Блогери тоҷик гуфт, шавҳараш ӯро азият медиҳад

Рухшона Раҳматуллоева, ки бо номи "Sofi" дар Инстаграм фаъол аст

Як блогер ва модели тоҷик аз азият ва таҳдиди шавҳараш шикоят кардааст.

Рухшона Раҳматуллоева, ки бо тахаллуси “Соффи” дар Инстаграм маъруф аст, 12-уми июн навишт, шавҳараш ӯро азият медиҳад ва бо корд таҳдид мекунад. Назари шавҳари ин зан то ин дам дастрас нест ва рӯшан нест, ки ӯ дар ин бора чӣ мегӯяд.

Рухшона Раҳматуллоева бо дархости кумак аз мақомот навиштааст, “ҳар рӯз зиндагии ман ба таҳдиди куштан аст, маро маҷбурӣ қапидааст, қонун ҳаст барои ҳаминхел одамо?” Ин блогер ҳамчунин наворе гузоштааст, ки дар он садои баҳсу даъвои як марду зан шунида мешавад. Рухшона Раҳматуллоева дар поёни навор навиштааст, аз ҳисоби ҷанҷолҳои шавҳараш кудаконаш бемор шудаанд.

Дар ҳоле, ки назари шавҳари ин зан ва мақомот маълум нест, Рухшона Раҳматуллоева навиштааст, аз болои шавҳараш ба мақомоти корҳои дохилӣ муроҷиат кард, аммо ба додаш нарасиданд. Блогер гуфтааст, панҷ сол боз бо шавҳараш зиндагӣ дорад.

Шикояти блогер дар шабакаҳои иҷтимоӣ вокунишҳоро ба миён овард ва чанд корбар аз мақомот хостанд, қазияро таҳқиқ кунанд. Шикоят аз хушунати хонаводагӣ дар Тоҷикистон ҳодисаи нав нест. Ҳомиёни ҳуқуқ борҳо аз азият шудани занҳо аз ҷониби шавҳаронашон шикоят карда буданд.