Рӯзи 14 июл дар натиҷаи омадани сел дар як қатор ноҳияҳои вилояти Ӯши Қирғизистон чаҳор кас бедарак шудааст.
Шаҳрдории Ӯш гуфт, дар ҳоли ҳозир ҷустуҷӯи бедаракшудаҳо, модар ва се духтараш идома дорад. Онҳо замони омадани сел дар истироҳатгоҳи Толойкон қарор доштаанд.
Ҳамчунин як нафар дар зери чархи мошини боркаши "КАМАЗ", ки беҷошудаҳоро ба ҷои бехавф интиқол медод, ҷон бохтааст.
"Сел ба 15 мошин осеб расонда, дар маҷмуъ 134 бинои зист зери об мондаааст ва 17 бино хароб шудааст", - омадааст дар иттилоияи шаҳрдорӣ.
Дар шаҳру вилояти Ӯш ба далели омадани сел вазъи фавқулода эълом шуда, корҳои бартарафсозии оқибатҳо шуруъ шудааст.