“Вақте ман гуфтам, бас аст, тамом. Вай гуфт, сабр кун як бори дигар мезанам, баъд тамом. Ба тарафи девор гардонду бо электрошокер ба пойи дуюмам зад.”
Ин нақли Азамат, як муҳоҷири қирғиз аз рӯзҳои нигаҳдориаш дар боздоштгоҳи Сахаровои Маскав аст. Барои Азамат ба ёд овардани он рӯзҳое, ки дар Сахарово аз сар гузаронд, хеле сахт аст. Ин муҳоҷири қирғизистонӣ 17 рӯз дар боздоштгоҳи муваққатии хориҷиён буд. Дар ин муддат борҳо шиканҷа шудааст.
"Вақте насаби туро мегиранд, ба долон мебароӣ ва медавӣ. Вақте ман баромадам вай ба пуштам зад ва гуфт, "бидав". Ман дар долон давидам. Вай дод зад “Насабат чист. Баланд бигӯ." Ман гуфтам. "ба тарафи рост" фармон дод, ки онҷо як утоқи кафелпӯши монанд ба ҳаммом буд. Онҷо маро маҷбур карданд, ки дастонамро боло ва пойҳоямро аз ҳам дур монам ва бо электрошокер заданд,»-мегӯяд ин муҳоҷири қирғиз.
Ба нақли Азамат қариб панҷ бор ӯро бо барқ шиканҷа карданд. Баъди он тамоми баданаш дард кардаву меларзидааст. Дар як утоқ то 10 нафар дар катҳои оҳанин мехобидаанд.
Видеоро инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Қаҳрамони гузориши мо мегӯяд, хӯроки онҷо қобили хурдан набуд. "Ҳар рӯз як ғизое медодаанд, ки хурданаш номумкин буд. Мисли зиндон дар косаву пиёлаҳои алюминӣ ҳар рӯз бо аробача хӯрок меоварданд. Стаканҳоро қатор чинда дар он аз сатил оби ҷӯшомада мерехтанд. Дар як рӯз як бор ва барои як соат ба ҳавои тоза мебароварданд. Он як қафасе аст, ки аз чаҳор тараф бо сеткаи металикӣ маҳкам карда шудааст.»
Азаматро барои надоштани сабти иқомат ва дафтарчаи меҳнатӣ ба боздоштгоҳи муваққатӣ оварда буданд. Ӯ дар як рейд моҳи июни соли 2022 дастгир шуда буд. Ӯ беш аз 10 сол боз дар Русия кору зиндагӣ мекард. Баъди боздошт додгоҳ амр кард, ки Азамат хориҷ карда шавад. Вай панҷ сол аз ҳаққи вуруд ба Русея маҳрум шуд. Азаматро бо дастони баста ба фурӯдгоҳ оварданд. Ҳамроҳи ӯ 38 муҳоҷир аз қирғизистону Тоҷикистон ва Узбекистонро ҳам хориҷ карданд.
Азамат мегӯяд, рӯзҳои дар боздоштгоҳи «Сахарово» гузарондаашро фаромӯш накардааст. Бадтар аз ин, ҳамсуҳбати мо мегӯяд, «касе, ки як бор ба он ҷо афтидааст, ба пулис ва нерӯҳои Омон нафрат пайдо мекунад. Ман дигар нияти бозгашт ба Русияро надорам. Он ҷо дигар дуруст кардани санадҳо душвор, фишор бештар ва зиндагӣ схат шудааст.”
Азамат барои шиканқа дар “Сахарово” ба Сафорати Қирғизистон дар Маскав муроҷиат кард. Ваъда доданд, ки кумиссиюне ташкил карда, ба мақомоти қудратӣ ва додгоҳ шикоят мебаранд. Дипломатҳо бо ин муҳоҷир чанд бор тамос гирифтанд ва бо ҳамин дигар нопадид шуданд.
Хабарнигорони лоиҳаи Мигрант Медиа дар робита ба ин мавзӯъ ба Вазорати корҳои хориҷаи Қирғизистон муроҷиат карданд, аммо ҳанӯзҳ посух наомадааст.
Ба гуфтаи Азамат дар боздоштгоҳи муваққатии «Сахарово» муҳоҷирон то ба ҳол шиканҷаву табъиз мешаванд. Як ҳамдеҳаи дигари ӯ ҳам, ки ду моҳ пеш аз Русия ронда шуд, ин озору азиятро аз сар гузарондааст.
Рустам, муҳоҷири қирғизистонӣ ҳам мегӯяд, дар «Сахарово» онҳоро бо «электрошокер» шиканҷа мекарданд. Рустам ёд надорад, ки чанд бор ӯро бо барқ шиканҷа кардаанд, вале баъди бозгашт ба хона ҳам дастонаш меларзидааст. Муҳоҷири қирғиз мегӯяд, дар давоми 18 рӯз дар ин боздоштгоҳ ӯ борҳо мавриди таҳқиру табъиз қарор гирифтааст.
"Вай пулу чизҳои гаронбаҳоро аз сумкаҳои мо гирифта, ба замин партофт. Кисаҳоро кофт. Ба ман гуфт: “Чизҳоятро аз замин бигир” Вақте ман хам шуда, хостам гирам бо электрошокер зад. Вақте рост мешавӣ, намезанад. Касе натавонист, чизҳояшро аз замин бигирад”
Баъди огоҳ шудан аз қазияи Рустам, Азамат боз ба сафорат муроҷиат кард. Аз ӯ талаб шуд, ки даъвои шиканҷаро исбот кунад.
Муҳоҷир мегӯянд, ин имконнопазир аст, зеро дар боздоштгоҳ телефонҳои онҳоро мегиранд. Азамат мегӯяд, дипломатҳо талоши ҳимоя аз ҳуқуқи шаҳрвандони худро надоранд. Дар Вазорати корҳои хориҷа гуфтанд, ки намояндагони Вазлорати меҳнат бо масъулини “Сахарово” ва муҳоҷирони қирғиз вохӯрдаанд ва касе аз шиканҷа шикоят накардааст.