Мунтахаби Тоҷикистон ба мусобиқаи “Ҷоми шоҳи Тайланд” даъват шудааст

Тими миллии Тоҷикистон бо даъвати Созмони футболи Тайланд дар 50-умин мусобиқаи байналмилалии «King’s Cup» (“Ҷоми шоҳ”), ки дар Тайланд баргузор мешавад, иштирок хоҳад кард.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар мусобиқаи «King’s Cup 2024», ки аз 10-ум то 15-уми октябри имсол дар Тайланд баргузор мешавад, чаҳор тими миллӣ – Сурия, Тайланд, Тоҷикистон ва Филиппин - ширкат меварзанд.

Тибқи низомномаи мусобиқа аз рӯи натиҷаи қуръакашӣ дастаҳо ду ҷуфти даври ниманиҳоиро ташкил карда, ғолибон дар финал ва тимҳои мағлубшуда дар бозӣ барои ҷойи севум мубориза мебаранд.

Ёдовар мешавем, ду сол пеш тими миллии Тоҷикистон барандаи мусобиқаи «King’s Cup 2022» шуда буд. Футболбозони тоҷик дар бозии ниҳоӣ мунтахаби Малайзияро аз рӯи силсилаи пеналти ё зарбаҳои 11-метрӣ бо ҳисоби 3:0 (замони асосӣ 0:0) шикаст доданд.

Барои ҷойи севум дастаи мунтахаби Тайланд бар тими миллии Тринидад ва Тобаго бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд.

Мунтахаби Тоҷикистон дар бозии ниманиҳоии ин мусобиқаи байналмилалӣ тими миллии Тринидад ва Тобагоро бо ҳисоби 2:1 мағлуб карда, ба финал роҳ ёфта буд.

Дар маросими супурдани ҷоизаҳо дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо Ҷоми Шоҳи Тайланд ва медалҳои тилло мукофотонида шуд. Ба мунтахаби Малайзия медалҳои нуқра ва ба дастаи мизбон – Тайланд – медалҳои биринҷӣ тақдим гардид.

Бояд зикр намуд, тими миллии Тоҷикистон, ки зери роҳбарии сармураббӣ Гела Шекиладзе, мутахассиси гурҷӣ, дар марҳилаи дувуми интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар ҷадвали гурӯҳи “G” бо касби ҳашт имтиёз ҷойи севумро гирифт, аз ҳаққи ширкат дар даври севуми мусобиқот маҳрум гашт.

Акнун дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар марҳилаи ниҳоии интихобии Ҷоми Осиё-2027, ки 25-уми марти соли оянда оғоз меёбад, иштирок хоҳад кард.

Мавқеи тими миллии Тоҷикистон дар феҳристи нави FIFA, ки дар сомонаи Федератсияи байналмилалии футбол нашр шудааст, се зина поин шуд ва бо 1212,41 имтиёз дар ҷойгоҳи 102-юм қарор дорад.