Дар ҳамон як ҳафтаи боздошти Усмонзода ҳамчунин чанд чеҳраи саршинос низ боздошт шуданд. Мақомот шарҳ намедиҳанд, вале сокинон ин боздоштҳоро ба эҳтимоли табаддулот рабт медиҳанд.
“Пухтарасида”?
Аммо то куҷо эҳтимоли талоши табаддулоти давлатӣ дар шароити феълии Тоҷикистон ҷой дошта метавонад?
Азиз Нуруллоев, сиёсатшиноси тоҷики муқими ИМА мегӯяд, «талаби дигаргуниҳо дар дохили гурӯҳҳои саромад кайҳо пухта расидааст, зеро инҳисори захираҳо дар дасти на ин ки як минтақа, балки як авлоди бо ин ё он роҳ пайванд бо президенти кишвар заминаи табиии бархӯрди манфиатҳост».
Вале Темур Умаров, ходими илмии Маркази мутолеоти Русия ва Авруосиёи Карнегӣ дар Берлин ба эҳтимоли тарҳи табаддулоти давлатӣ шубҳа дорад. Ба ақидаи вай, давлатҳои худкома аксаран бо чунин иттиҳом аз афроди норозӣ ё барои давлат хатарнок ё онҳое, ки ягон маълумоти калон ва муҳимро дар даст доранд, раҳоӣ меёбанд.
«Инҷо ба эҳтимоли зиёд метавонем дар ин бора суҳбат кунем, ки кадом як тавофуқе вуҷуд доштааст, ки амалӣ намешуд ва ба ин хотир Усмонзода, ки ҳамеша фарди ба режими Эмомалӣ Раҳмон шадидан вафодор буд, дигар нодаркор шуд», - ҳадс мезанад Умаров.
Азиз Нуруллоев ба он таваҷҷуҳ мекунад, ки «дар муҳити сиёсии феълӣ дар дохили Тоҷикистон шахс ё гуруҳе вуҷуд надорад, ки истиқлолият нишон дода бошад. Чеҳраҳои боздоштшудае, ки ҳоло мақомот дар бораашон мегӯяд, чунин набуданд. Агар онҳо дар аҳди шукуфоӣ, қудрату нуфуз ва тавоноии сиёсияшон натавонистанд низомро ба чолиш бикашанд (Искандаров, Зарифӣ, Салимов ва дигарон дар назар аст), пас дар ин синну сол, ки маъруфияти худро аз даст додаанд, ба сахтӣ имконпазир аст»,- мегӯяд Нуруллоев.
Таҳлилгарони дигар дар дохили кишвар низ ин ақидаро ҳимоят мекунанд, ки ҳеч яке аз боздоштшудаҳо ҷойгоҳи сиёсӣ ва пойгоҳи иҷтимоие надоранд, ки тавонанд, даъвои қудрат кунанд. Вале як коршиноси умури сиёсӣ, ки нахост номаш зикр шавад, гуфт, «шароиту вазъияти ғайриодӣ метавонад афроди ношинохтаро ба амалҳои ғайримунтазира таҳрик диҳанд. Гузашта аз ин раиси пешини Ҳизби демократ Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, раҳбари ҳизби таъсиснаёфтаи «Тоҷикистони Нав» Зайд Саидов, раҳбари ҳизби бепойгоҳи сотсиал-демократи Тоҷикистон Раҳматилло Зоиров ё пеш аз онҳо раҳбари ҳизби сабтнашудаи «Тараққиёт» Султон Қувват ҳам амалан хатари зиёде ба ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон надоштанд, вале давлат ҳама корро кард, то аз саҳна ронда ё зиндонӣ шаванд.
Усмонзода ҳамчун раҳбари ҳизб ва узви порлумон дар сурати тағйири ақидааш аз садоқат ба Раҳмон то эътироз аз амалҳои ӯ метавонист ба саҳна ояд ва дар муддати кутоҳ пешвои омма барои тағйири вазъият шавад», мегӯяд ин таҳлилгар ва меафзояд, «хоса агар аз берун ваъдаи кӯмак шавад».
Дасти беруна?
Шарофиддин Гадоев, муовини раиси Паймони миллӣ, як созмони мухолифи ҳукумат ва мамнуъ дар Тоҷикистон, дар суҳбате як рӯз баъди боздошт қазияи як генерали русро расонаӣ кард, ки гӯё Усмонзодаро водор ба чунин тағйири мавқеъ карда бошад.
Лекин Темур Умаров бар ин аст, ки Маскав хостори ба хатар андохтани субот дар Тоҷикистон нест ва алҳол зарурате надорад, «Раҳмонеро, ки Путинро аз дерзамоне мешиносад ва ба андозаи кофӣ ба ӯ эътимод дорад, иваз кунад”.
