Як мақоми Русия гуфт, дрони украинӣ манзилеро дар як рустои воқеъ дар сарҳади ин кишвар асобат кард ва дар натиҷа, панҷ нафар, аз ҷумла ду кӯдак кушта шуд.
Ҳодиса субҳи 29 июн дар деҳаи сарҳадии Городише рух дод. Раиси вилояти Курски Русия Алексей Смирнов гуфт, ба назар мерасад, ки дрон аз навъҳои монанд ба “коптер” аст, ки тавони интиқоли маводи тарканда ва расидан ба ҳадафро дорад.
Дар ҷанги идомаёбанда ҳам Русия ва ҳам Украина алайҳи ҳамдигар аз дрон ё ҳавопаймоҳои бесарнишин истифода мекунанд. Коптер тавони убури садҳо километр ва мустақилона таркиданро дорад.