Дар гурӯҳи "Е" Руминия дар шаҳри Мюнхен Украинаро бо ҳисоби бузурги 3:0 шикаст дод. Дар дақиқаи 29‑уми дидор Николае Станчу ҳисобро боз кард. Голи дуюмро Рэзван Марин дар дақиқаи 53-юм ба самар расонид. Голи сеюмро Денис Дрэгуш дар дақиқаи 57-ум зад.
Дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳӣ Руминия муқобили Белгия 22-юми июн бозӣ мекунад. Як рӯз пеш Украина ва Словакия вориди рақобат мешаванд.
Дар бозии дигари гурӯҳи Е дар шаҳри Франкфурт Белгия аз Словакия бо ҳисоби 0:1 мағлуб гашт. Голи ягонаро Иван Шранс дар дақиқаи 7-ум ба самар расонид.
Дар ҷараёни ин бозӣ сардовар Халил Мелер аз Туркия ду голи белгиягиҳоро ҳисоб накард. Ромеду Лукаку дар дақиқаи 56‑ум тӯбро вориди дарвоза кард, аммо бо сабаби ҳолати нобозӣ (офсайд) гол ҳисобида нашуд. Дар охири дидор Лукаку боз гол зад, вале барои бо даст бозӣ кардани ҳамдастааш Лоис Опенда голи ӯ бекор гардид.
Дар бозии навбатӣ Словакия муқобили Украина 21-уми июн ба майдон меояд. Рӯзи дигар Белгия ва Руминия бо ҳам рӯбарӯ мешаванд.
Бозии гурӯҳи D миёни дастаҳои мунтахаби Австрия ва Фаронса дар Дюсселдорф бо пирӯзии фаронсавиҳо бо ҳисоби 1:0 хотима ёфт. Дар дақиқаи 38‑уми дидор бозигари мунтахаби Австрия Максимилиан Вебер тӯбро ба дарвозаи дастаи худ зад.
Дар охири нимаи дуюми бозӣ капитан ё сарвони мунтахаби Фаронса Килиан Мбаппе ҷароҳат бардошт. Дар як бархӯрд бо рақиб бинии ӯ сахт осеб дид ва пас аз он ҳамлагарро иваз карданд.
Барои сармураббии мунтахаби Фаронса Дидйе Дешам ин ғалабаи 100‑уми ӯ ба ҳайси сармураббии даста мебошад.
Дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳӣ мунтахаби Фаронса 21-уми июн бо дастаи Нидерланд, инчунин дар ин рӯз Австрия бо Полша рақобат мекунанд.
Ба ин тартиб, пас аз натиҷагирии даври аввали марҳилаи гурӯҳии мусобиқот дар ҷадвали гурӯҳи D мунтахаби Нидерланд бо се имтиёз дар мақоми аввал аст. Фаронса низ се имтиёз гирифтааст, аммо шумораи тӯбҳояш камтар аст, бинобар ин дар ҷойи дуюм қарор дорад. Полша ва Австрия, ки имтиёз ба даст наовардаанд, мутаносибан дар зинаҳои сеюму чаҳорум ҷойгир шудаанд.
Дар гурӯҳи Е мунтахабҳои Руминия ва Словакия бо сеимтиёзӣ мутаносибан ҷойҳои якуму дуюмро касб кардаанд. Белгия ва Украина бидуни имтиёз мутаносибан дар зинаҳои сеюму чаҳорум мавқеъ доранд.
Дар доираи қаҳрамонии футболи Аврупо-2024 дар Олмон 18-уми июн ду бозии охирини даври аввали марҳилаи гурӯҳӣ баргузор мешавад. Ба майдон дастаҳои гурӯҳи F меоянд.
Дар варзишгоҳи «Сигнал Идуна Парк»-и шаҳри Дортмунд мунтахабҳои Туркия ва Гурҷистон, дар «Ред Булл Арена»-и шаҳри Лейпсиг дастаҳои Португалия ва Чехия вориди рақобат мешаванд.
Дар қаҳрамонии футболи Аврупо дар Олмон 24 тими миллӣ иштирок мекунад. Дастаҳо ба шаш гурӯҳи иборат аз чортимӣ тақсим шудаанд. Бозиҳо дар 10 варзишгоҳи 10 шаҳри Олмон доир мегарданд.
Бояд зикр намуд, қаҳрамони феълии Аврупо тими миллии Италия дар бозии ниҳоӣ 11-уми июли соли 2021 дар варзишгоҳи "Уэмбли"-и Лондон мунтахаби Англияро аз рӯи силсилаи пеналти ё зарбаҳои 11-метрӣ шикаст дода буд.
Қаҳрамонии футболи Аврупо-2024:
Таркиби гурӯҳҳо:
Гурӯҳи A: Олмон, Шотландия, Венгрия, Швейтсария.
Гурӯҳи B: Испания, Хорватия, Италия, Албания.
Гурӯҳи C: Словения, Дания, Сербия, Англия.
Гурӯҳи D: Полша, Нидерланд, Австрия, Фаронса.
Гурӯҳи E: Украина, Белгия, Словакия, Руминия.
Гурӯҳи F: Гурҷистон, Туркия, Португалия, Чехия.
Даври аввал
14 июн, ҷумъа
Гурӯҳи А, Олмон – Шотландия – 5:1
15 июн, шанбе
Гурӯҳи A, Венгрия – Швейтсария – 1:3
Гурӯҳи B, Испания – Хорватия – 3:0
Гурӯҳи B, Италия – Албания – 2:1
16 июн, якшанбе
Гурӯҳи D, Полша – Нидерланд – 1:2
Гурӯҳи C, Словения – Дания – 1:1
Гурӯҳи С, Сербия – Англия – 0:1
17 июн, душанбе
Гурӯҳи E, Руминия – Украина – 3:0
Гурӯҳи E, Белгия – Словакия – 0:1
Гурӯҳи D, Австрия – Фаронса – 0:1
18 июн, сешанбе
Гурӯҳи F, 20:45, Туркия – Гурҷистон
Гурӯҳи F, 23:45, Португалия – Чехия
Эзоҳ: замони оғози бозиҳо бо вақти Душанбест.