Мақомоти маҳаллӣ вуҷуди чунин ҳолатро тасдиқу рад намекунанд, вале сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳои дурбинҳои назоратиро нашр кардаанд, ки дар онҳо афроди ниқобдор дида мешаванд.
Шаби 11-уми июн шахси сиёҳпӯшу шубҳаовар дар ҳавлии оилаи Мақсудовҳо, дар маркази шаҳри Конибодом, мушоҳида шудааст. Ба нақли онҳо, одами ношинос кӯшиши наздик шудан ба соҳибони хонаро мекард, вале ин ҳолатро пешгирӣ кардаанд.
“Соати 10:14-и шаб, вақте дар ҳамин ҳавлӣ шишта будем, даромад. Инро духтарам мушоҳида кард. Вай ниқоб (маска) пӯшида, дар пояш маҳсӣ ҳам дошт. Мо дод гуфта ба кӯча рафтем,”--гуфт Махсуда Қодирова, сокини шаҳри Конибодом.
Аз ин ҳолат ба мақомот хабар додаанд, вале ҳанӯз касе боздошт нашудааст.
Дар ду моҳи ахир афроди ношинос узви чанд хонавода дар Конибодомро куштанд ва ҳоло сокинон аз пайдо шудани ниқобдорон сахт тарсидаанд.
Сокинони дигар маҳаллаҳои Конибодом аз дубора рух додани чунин ҳодиса нигаронанд.
Махсуда Қодирова, сокини шаҳри Конибодом мегӯяд, шаб вақте ниқобдор талоши ворид шудан ба хонаашонро кард, ба идораи ШВКД занг заданд, вале пулис як соат пас расид.
“Ба милисаҳо гуфтем, ки чаро дер кардед, гуфтанд, ки дурӯз боз муроҷиат бисёр аст. Даромада ҳама ҷоро диданд. Баъд, боз касе онҳоро ҷеғ зад, ки рафтанд. Вайро қапидан даркор аст. Мо метарсем. Намедонем имшаб чихел хоб меравем,”—гуфт ӯ.
Видеоро инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Дар минтақаҳои дигари шаҳри Конибодом вазъ аз ин ҳам бадтар ба назар мерасад. Сокинон мегӯянд, ки барои бехатариву муҳофизати худ чора меандешанд.
Инобат Исломова, сокини шаҳри Конибодом гуфт: “Дар ҳамин гармӣ дарро қулф карда хоб меравем. Дар хонаи худамон ҳаминхел карда шиштаем, ин чӣ гап аст? Як рӯз мо ҳам мемирем, ҳеҷ кас зинда намемонад. Аммо як рӯз зиндагӣ кунем ҳам, бояд дуруст ҳаёт бинем.”
Дар хонаводаи Cобировҳо ҳам вазъ чунин аст. Ашӯралӣ Собирови 90-сола мегӯяд, чанд моҳи охир оромӣ надоранд ва "досу болға болои сарашон хоб мераванд."
“Шаб хоб надорем. Якдигарамонро посбонӣ карда мешинем. Ё телевизорро баланд карда мемонему дамакӣ хоб меравем. Ба кӯча дар вақти дилхоҳамон баромада наметавонем,”—гуфт ӯ.
Ин ҳам дар ҳолест, ки чандин ҳавлиҳо дар Конибодом беодаму қуфлзада, кӯчаҳо холӣ ва чанде аз хонаводаҳо мотам доранд. Танҳо аз оғози ҳамин сол дастикам чанд нафарӣ аз 5 хонавода кушта шудаанд ва ба гуфтаи сокинон, кушторҳо ба ҳам монанданд. Онҳо талаб доранд, ки мақомот бояд вазъро мӯътадил созад.
Ашӯралӣ Собиров, сокини шаҳри Конибодом пешниҳод дорад, ки шабҳо дар маҳаллаҳо сарбозонро навбатдор гузоранд.
Кушторҳои пайдарпай ва пайдо шудани шахсони шубҳаовар дар назди хонаву ҳавлиҳои сокинони маҳаллаҳои шаҳри Конибодом дар ҳолест, ки мақомоти интизомиву амниятӣ дар ин бора шарҳу тавзеҳе намедиҳанд. Радиои Озодӣ як ҳафта пеш ба Вазорати корҳои дохилӣ дар робита ба ин муроҷиати расмӣ кардааст ва дар сурати пайдо шудани тафсилот онро нашр хоҳад кард. Ин вазъ бисёре аз хонаводаҳо ва пайвандони онҳоро, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд, нигарон кардааст. Онҳо ва сокинони ин минтақа хоҳиш доранд, ки мақомот омилони ин ҳолатҳоро ҳарчӣ зудтар ифшо ва боздошт кунанд.