Ҷузъиёти марги сокини маҳаллӣ нашр намешавад, вале ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон, шоми он рӯз борону сели зиёде қитъаи боғи мактаби миёнаи деҳа ва ҳам манзилҳои истиқоматиро зер кард.
Борони зиёде рӯзи шанбе инчунин дар ҳудуди деҳаи Пасрӯди ноҳияи Айнӣ, ҷамоати деҳоти Косатарош, Шинг, Лоиқ Шералӣ ва Воруи шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд боиси омадани сел шуд ва ба роҳҳову заминҳои кишоварзӣ ва хатҳои барқ осеб расонид.
Дар паи борони зиёд дар деҳаи Падроғи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ 200 метр заҳбур, 50 гектар замини кишоварзӣ, 10 гектар замини картошка ва 200 метр роҳи маҳаллӣ зери об монд.
Кумита хабар додааст, ки барои кӯмак ба мардум дар ин офати табиӣ гурӯҳи корӣ иборат аз 15 нафар сафарбар шуд. Ин ниҳод ҳушдор додааст, ки то 15 июл хатари сар задани сел, лағзиши сангреза, боло рафтани сатҳи об дар рӯдхонаҳо ва обанборҳо боқӣ мемонад.