Се бозигари дастаи "Равшан" аз сафар ба Русия даст кашидаанд

Евгений Гритсенко (аз чап) дарвозабони тими "Равшан"

Дастаи “Равшан”-и Кӯлоб дар мусобиқаи кишварҳои иштироккунандаи Намоишгоҳи байнулмилалии саноатӣ “Иннопром-2024”, ки 11-уми июл дар шаҳри Екатеринбурги Русия ба поён расид, бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуд.

Аз бозигарони "Равшан", се нафари онҳо, легионерҳои украинӣ Евгений Гритсенко (дарвозабон), Дмитрий Павлиш (ҳимоятгар) ва Юрий Батюшин (нимҳимоятгар) аз сафар ба Русия худдорӣ карданд.

Ба иттилои сомонаи Федератсияи футболи вилояти Свердловск, дар Ҷоми “Иннопром-2024”, ки бори аввал доир гардид, чаҳор дастаи касбӣ аз Русия, Сербия, Тоҷикистон ва Узбекистон ширкат дошт: «Урал» (Екатеринбург, Русия), ⁠«Равшан» (Кӯлоб, Тоҷикистон), «Қизилқум» (Зарафшон, Узбекистон), ⁠«ИМТ-Белград» (Сербия)⁠.

Мусобиқа рӯзи 7-уми июл аз бозиҳои даври ниманиҳоӣ шуруъ шуд. Дар нимфинал дастаи «Равшан» дар варзишгоҳи «Екатеринбург Арена» аз тими мизбон - «Урал», ки дар лигаи аввали Русия бозӣ мекунад, бо ҳисоби бузурги 0:5 шикаст хӯрд.

Дар бозии дигари ниманиҳоӣ, ки дар варзишгоҳи Академияи бошгоҳи футболи “Урал” доир гардид, дастаи “Қизилқум” тими «ИМТ-Белград»-ро бо ҳисоби 3:0 мағлуб кард.

Дастаҳои ғолиби даври ниманиҳоӣ ба финалроҳ ёфтанд, тимҳои мағлубшуда барои ҷои севум мубориза бурданд. Бозиҳои ҳалкунанда рӯзҳои 10-11-уми июл доир гардиданд.

Дастаи “Равшан”, ки барои ҷои севум “ИМТ-Белград”-ро аз Суперлигаи Сербия бо ҳисоби бузурги 4:0 шикаст дод, бо медалҳои биринҷӣ сарфароз гашт. Голҳоро Самуэл Оффори, Азизбек Ҳаитов, Бахтиёр Зарипов (ду гол) ба самар расониданд.

“Баъди бохт ба дастаи мизбон – “Урал”, ки рақиби пурқувват аст, бачаҳои мо рӯҳафтода нашуда, ба бозӣ муқобили “ИМТ-Белград” хуб омода шуданд ва мо ғалаба кардем”, - гуфт Амоншо Саодатсайров, мураббии дастаи “Равшан”.

Тими “Урал”, ки дар финал ба дастаи “Қизилқум” аз Суперлигаи Узбекистон бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд, барандаи Ҷоми “Иннопром—2024” ва медалҳои тилло гардид.

Маблағи умумии ҷавоизи мусобиқа 100 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медод. Ба дастаи ғолиб 50 ҳазор доллар, ба дастаи ҷои дувум 30 ҳазор доллар ва ба соҳиби ҷои севум 20 ҳазор доллар тақдим шуд.

Бояд гуфт, ки иҷрокунандаи вазифаи сармураббии дастаи “Равшан” Алӣ Масъуд Назарзода, мутахассиси эронӣ, бо сабаби мушкилӣ барои гирифтани раводид (виза) натавонист ба Екатеринбург сафар намояд.