҷикистон Яҳё Азимов баҳраёб шавад, иттилоъ дар бораи манбаи сарвати модараш вуҷуд надорад.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Баҳси $320 ҳазор. Боздошти Муқим Ашӯров, қудои сарвазири ТоҷикистонСарвати пурасрор. Ҳамсари сарвазири Тоҷикистон чӣ гуна дар Дубай соҳиби хона шуд?Dubai Unlocked: Ифшои маълумот дар бораи "вилла"-ҳои ҳамсари Қоҳир Расулзода