CPJ аз ҳукумати Қирғизистон хост, 11 рӯзноманигорро озод кунад

Акс аз бойгонӣ

Кумитаи дифоъ аз рӯзноманигорон (CPJ) рӯзи 13-уми июн бо нашри изҳороте аз ҳукумати Қирғизистон даъват кард, ки парвандаро алайҳи 11 корманди ҳозира ва собиқи тарҳҳои Temirov Live ва "Айт, айт десе" қатъ кунанд.

Намояндаи CPJ дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ Гулноза Саид гуфт, ба зиндон маҳкум кардани 11 рӯзноманигор "як гардиши даҳшатнок дар кишваре хоҳад буд, ки таърихан "ҷазираи демократия" дар Осиёи Марказӣ ҳисобида мешуд".

Додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек моҳи январи имсол 11 рӯзноманигор ва фаъоли маданӣ, аз ҷумла корманди пешин ва ҳозираи "Temirov LIVE"-ро ба ҳабс гирифт.

Дар Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон гуфта буданд, ки ба зидди боздоштшудаҳо бо гумони "беназмии оммавӣ" ва "даъват ба бетартибӣ ва даъват ба зӯроварӣ нисбат ба шаҳрвандон" парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Худи гумонбарон ин иттиҳомҳоро рад мекунанд.