Ҳазорон нафар дар саросари Тоҷикистон намози Иди Қурбон ё Иди Азҳоро гузоштанд.
Шӯрои уламои Тоҷикистон рӯзи 16-уми июнро рӯзи Ид эълон карда буд.
Бо вуҷуди даъвати мақомот аз ҷилавгирии кӯдакон аз “Идгардак”, кӯдакон мисли солҳои қабл ба дари хонаи сокинон рафта, тӯҳфаи идона гирифтанд.
Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон дар тарҳи тағйири қонун "Дар бораи танзими ҷашну маросим" "Идгардак"-и кӯдаконро манъ кард. Ин тарҳ аввали моҳи май дар порлумон қабул шуд, вале ҳанӯз онро зинаи болои порлумон, Маҷлиси Миллӣ ва Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон қабулу имзо накардаанд. Ин ба он маъност, ки ҳанӯз “Идгардак” расман манъ нашудааст, вале пеш аз Ид мақомот ба сокинон ҳушдор дода буданд, ки кӯдаконашонро дар хона нигаҳ доранд.
Аксҳо аз чор гушаи Тоҷикистон: