Дар бештар аз ду моҳи охир аъзои чанд оила ба таври мармуз кушта шуда, барои бошандагони Конибодом як навъ вазъи фавқулодаи эълоннашуда идома дорад. Бо ин ҳол, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва қонун дар бораи ин воқеаҳо изҳороте надодаанд.
Ҳавлиҳои беодаму қуфлзада, кӯчаҳои холӣ, сокинони нороҳат. Тасвири деҳаи Санҷидзор дар шаҳри Конибодом чунин аст. Бошандагони тоҷику қирғизи деҳа мегӯянд, ҳатто дар давраи даргириҳои хунини сарҳадӣ чунин нигарону бимзада нашудаанд.
“Чунин ҳодисаро дар ҳафтод соли охир надида будем. Ҳатто нашунидем. Баъзе ҳодисаҳо байни наврасону ҷавонон мешуду тамом. Ҳоло ҳамроҳи ҳамсарам барои ба кӯча рафтан метарсем. Вазъи равониамон бад аст. Ҳатто дарвоза надорем, панҷараамонро аз се ҷояш мебандем,” – нақл кард Нишонбой Ҷулдошев, сокини Санҷидзори Конибодом.
Ин ҳолатро бошандагони деҳаҳои дигари Конибодом низ доранд. Тоҳирҷон Мараҷабови 70-сола ҳамроҳи ҳамсояаш ҳар рӯз интизори он мешинанд, ки навиди оромиеро аз раҳгузарон ё масъулони мақомот шунаванд. Ӯ мегӯяд, аз ин вазъ бештар фарзандони раҳдураш нигаронанд.
“Хоб нест, ҳама хавотир. Заноне, ки шавҳаронашон дар Русия аст, ба хонаи хешу табор мераванд. Шароит бениҳоят вазнин. Бачаҳо аз Русия занг зада мегӯянд, ки биоед. Бо рафтан чӣ мешавад? Мақомот кор карда истодаанд, ягон роҳашро меёбанд,” – афзуд ӯ.
Танҳо дар се моҳи охир дар бораи кушта шудани аъзои дастикам чор оила дар шаҳри Конибодом гузориш расид. Ду ҳодиса дар охири моҳи май рӯй дод. Мақомот ва пайвандони қурбониён ҳодисаро тасдиқ мекунанд, аммо ангезаи куштор норӯшан монда, омилон боздошт нашудаанд. Маълум нест, ин ҳодисаҳо ҳалқаҳои як занҷиранд ё аз ҳам ҷудо, дуздию ғоратгариянд ё ваҳшатангезӣ.
Ин вазъ сокинонро водор кардааст, ки ба мақомот аз тавсеаи нерӯи бехатарӣ маслиҳат диҳанд. Тоҳирҷон Мараҷабов гуфт: “Бо муовини раиси ҷамоат гап задам. Гуфтам, ки аз ҳисоби мардон дар кӯчаҳо навбатдор монанд. Як шаб ё ду шаб хоб накунанд, гапе нест. Дар он сурат занон ё бачаҳо посбон дорем гуфта бемалол хоб мекунанд.”
Ба назар мерасад, пешниҳоди сокинон мақомоти маҳаллиро бетаваҷҷӯҳ нагузоштааст. Ҳоло дар хиёбонҳои чанд деҳаи Конибодом чароғҳои иловагӣ насб кардаанд. Радиои Озодӣ феълан ба Вазорати корҳои дохилӣ бобати кушторҳои мармузи шаҳри Конибодом нома навиштааст ва дар сурати пайдо шудани тафсилот онро нашр хоҳем кард.
Видеоро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад