Мулоқоти ӯ бо паноҳҷӯён рӯзи 7-уми июл дар яке аз маҳалҳои минтақаи Хайбар Пахтунхва баргузор шуд. Грандӣ бо сафари серӯза дар Покистон қарор дорад.
Қайсар Афридӣ, намояндаи расмии Комиссариати олии СММ оид ба паноҳандагон ба Радиои Машъал гуфт, ки дар ин мулоқот Грандӣ “нигарониҳои паноҳҷӯёнро шунид ва ба онҳо ваъда дод, ки ин созмон ҳеҷ гоҳ аз пуштибонии онҳо даст намекашад”.
Дар идомаи сафараш Грандӣ инчунин бо мақомоти Покистон ва шарикони ин кишвар оид ба рушд мулоқот хоҳад кард. Сафари Грандӣ дар ҳоле баргузор мешавад, ки Покистон ба ихроҷи паноҳҷӯёни ғайрирасмии афғонистонӣ идома медиҳад.
Бар асоси омори СММ, дар хоки Покистон 3,2 миллион муҳоҷир аз Афғонистон қарор доранд ва 76 дарсади онҳо занҳову кӯдакон мебошанд.