Мушкили Windows боиси қатъи кори фурудгоҳ дар чанд кишвар шуд

Беш аз ҳазор парвоз бекор шудааст

Бо сабаби пайдо шудани мушкил дар барномаи компютерии Windows, фурудгоҳ, истгоҳҳои роҳи оҳан, бонкҳо, марказҳои тиҷоратӣ, шабакаҳои телевизионӣ, идораҳои давлатӣ, беморхона ва дорухонаҳо дар чандин кишвари дунё аз кор монданд.

Ин вазъ рӯзи 19-уми июл кори даҳҳо ширкатро дар ИМА, Австралия, Зеландияи Нав, Ҷопон, Ҳиндустон, Ҳонконг, Туркия, Исроил, Африқои Ҷанубӣ, Бритониёи Кабир ва чанд кишвари Аврупо ба мушкил дучор кард.

Ширкатҳои бузурги ҳавопаймоии дунё парвозҳои худро қатъ карданд. То ин дам дар бораи бекор шудани 1078 парвоз хабар дода шуд. Мусофирони зиёде дар фурудгоҳҳо ҷамъ шудаанд.

Биржаи Лондон нашри хабарҳоро қатъ кардааст.

Телевизиони бритониёии Sky News ва шабакаҳои телевизионӣ дар чанд кишвари дигар пахши барномаҳои худро қатъ карданд.

Ширкати Microsoft тасдиқ кард, ки дар кори низоми Windows 10 мушкил пеш омадааст. Ширкат гуфтааст, ин ягон ҳамлаи киберӣ нест, балки мушкил дар вақти навсозии барномаи зиддивирусии CrowdStrike пеш омад.

Microsoft гуфтааст, “чораҳои ба эътидол овардани вазъ”-ро рӯйи даст гирифтааст.