Хурсандӣ аз фаровонии ҳосил ва нигаронӣ аз камхаридории тарбуз. Кишоварзон дар Хатлон шикоят доранд, ки ба иллати камии харидор ҳосили фаровони тарбузро талаф медиҳанд.
Махсусан дар ҷануби Тоҷикистон ҳосили тарбуз зиёд аст, вале харидоронаш андак. Бахтовар Назарзода, яке аз кишоварзонест, ки дар ноҳияи Фархор тарбуз парвариш мекунад. Ӯ мегӯяд: “Мо мардуми деҳқон барои парвариши тарбуз заҳмати зиёд кашидем, аз сабаби набудани харидорон тарбузҳои мо дар замин хобида, вайрон шуда истодаанд. Харидороне, ки меоянд, мехоҳанд, бо нархи паст, нархи арзон бихаранд.”
Бозори умдафурӯшии тарбузу харбуза дар Душанбе дар назари аввал хеле гарму серхаридор намоён мешавад. Дар қатори мошинҳои пурбори тарбузу харбуза одамон зиёд ба назар мерасанд, аммо ҳамагӣ тоҷиранд, ки аз чандон зиёд набудани харидор шикоят доранд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Бахтиёр Қубонов, тоҷир: “Тарбузро аз ноҳияи Фархор меорем. Нарху навояш дар деҳқон қимат аст. Дар ин ҷо арзон дода истодаем. Масалан аз деҳқонҳо бор карда истодаем 12-13 сомонӣ, 9 сомонӣ, дар ин ҷо 5 сомонӣ накашида истодааст, савдоямон суст аст, хай Худоро шукр мегӯем, мешавад бад нест. Ҳозир Афғонистон, Узбакистон, қирғиз набурда истодаанд, ҳамин маҳсулотҳои моро, тарбузи ҳамин тарафро набурда истодаанд. Сабабашро намедонам. “
Комрон Тураев, тоҷир: “Ҳосил фаровон аст. Беҳад бисёр шудааст, хуб шудааст, ба ҳар ҳол мардуми камбағал ҳам тарбуз мехӯрад. Ҳамин тарбузро 8-9 сомонӣ дода истодаем, мақсад то инҷо 12 сомонӣ омадааст. Дар бозор зиёд аст, аз нархи деҳқон арзон дода истодаем.”
Харидорон аз арзонии тарбуз дар мавсими имсола хуррсанданд ва мутмаинанд, ки нархи он ба зудӣ боло нахоҳад рафт. Олим Каримов, харидор: “Ҳар сол дар ин вақт як тарбуз 25-30 сомонӣ буд, имсол шукронаи Худо 10-12 сомонӣ нарх дорад. Нарх қариб ки як баробар поин омадааст.”
Тарбуз яке аз полезиҳои аслии тобистонӣ аст, ки дар Тоҷикистон зиёд мепарваранд. Ба иттилои вазорати кишоварзӣ имсол майдони кишти полезиҳо, яъне тарбузу харбуза дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавии ҷумҳурӣ қариб 18 ҳазор ҳекторро ташкил медиҳад.
Ҳар мавсим ин ё он маҳсулоти кишоварзӣ ҳамин гуна арзон, ё гарон мешавад. Сабақаш он мешавад, ки соли оянда тарбуз камтар кишт ва нархаш болотар хоҳад шуд, аммо маҳсулоти дигаре сарнавишти имсолаи тарбузро хоҳад дошт.