Аммо дар сӯҳбатҳои қаблӣ аз мавҷудияти мушкили молӣ гуфта буданд. Корхонаи "Нақлиёти мусофиркашон" дар Хуҷанд соли 2018 аз ҳисоби 26 миллион доллар гранти Бонки аврупоии бозсозӣ ва рушд ба фаъолият шурӯъ карда буд.
Чанд ҳафта ба ин сӯ дар роҳҳои шаҳри Хуҷанд ба ҷуз микроавтобусҳои хурди мусофиркашон ва нақлиёти сабуку таксӣ автобусҳои мусофиркаш мушоҳида намешавад. Сокинон мегӯянд, ки ин бори аввал нест ва ба ин вазъ қариб, ки одат кардаанд, ҳарчанд чунин ҳолат мушкилоти зиёде эҷод мекунад.
Раҳматҷон Шерматов, сокини шаҳри Хуҷанд мегӯяд: “Ман аз ронандаҳо мепурсам, ки «чаро як рӯз кор мекунед ва се рӯз не?» Онҳо дар ҷавоб мегӯянд, ки ё солярка нест ё автобусҳо дар таъмир ҳастанд”.
Аз 100 автобуси мусофиркаше, ки шаш сол пеш бо мақсади танзими рафтуомади сокинон ба шаҳри Хуҷанд ворид карда шуд, ҳеҷ якаш ин рӯзҳо ба ҳаракат намебарояд.
Моҳҳои сентябр ва октябри соли гузашта низ чунин ҳолат мушоҳида шуд ва маълум гардид, ки ронандагон бо сабаби нагирифтани маоши худ ва мушкили молии корхона кори худро қатъ кардаанд. Баъди пардохти маош, танҳо 20 автобус дигарбора ба ҳаракат даромад. Ин бор масъулон вазъро шаҳр намедиҳанд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Муҳаммадазиз Зафарзода, сокини дигари Хуҷанд мегӯяд: “Кам будани автобусҳо хуб нест, зеро ҳаёти ҳаррӯзаи моро мошинҳои иҷтимоӣ иҳота кардаанд, ки мо бе онҳо то ҷойи корамон ва ё ҷойи дилхоҳи дигар рафта наметавонем. Набудани он сабаб мегардад, ки мо ба ҷойи корамон дер мекунем. Хуб мешуд, ки боз автобусҳо ба кор бароянд”.
Раҳматҷон Шерматов, сокини шаҳри Хуҷанд мегӯяд, автобусҳо аз лиҳози нарху шароити хидматрасонӣ ба мусофирон бисёр муҳим мебошанд. «Чунки он васеъ аст, ҷои зиёд дорад, мусофирҳо нағз мераванд, боду ҳавояш тозаву озода мебошад. Барои ҳамин истифода бурданаш шарту зарур аст. Барои мо хеле даркор аст”, гуфт ӯ.
Дар ҳоле, ки шарҳи расмии Идораи нақлиёти мусофиркашонии шаҳри Хуҷанд барои мутаваққиф шудани ҳаракати автобусҳо маълум нест, бархе аз кормандони он дар суҳбати ҳузурӣ гуфтанд, ки беш аз як моҳ боз ин вазъ ҷараён дорад. Аксари ронандагон ба рухсатии меҳнатии бемузд рафтаанд ва зоҳиран масъала ба мушкилоти молӣ рабт мегирад. Қаблан ронандагон ва ҳам масъулони корхона гуфта буданд, ки даромаде, ки аз мусофирбарӣ ба даст меояд, харҷи ҳаракати автобусҳоро намепӯшонад.
Корхонаи "Нақлиёти мусофиркашон" дар Хуҷанд соли 2018 аз ҳисоби 26 миллион доллар гранти Бонки аврупоии бозсозӣ ва рушд ба фаъолият шурӯъ кард ва ҳаракати ин навъи нақлиёти иҷтимоиро дар Хуҷанд ва ноҳияҳои атрофи он ба роҳ монд. Танзими кори автобусҳоро мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ ба дӯш дорад ва моҳона барои фаъолияти он маблағ ҷудо мекунад. Сокинону мусофирон умедворанд, ки ин масъала ба зудӣ роҳи ҳалли худро меёбад ва дигарбора савори автобусҳо мешаванд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
"Агар Бонки аврупоӣ ёрӣ накунад..." Решаи мушкили мусофирбарҳо чист? ВИДЕОСокинони Хуҷанд мунтазири бозгашти автобусҳои мусофирбар будаандДар Хуҷанд равуои автобусҳои байнишаҳрӣ барқарор шуд