Мақомоти Узбекистон алайҳи як рӯзноманигори тоҷики ин кишвар бо иттиҳоми паҳн кардани "маводе, ки ба амнияти ҷамъиятӣ таҳдид мекунанд", парванда кушодаанд. Салим Иномзода рӯзноманигор ва муттасаддии гурӯҳи "Тоҷикони Узбекистон" дар Фейсбук 13-уми июл боздошт шудааст.
Ба иттилои се манбаъ, ӯ феълан дар боздоштгоҳи ноҳияи Мирзо Улуғбеки шаҳри Тошканд қарор дорад.
Бар асоси як санади пулиси ноҳияи Мирзо Улуғбек, алайҳи Салим Иномзода бар асоси моддаи 244 иловаи 1-и Кодекси ҷиноии Узбекистон парванда боз кардаанд. Ин банди қонун истеҳсол ё паҳн кардани маводеро пешбинӣ мекунад, ки ба амнияти ҷамъиятӣ таҳдид мекунад. Аз рӯи ин иттиҳом ба рӯзноманигори тоҷики Узбекистон аз панҷ то ҳашт соли зиндон таҳдид мекунад.
Дар санади пулиси ноҳияи Мирзо Улуғбек омадааст, Салим Иномзода моҳи октябри соли 2022 суруди овозхони тоҷик Афзалшоҳ Шодиев дар бораи "Самарқанду Бухоро"-ро паҳн кардааст. Дар санад омадааст, суруд 3 дақиқаву 54 сония буда, дорои "хусусияти динӣ ва ҷудоиандозӣ" (сепаратизм) аст.
Суруди Афзалшоҳ Шодиев дар бораи "Самарқанду Бухоро" соли 2013 пахш шудааст. Овозхон сурудро дар замоне сароид, ки равобити Тоҷикистону Узбекистон сард буд ва миёни ду кишвар низоми раводид амал мекард.
Салим Иномзода 58 сол дошта, рӯзноманигор аст ва чанд муддат дар рӯзномаи "Овози Тоҷик" кор кардааст.
Фаъолони фарҳангии тоҷикони Узбекистон дар Бухоро ва Самарқанду Тошканд рӯзи 12-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфтанд, боздошти Салим Иномзода онҳоро нигарон кардааст. Яке аз онҳо бидуни зикри номаш гуфт, мақомот дигар муҳаррирону мутассадиёни сафҳаи "Тоҷикони Узбекистон" - ро ҳам ба бозпурсӣ даъват кардаанд. Аз ҷумла манобеи Озодӣ гуфтанд, пулиси Узбекистон Эркин Рӯзиев, як муҳаррир (админ)-и гурӯҳи фейсбукии "Тоҷикони Узбекистон"-ро дар Бухоро боздошт карда, барои бозпурсӣ ба шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Мирзо Улуғбек бурданд.
Дар вокуниш ба хабари боздошти хабарнигори тоҷик дар Узбекистон Афзалшо Шодиев, Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон ин хабарро боиси таассуф хонд ва изҳори умедворӣ кард, ки базудӣ “мушкили ӯ осон шавад”.
Рӯзи 15 июл дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ овозхони маъруф гуфт, дар бораи Самарқанду Бухоро таронаҳои зиёде сурудааст ва дар бораи он суруде гап меравад, ки оҳанги гиламандӣ барои бастани мактабҳои тоҷикӣ ва поин рафтани мавқеи забону фарҳанги тоҷикӣ байни тоҷикзабонони ду вилояти сераҳолии Узбекистон дорад.
Афзалшо Шодиев гуфт, ки худаш бемонеа ба тую маросими шаҳрвандони Узбекистон рафта меояд ва чанде пеш дар чорабинии давлатии ин кишвр ҳам иштирок кардааст.
Гуруҳи "Тоҷикони Узбекистон" як гурӯҳи фарҳангӣ дар Фейсбук аст ва асосан матолиби фарҳангӣ дар бораи тоҷикони Узбекистон ва ё робитаҳои фарҳангии Тоҷикистону Узбекистон нашр мекунад. Тақрибан 15 ҳазор узв дорад.