Тибқи иттилои хабаргузории beIN Sports, дар Деҳаи олимпӣ, воқеъ дар шимоли Париж, беш аз 14 ҳазор нафар, аз ҷумла 9 ҳазор варзишгар зиндагӣ хоҳанд кард.
Масоҳати Деҳаи олимпӣ 52 гектарро ташкил медиҳад. Он дар байни ноҳияҳои Сен-Оуэн, Сен-Дени ва Ил-Сен-Дени, дар наздикии варзишгоҳи “Стад де Франс” ҷойгир аст.
Дар деҳа 40 бинои гуногуни истиқоматии камошёна, инчунин иншооти таълимӣ, толорҳои варзишӣ, дармонгоҳ ва маркази зиддидопинг мавҷуданд. Кори деҳаро 4000 коргар ва тақрибан 1500 нафар ихтиёриён пеш мебаранд.
Бозиҳои XXXIII тобистонаи олимпӣ дар пойтахти Фаронса аз 26-уми июл то 11-уми август баргузор мешаванд. Варзишгарон аз 206 кишвари ҷаҳон барои 329 маҷмуи медалҳо дар 32 намуд рқобат мекунанд.
Дар Олимпиадаи Париж Тоҷикистонро 14 варзишгар - шаш нафар дар риштаи ҷудо, се кас дар намуди бокс, якнафарӣ дар риштаҳои таеквондо ва гуштии озод, инчунин ду шиновар ва як даванда намояндагӣ хоҳанд кард.
Дар Бозиҳои олимпии соли 2024 Эмомалӣ Нуралӣ, Беҳрӯзи Хоҷазода, Сомон Маҳмадбеков, Комроншоҳ Устопириён, Ҷаҳонгир Маҷидов ва Темур Раҳимов - дар риштаи ҷудо; Баҳодур Усмонов, Миҷгона Самадова ва Давлат Болтаев - дар риштаи бокс; Мунира Абдусаломова дар риштаи таеквондо; Виктор Рассадин дар риштаи гуштии озод; Екатерина Бордачёва ва Фахриддин Мадкамов - дар шиноварӣ, Фаворис Музрапов дар варзиши сабук ширкат меварзанд.
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва ширкати миллии букмекерии Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Формула-55” варзишгарони кишварро, ки Тоҷикистонро дар Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж 2024 муаррифӣ мекунанд, бо ҷоизаҳои молӣ қадрдонӣ намуданд.
Ба варзишгарони тоҷик, ки имтиёзҳо ва меъёрҳои муқарраргардидаи заруриро ба даст оварда, роҳхатҳои мустақими олимпиро касб кардаанд, 10 ҳазор сомонӣ ва ба варзишгароне, ки квота ва ё ҷойҳои универсалиро соҳиб шудаанд, 5 ҳазор сомонӣ супурда шуд.
Маросими ифтитоҳи Бозиҳои олимпӣ дар Париж, ки 26-уми июл баргузор мешавад, бори аввал берун аз варзишгоҳ, атрофи манораи Эйфел ва паради ҳайатҳо тариқи қайиқ қад-қади дарёи Сена доир мегардад. Масири шашкилометрии парад намоишҳои фарҳангӣ ва манзараҳои ёдгориҳои Парижро дар бар мегирад.
Темур Раҳимов, варзишгари машҳури тоҷик дар риштаи ҷудо, парчамбардори ҳайати варзишии Тоҷикистон дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар Париж интихоб шудааст.
Дар асоси муқаррароти низомномаи Ҷоизаи президенти Тоҷикистон ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ, аз он ҷумла варзишгароне, ки дар Бозиҳои олимпӣ сазовори медали тилло мешаванд, ба маблағи 300 000 сомонӣ ҷоизаи молӣ мегиранд. Барои медали нуқраи олимпӣ 250 000 сомонӣ ва барои медали биринҷӣ 200 000 сомонӣ ҷоизапулӣ супурда хоҳад шуд.
Ҳамчунин бо қарори раиси шаҳри Душанбе ба онҳое, ки дар Олимпиадаи Париж-2024 барандагони медали тилло мешаванд, манзили сеҳуҷрагӣ, медали нуқра - дуҳуҷрагӣ ва медали биринҷӣ манзили якҳуҷрагӣ тақдим мегардад.