Дастрасии кишоварзони Осиёи Марказӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон ба оби обёрӣ сол ба сол сахттар мешавад ва теъдоди зиёде аз онҳо аз кишти зироатҳои обталаб даст мекашанду саъй мекунанд, аз ҳар роҳе боғу дарахтони худро сарсабз нигаҳ доранд.
Манбаи оби Тоҷикистону Қирғизистону Узбекистон тақрибан як аст ва камобӣ барои иқтисоди умдатан кишоварзии онҳо хатари бузурге эҷод мекунад. Ҳоло кишоварзони се кишвар барои об мубориза мебаранд ва саъй доранд, худро ба шароити камобӣ мутобиқ кунанд.
Кишоварзони Осиёи Марказӣ, ки ба бӯҳрони афзояндаи камобӣ дар водии Фарғона рӯ ба рӯ ҳастанд, барои дастрасӣ ба об гоҳо даст ба гиребон мешаванд.
Амирбек Қаразоқов, кишоварзи қирғиз мегӯяд, “об сарвати бебаҳои инҷост. Ба сабаби камии об дар Самарқандак, ҳосил нобуд шуд. Мо имсол кишт намекунем. Худо кунад, ки хуб шавад. Ман умедворам, ки имсол зироатҳоро чаҳор ё панҷ бор об мемонам.”
Видеоро инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Тағйири иқлим, сиёсатҳои номуносиб, зербунёдҳои вайрона мушкилоти камобиро зиёдтар кардаанд. Бисёре аз кишоварзон кишти зироатҳои пешинаро бас кардаанд. Баъзе аз деҳқонони қирғиз пойбанди маҷрои обе ҳастанд, ки аз Тоҷикистон сарчашма мегирад.
Амирбек Қаразоқов, кишоварзи қирғиз гуфт, “дар онҷо дарғоти об аст ва онҳо намегузоранд, об биёяд. Мо он тараф рафта наметавонем. Агар тоҷикон бар асоси қарордод обро сар медоданд, мо мушкиле намедоштем. “
Чунин даъво барои об аз ҳарду тараф дар гузашта сабаби ҷангу муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон шудааст. Водии Фарғона, ки хонаи 9 миллион нафар аст ва заминҳои ҳосилхез дорад, садсолаҳо пахта парвариш кардаву матоъ офаридааст. Ҳоло деҳқонон маҷбуранд, аз баъзе зироатҳо даст кашанд.
«Дар гузашта вазъи обёрӣ беҳтар буд, шояд аз он сабаб ки насосҳои обкашӣ нав буданд. Ҳоло аз об танқисӣ мекашем. Насосҳо аз кор мемонанд. Қаблан пиёзу бодирингу помидор кишт мекардем. Ҳоло наметавонем, фақат дарахт дорем,”- мегӯяд, Сулаймон Каримов, кишоварзи қирғиз.
Ин ҳамсуҳбати мо афзуд, одамоне, ки 30 сол зиндагӣ кардаанд, бинобар сабаби камобӣ аз инҷо мераванд. «Онҳо барои кор ба Бишкек ва ё Русия мераванд. Мо инҷо истода ва ба тақдир тан додаем. Мо инҷоро тарк карда наметавонем ва ба ҷое ҳам рафта наметавонем. Бисёре аз ҷавонон мераванд. Калонсолоне мисли мо бо ҳамон обе, ки ҳаст қаноат кардаем. Зардолу ва чорво дорем. Ҳамингуна зиндагӣ мекунем. “
Дар он тарафи марз дар Тоҷикистон ҳам аҳволи кишоварзон беҳтар аз ин нест.
Ҳабибулло Турсунқулов, кишоварзи тоҷикистонӣ ба ёд меорад, ки дар вақти хурдсолии ӯ, камбуди об тақрибан набуд. “Деҳаи мо ҳамеша сероб буд. Ҳоло об кам аст, ё сабаби иқлим, ё сабабҳои табиии дигар. Оби деҳаи мо аз Қирғизистон меояд. Аввалин бор дар таърих мо маҷбур шудем, аз мошинҳои обкашӣ об бихарем. Пеш ингуна набуд, ҳавзу чоҳҳои мо пур аз об буд.”
Бар асоси қонун дар Узбекистон, деҳқонон бояд обро сарфаҷӯӣ кунанд. Мусоҷон Қосимов, кишоварзи узбек мегӯяд, ба дарахтони зардолуи канори роҳ дар як сол фақат як бор об медиҳанд, чун фақат як бор навбати об мерасад. «Баргҳояшон аввали тирамоҳ мерезад. Барои ҳалли ин мушкил бояд ба обёрии қатрагӣ гузашт. Дар ҳамаҷо бояд ҳавз сохт, ки зимистон об ҷамъ кунем. Дигар роҳе нест. Талаби раиси ҷумҳур ҳамин аст.”
Усули обёрии қатрагӣ, истифода аз обро 60 дар сад камтар мекунад, вале бо ин ҳам мушкили доимии камобӣ ҳал намешавад. Ҳаҷми обҳои зеризаминӣ ҳам коҳиш ёфтааст.
Элёр Тошбоев, кишоварзи узбек мегӯяд, “шаш сол пеш, ки мо чоҳ кандем, об панҷ метр поинтар рафтааст. Ҳар сол як метр поин меравад, барои ҳамин бояд амиқтар канем. “
Тақрибан нисфе аз иқтисоди минтақа аз ҳисоби кишоварзӣ аст ва интизор меравад, хушксолӣ дар ин минтақа бадтар шавад. Тарс аз ин аст, ки ҳосили зироатҳо ҳам камтар мешаваду мардуми зиёде ҳам барои дарёфти рӯзии беҳтар аз инҷо бираванд.