Дар Эрон даври дуввуми интихоботи раёсати ҷумҳурӣ оғоз ёфт, чун дар даври аввал дар рӯзи 28-уми июн ҳеч касе ба қадри кофӣ раъйи мардумро ба даст наовард. Интихобот пас аз марги Иброҳим Раисӣ, президенти собиқи Эрон эълон шуд, ки моҳи май дар натиҷаи суқути чархболаш дар Эрон ба ҳалокат расид.
Дар даври аввали интихобот камтар аз 40 дар сади мардум ширкат карданд ва онро як аломати безории мардум аз сиёсатҳои руҳониёни ҳоким дар Эрон гуфтанд. Дар даври аввали интихобот Масъуд Пизишкиён, вакили мардумӣ ва Саид Ҷалилӣ музокиракунандаи собиқи атомӣ раъйи бештарро ба даст оварданд.
Ҷалилӣ яке аз мушовирони Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари Эрон ва аз ҳалқаи муҳофизакорони ашшадӣ аст. Масъуд Пизишкиён, ки аз соли 2008 вакили мардумӣ аст, аз соли 2016 то соли 2020 муовини раиси порлумони Эрон буд.
Видеоро инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Он замон аксари курсиҳои порлумони Эрон дар дасти вакилону намояндагони муътадил ва ё ислоҳталаб буд. Пизишкиён, шеваҳои маҷбур кардани занон ба пӯшидани ҳиҷобро танқид карда ва хоҳони музокира бо кишварҳои ғарбӣ аст. Айни замон аз низоми исломӣ дар Эрон ҳимоят мекунад ва гуфтааст, ки дар сурати пирӯзӣ сиёсатҳои Хоманаиро пайравӣ хоҳад кард.
Дар даври аввали интихобот бештар аз даҳуним миллион нафар ба тарафдории Масъуд Пизишкиён раъй додаанд ва Саид Ҷалилӣ раъйи нуҳуним миллион касро ба даст овард. Бо вуҷуди даъватҳои Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ барои ширкат дар интихобот, 60 дар сади мардуми бархудор аз ҳаққи раъй дар ин корзор ширкат накарданд, ки инро як аломати безории мардум аз низоми исломӣ медонанд.
Тарафдорони Масъуд Пизишкиён саъй кардаанд, онҳоеро ба интихобот ҷалб созанд, ки ин корзори сиёсиро бойкот карданд. Онҳо мегуфтанд, ки омадани сиёсатмадори тундраве ба мисли Ҷалилӣ ба ҳукумат, сабаби саркӯби бештари мардум ва дар инзивои бештар мондани Эрон мешавад. Тарафдори Саид Ҷалилӣ аз Пизишкиён касеро ҷилва медонанд, ки нисбат ба кишварҳои Ғарб нарм аст ва пешрафти Эронро ба ҳамкориҳои хуб бо он кишварҳо вобаста месозад.
Дигарандешони эронӣ дар хориҷ мардумро ташвиқ мекарданд, ки дар интихобот аслан ширкат накунанд, зеро корзори озоду одилона нест ва интихоботҳои гузашта ҳеч тағйире дар кишвар наовардаанд, чун сухани ниҳоӣ дар сиёсатҳои Эрон аз Алии Хоманаӣ аст.
Раиси ҷумҳур агарчӣ дар ҳукумат фарди муҳим аст, аммо дар бисёре аз масоили муҳими Эрон қарори ниҳоӣ бо хостаи Хоманаӣ қабул мешавад. Иброҳим Раисӣ президенти собиқи Эрон ҳамроҳ бо чанд нафари дигар аз ҷумла вазири умури хориҷӣ рӯзи 19-уми май дар натиҷаи суқути чархбол ба ҳалокат расид.