Бархилофи Умаров, Андрей Серенко, коршиноси рус, эҳтимоли «муборизаҳои дохилӣ барои қудрат» ва омодагиҳо ба тағйири саҳнаро ба муносибати гузариши ҳукумат аз падар ба писар истино намешуморад, ҳарчанд дахолати Маскавро дар он рад мекунад. Серенко мегӯяд, шунидааст, ки дар Маскав роҷеъ ба сатҳи омодагии Рустами Эмомалӣ барои нишастан ба курсии падараш баъзе андешаҳо ҷой доранд.
«Дар ин маврид аз чӣ бошад, мегӯянд, ки нақшаи Раҳмон барои табдили қудрат мумкин Маскавро пурра қонеъ накардааст. Дар айни замон ҳама мефаҳманд, ки дер ё зуд Раҳмон меравад ва суоле пеш меояд, ки ин раванд набояд бадеҳӣ, балки созмонёфта, пайрезишуда ва оқилона бошад», - мегӯяд Андрей Серенко.
Серенко коҳиши нуфузи Русияро дар Осиёи Марказӣ пас аз оғози ҷанг дар Украина эътироф мекунад ва ҳадс мезанад, ки мумкин аст, рақибони Русия, «ҳатто дӯстони он», мехоста бошанд, ояндаи ин минтақаро шакл диҳанд ва аз нигоҳи Маскав «гуруҳи ҳоким бо раҳбарии Раҳмон сусттарин ҳалқаи занҷираи нуфузи Русия дар минтақа аст”.
Рӯзҳои 4 ва 5 июл раҳбари Чин Си Ҷинпин меҳмони Эмомалӣ Раҳмон буд, ба ӯ медали «Дӯстӣ» тақдим кард ва гуфт, ду кишвар ба сатҳи коршарикии стратегии комил ворид шудаанд. Вай ҳамчунин ишора кард, ки Чин дар ҳама ҳолат дар канори Тоҷикистон қарор хоҳад дошт ва тамомияти арзии онро эҳтиром хоҳад кард. Рӯшан нест, ин баёнияҳо муқаррарӣ буданд ё барои «гӯшҳои муайяне» садо доданд.
Азиз Нуруллоев мегӯяд, Чин ба фарқ аз ҳар кишвару қудрати дигар гузариши ҳукуматро кори сирфан дохилии мамлакатҳо мешуморад, вале ҳам Пекин ва ҳам Маскавро ин пурсиш машғул медорад, ки оё вориси Эмомалӣ Раҳмон суботи ҳозираро нигоҳ дошта метавонад?
Изтироби дарозумрон?
Бо вуҷуди ин, хабари боздоштҳои ахирро Нуруллоев бештар ба муборизаи байниҳамии идораҳо ва гуруҳҳои дохили система пайванд медиҳад. Коршиноси дигари муқими Душанбе ба шарти зикр нашудани номаш бо андешаҳои амниятӣ мегӯяд, «чанде аз вазирони дарозумрро изтироб пахш кардааст, чун аз падар ба писар гузаштани ҳокимият табъан тағйири ҳайати кобинаро низ дар назар дорад. Вале маълум нест, ин тағйир чӣ гуна сурат мегирад ва ҳабс шудани Ҳамрохон Зарифӣ ва Акбаршоҳ Искандаров решаи изтироби онҳост».
Дар посух ба суоли он ки инҳо «собиқҳо» ҳастанд, на амалкунанда, таҳлилгар гуфт, «мақсад ин аст, ки фазо бояд ба сатҳи Рустам оварда шавад ва ҳеч симои болотар аз ӯ дорои нуфуз набошад».
Ба ҳар тартиб маълум нест, охири ин ришта ба куҷо хоҳад кашонд. Як манбаи наздик ба тафтишот ба шарти ифшо нашудани номаш рӯзи 2 июл ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳоло Усмонзода даҳҳо нафарро ҳамдасти худ дар талоши табаддулот номида, сабаби даъвати онҳо ба бозпурсӣ шудааст. Муфаттишон бархе аз онҳоро бо Усмонзода рӯбарӯ карданд. Усмонзода дар рӯйи ин афрод гуфт, магар ёд надоранд, ки бо ҳам машварат карда буданд. Вале ин шахсон чунин гуфтугузорро комилан рад карданд.
Яке аз нукоти мармузи қазия ин аст, ки дар мавридҳои пешина мақомот ҳамеша мавзуи табаддулот ё ғасби қудратро бузургнамо мекарданд, вале ин бор корҳо ором идома доранд ва тафтишот, ҳарчанд аз рӯзи боздошти Усмонзода беш аз як моҳ мегузарад, чизе намегӯянд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Манобеъ: Аҳмадшоҳ Комилзода боздошт шудаастМанобеъ: "Акбаршоҳ Искандаровро ба бозпурсӣ бурда, ҷавоб надоданд"Ба парвандаи Усмонзода "муҳри махфӣ" заданд“Ҳамроҳхон Зарифӣ боздошт шудааст”Шарофиддин Гадоев: "Боздошти Усмонзода на ба ман, балки ба як генерали рус рабт дорад"Шарҳи Шокирҷон Ҳакимов дар бораи боздошти УсмонзодаВакили порлумон Саидҷаъфар Усмонзода ба ҳабс гирифта шудааст