Додгоҳи Русия хабарнигори амрикоиро ба 16 сол зиндон маҳкум кард

Додгоҳи вилоятии Свердловски Русия Эван Гершкович, хабарнигори нашрияи амрикоии "The Wall Street Journal"-ро бо иттиҳоми ҷосусӣ ба 16 соли зиндон маҳкум кард. Ҳукми 19-уми июл содир шуд. Рӯзноманигор дар додгоҳ иттиҳомро рад кардааст.

Додситон барои Гершкович 18 соли зиндон талаб карда буд. Баррасии парвандаи хабарнигор дар додгоҳ ҳамагӣ 2 рӯз ва паси дарҳои баста гузашт.

Расонаҳо менависанд, ба эҳтимоли зиёд 18-уми июл додгоҳ Вячеслав Вегнер, вакили маҷлиси вилояти Свердловскро пурсидааст. Ӯ нишон додааст, ки рӯзноманигор аз ӯ дар бораи муносибати одамон ба гуруҳи муздурии “Вагнер” мусоҳиба гирифтааст.

Эван Гершкович 29-уми марти соли 2023 дар шаҳри Екатеринбурги минтақаи Урал боздошт шуд. Мақомоти Русия ӯро барои кӯшиши ба даст овардани маълумоти сиррии ҳарбӣ гумонбар дониста, вале далелу исботи иттиҳоми худро пешкаш накарданд. Гершкович, кордиҳандааш ва ҳукумати Амрико иттиҳомро напазируфта, онро дорои ангезаҳои сиёсӣ донистанд.

Эван Гершкович, ки дар оилаи муҳоҷирони Шӯравӣ дар Амрико таваллуд шуда, аввалин журналисти амрикоист, ки баъд аз Ҷанги Сард дар Русия ҳабс ва ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.