Дар бетартибиҳои Бангладеш даҳҳо кас кушта шудааст

Дар натиҷаи задухурди маъмурони пулис бо донишҷӯёни норозӣ дар шаҳри Дакка, пойтахти Бангладеш даҳҳо кас кушта ва садҳо нафари дигар захмӣ шудааст.

Ҳамчунин бинои телевизиони давлатии "BTV" оташ гирифтааст. Хабаргузории "AFP" иттилоъ дода, ки дар натиҷаи бетартибиҳо алайҳи низоми квотаҳо ба хидмати давлатӣ дар Бангладеш, 32 кас ҷон бохтааст. Мақомоти Бангладеш гуфтанд, бинои телевизиони давлатиро эътирозгарон оташ заданд.

Дар саҳифаи расмии телевизион дар шабакаҳои иҷтимоӣ навишта шудааст, ки дар дохили бино одамон қарор доранд ва наметавонанд ба берун бароянд.

Вазорати иттилооти Бангладеш хабар дод, ки пахши барномаҳои телевизион қатъ шуда, бештари кормандон тавонистаанд биноро тарк кунанд.

Донишҷӯёни Бангладеш дар эътироз ба низоми квотаҳо ба мансабҳои давлатӣ даст ба эътироз заданд. Онҳо мегӯянд, сеяки ҷойҳои корӣ дар идораҳои давлатӣ, ба номи хешовандони онҳое, ки барои истиқлоли кишвар аз Покистон дар соли 1971 ҷангидаанд, банд карда шудааст.