Аз соли 2009 ба ин сӯ об надоранд. Мардуми Кангурт аз дасти беобӣ ба дод омадаанд

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Мардуми Кангурт аз дасти беобӣ ба дод омадаанд

Дар аксар ноҳияҳои Тоҷикистон сокинон ҳамвора аз камбуди оби ошомиданӣ шикоят мекунанд. Дар ҷануби Тоҷикистон деҳоте ҳаст, ки солҳо об надоранд.

Ҷамоати Гулистони ноҳияи Ҷалоллидини Балхӣ яке аз чунин маконҳои беоб аст.

Дар чанд деҳаи ин ҷамоат оби ошомиданӣ аслан вуҷуд надорад. Обро барои истеъмол ва таҳияи ғизо аз мошин мехаранд, заминҳои полезии онҳо дар беҳтарин ҳолат бо лӯла ё дастгоҳҳои оббарор об дода мешаванд.

Вале чунин имконият ҳам на барои ҳама фароҳам аст. Чун дар заҳбурҳо об кам асту талабгор зиёд ва барои обкашонӣ бояд навбат гирифт.

Файзиддин Исоев, сокини 48-солаи деҳаи дурдасти Кангурти ҷамоати Гулистон чанд соли ахир наметавонад замини назди хонаашро кишт кунад, чун об намерасад. Ӯ дар як сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт:

“Душвор аст, аз назари дастрасӣ ба лӯлаи обкаш ва об азият мешавем, об нест. Худатон заминро бубинед. Зиндагӣ душвор, обро аз мошини обкашонӣ мехарем. Чанд сокини деҳа аз ин ҷо кӯчида рафт, барои ҳама душвор аст. Обро барои дарахтҳо бо лӯла мекашем”.

Дар ин деҳаи дурдаст ҳудуди 80 хонавода зиндагӣ мекунад. Сокинон мегӯянд, мушкили беобии онҳо аз соли 2009 ба ин сӯ давом дорад, вале ин мушкилро мақомот нодида мегиранд. Ӯ мегӯяд:

“(Масъулони) ҷамоат мебинанд, вале коре намекунанд. Оби нӯшиданиро мехарем, ҳолати мо душвор аст, заминҳоямон сӯхтааст. Бо насос (лӯлаи обкашӣ) об мегирем, як ё ду соат об мегирем. Бубинед, мо замин надорем”.

Сокинони ин деҳа мегӯяд, ки дар фасли тобистон талабот ба об зиёд мешавад. Об ба ҳама намерасад. Ҳамзамон барои обкашонӣ пули истифодаи барқ низ зиёд мешавад ва дар натиҷа заминҳои зиёд дар деҳа бидуни кишт мемонанд.

“Барои заминҳои мо об нест, ҳеҷ чиз кошта намешавад, на ба ҳама об мерасад, ҳамсояҳо ҳам об надоранд. Бо лӯла об мегиранд, вале об ба инҷо намеояд”.

Сокинон мегӯянд, бар ивази 100 сомонӣ як чоҳро бо об пур ва аз он барои таҳияи ғизо истифода мекунанд.

Раиси ҷамоати Гулистон нахост дар мавриди камбуди об ва омори хонаводаҳои беоб суҳбат кунад.

Сокинон ноҳияҳои Вахш, Кӯшониён, Панҷ, Хуросон ва Балхи вилояти Хатлон аз мушкили оби ошомиданӣ ва камбуди об барои заминҳои кишт ҳамвора шикоят мекунанд.

Кумитаи замини вилояти Хатлон эътироф кард, ки бо сабаби камбуди об садҳо гектар замин аз гардиши кишоварзӣ мондааст.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 11-уми июн дар сеюмин конфронси ҷаҳонӣ дар мавзӯи об дар Душанбе бештар ба масъалаи камбуди об дар ҷаҳон ишора кард, вале аз камбуди оби ошомиданӣ дар дохили кишвараш чизе нагуфт.

Тибқи иттилои расмӣ, феълан танҳо 40 дарсади аҳолии кишвар дар деҳот аз дастрасии комил ба оби ошомиданӣ бархӯрдоранд. Меъёри дастрасии аҳолӣ ба оби тоза дар навоҳии Тоҷикистон зиёда аз 80 дарсад аст.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Деҳқонони Суғд аз камбуди об шикоят доранд"Норак" аз об пур аст, аммо чаро маҳдудияти барқ аз байн намеравад?