Солеҳҷон Солиев, сокини маҳаллаи Ҳаёти нави Душанбе моҳи майи имсол ҳангоми адои хидмат фавтид. Мақомот сабаби марги ӯро бемории қалб гуфтанд. Аммо наздиконаш гуфтанд, ӯ ҳеч гоҳ чунин беморӣ надошт ва дар ҷасадаш ҳам изҳои захм буд.
Қариб ду моҳ аст, ки манзили Наргис Пирова мотамхона аст. Ӯ ба дунболи пайдо кардани сабаби марги писараш аст. Ин модар ба фарзияи расмӣ дар бораи онки писараш аз бемории қалб фавтид, бовар надорад.
“Бачаи ман сиҳат буд ва бо хоҳиши худаш ба хизмат рафт. Ӯ ягон бор аз дард шикоят накарда, сӯзандору ҳам нагирифта буд,” - гуфт Наргис Пирова.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ба гуфтаи наздиконаш, Солеҳҷон Солиев моҳи октябри соли 2023 ба хидмати ҳарбӣ рафт. Ӯро ба як қисми низомии Вазорати дифоъ ба фурудгоҳи низомии Айнӣ фиристоданд. Волидонаш бори ахир ӯро 5-уми май диданд. Як ҳафта пас ҷасадашро оварданд. Дар аввал сабаби марги Солеҳҷонро ба пайвандонаш нагуфтаанд.
Наргис Пирова, модари сарбози фавтида дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт: “Фармондеҳашон омад, пурсидам, "барои чӣ инхел шуд? Охир бачаи ман сиҳат буд". Гуфтам, "ягон бор бачаи ман касал нашуд, бо ягон кас ҷанҷол накард, чаро писари ман инхел шуд?" "Намедонам, хола" гуфт. Охир, чӣ хел намедонед?! Қисми ҳарбӣ калон аст, камера мондагӣ аст, чи хел сарбоз дар пеши чашматон вафот мекунад, шумо намебинед? Шумо куҷоро нигоҳ мекунед?”
Баъд аз як моҳи марги сарбоз, додситони ҳарбии Душанбе ба волидон санад дар бораи натиҷаҳои ташхисро супорид. Дар санад омадааст, ташхис нишон дод, ки сабаби марги Солеҳҷон Солиев бемории қалб аст. Биноан додситонӣ аз таҳқиқи ҷиноии марги ӯ даст кашидааст. Радиои Озодӣ барои гирифтани шарҳи бештар ба дафтари матбуоти Вазорати дифоъ муроҷиат кард, аммо посух нагирифт. Наздикони сарбоз мегӯянд, дар бадани Солеҳҷон Солиев изҳои сиёҳ буд.
Наргис Пирова, модари сарбоз гуфт, дар аввал ба ӯ иҷозат надоданд, ки ҷасади писарашро бинад ва гуфтаанд, ки "кафан кардагӣ аст, бурда ба хок супоред". Аммо Пирова мегӯяд, ӯ ба ин розӣ нашуд ва ҷасади писарашро дид, ки аз пушти сараш хун мерехт. “Дар пушташ се нуқта зардоб гирифта буд, мисле, ки бо милтиқ мезананд. Ман дар телефон ҳамаашро сабт кардам ва гуфтам, ки бояд ҳамаашро нишон диҳам".
Дар ин навор ҳам дида мешавад, ки дар пушти сари сарбоз изи хун ҳаст. Барои ҳамин пайвандони сарбози фавтида аз мақомот мехоҳанд, гунаҳкорони марги писарашонро пайдо кунанд.
Таваккал Солиева, модарбузурги Солеҳҷон Солиев аз раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ва писараш Рустами Эмомалӣ мехоҳад, гунаҳкорони марги набераашро пайдо карда ҷазо диҳанд.
Маргумир дар қисмҳои ҳарбии Тоҷикистон ҳодисаи нав нест. Ба гузориши Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон, соли 2023 марги 40 сарбоз дар артиш сабт шудааст. Аз ин шумор, 8 маврид худкушӣ буда, “6 нафар аз беморӣ фавтиданд”. Бадрафторӣ ё латукӯби сарбозони нав аз сӯи куҳнасарбозон ҳам як сабаби марг ё маъюб шудани сарбозон гуфта мешавад.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Марги 40 сарбоз дар як сол дар артиши ТоҷикистонНақшаи даъвати баҳорӣ ба артиши Тоҷикистон иҷро шуд, вале...Пешниҳоди "таҳрим"-и идора ва мансабдорони алоҳидаи Тоҷикистон