Чанд корбари Радиои Озодӣ шикоят карданд, ки дар озмунҳои бурдноки блогерон ширкат карда, фиреб хӯрдаанд. Моҳи январи имсол додситонии кулли Тоҷикистон эълон карда буд, ки алайҳи ду нафар, ки ба гузарондани “конкурс” ё озмунҳои бурднок дар Ютуб машғул буданд, бо иттиҳоми қаллобӣ парванда боз кардааст.
Хабарнигори Радиои Озодӣ аз сокинони Душанбе пурсид, ки ба озмунҳои бурдноки блогерон боварӣ доранд? Баъзе посухҳоро дар инҷо бихонед:
- Боварӣ надорам, чунки ягон одамеро намешиносам, ки бурд карда бошад. Фикр мекунам, бисёри озмунҳои бурднок фиреб ҳастанд.
- Албатта боварӣ дорам. Барои онки як писарам мошин бурд кард. Як амакам телефон гирифт. Худам ду маротиба иштирок кардам, аммо чизе набаромад.
- Пуле ки бе дарду миён меояд намешавад, барои ҳамин боварӣ надорам.
- Боварӣ дорам, одамонеро мешиносам, ки бурд кардаанд. Лекин барои бурдро додан, одамро сарсон мекунанд. Масалан вақте мошинро бурд кунӣ, пул талаб мекунанд.
- Намедонам барои чӣ, лекин боварӣ надорам.
- Баъзеашон фейк аст, тамошо мекунам, лекин иштирок накардам. Барои онки ба блогерон боварӣ надорам.
- Мебинам ки бачаҳо дар Русия азоб кашида кор мекунанд, дар зимистон ях мекананд, баъд пулашонро ба ҳамин блогерон мегузаронанд. Панҷ ҳазор билет мефурӯшанд, баъд 3-4 нафар бурд мекунанд. Ин ҳам як намуди қимор аст.
- Агар аз роҳи қонунӣ гирем, блогерон қариб ки ягон кори ғайриқонунӣ накарда истодаанд. Вале бояд саводи молиявии мардумро зиёд карда даркор. Чунки мо пули кам кор мекунем ва боз ҳам пули камро дар роҳҳои беҳуда истифода мебарем.
- Писарони амакам 200-300 ҳазор рубл кор карда, бо он пул билет мехаридаст, лекин ягон бор бурд накардааст.
КОРБАРОНИ АЗИЗ ШУМО НИЗ МЕТАВОНЕД НАЗАРИ ХУДРО ДАР ИН МАВЗУЪ НАВИСЕД.