Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳи як ҳайати бузурги ҳукуматӣ рӯзҳои 22–23 май ба Боку сафари давлатӣ дошт. Натиҷаи дидори сарони Тоҷикистон ва Озарбойҷон ба имзо расидани 4 созишнома дар заминаи муҳоҷират, ҳимоят аз моликияти саноатӣ, ҳифзи фаннии иттилоот ва баробарии ҷинсиятӣ ва 7 тафоҳумнома дар арсаҳои тиҷорати рақамӣ, нақлиёт, иҷрои қонунҳои қазоӣ, муҳитзистӣ, ҳамкорӣ байни палатаҳои ҳисоб ва назорати зиддиинҳисорӣ шуд. Ҳамчунин протокол дар мавриди ҳамкориҳои илмӣ байни академияи илмҳои ду кишвар ва харитаи роҳи сайёҳӣ имзо шуданд.
Дар ин миён, Эъломия дар бораи мушорикати роҳбурдии (стратегии) Тоҷикистон ва Озарбойҷон муҳимтарин санаде аст, ки дар ин дидор имзо шуд.
Ҳамин тавр, пас аз 32 соли робитаи дипломатӣ Боку дар канори Маскав, Тошканд, Остона, Пекин, Ишқобод ва Минск барои Душанбе шарикӣ роҳбурдӣ (стратегӣ) шуд.
Сабаби наздикӣ?
Низоми сиёсии Тоҷикистон шабоҳати наздике бо наҳваи сиёсат дар Озарбойҷон дорад. Махсусан ҳоло, ки Рустами Эмомалӣ, писари калони Эмомалӣ Раҳмон беш аз пеш ба курсии фарди аввали кишвар наздик аст. Дақиқан ба ҳамин шева президенти ҳозираи Озарбойҷон Илҳом Алиев соли 2003 амалан қудратро пас аз марги падари худ Ҳайдар Алиев ба мерос гирифт. Аз он рӯз ба баъд қудрат дар Озарбойҷон ҳамвора дар дасти ӯст. Аммо, робитаи байни ин ду кишвар дар чанд соли ахир хеле гарм шудааст.
Илҳом Алиев моҳи апрели соли 2023 бо як сафари давлатӣ ба Тоҷикистон омад. Зимни ин сафар 14 санади ҳамкорӣ дар арсаҳои гуногун имзо шуданд. Моҳи сентябри соли 2023 Илҳом Алиев бо даъвати Эмомалӣ Раҳмон дар дидори машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ширкат кард.
“Дар ду соли ахир вазъияти геополитикии ҷаҳон ба таври назаррас тағйир ёфт. Масирҳои нави ҳамлу нақл ба вуҷуд омаданд, ки қаблан онҳоро нодида мегирифтанд. Монанди долони Транскаспий (Долони миёна), Долони фароафғонӣ ва аз шарқи дур ва миёна то Аврупо. Озарбойҷон яке аз ҳалқаҳои калидии ин масир аст. Ба ин далел, чунин фаъолиятҳо дар ҳоли ҳозир оғоз шуданд”, - мегӯяд сиёсатшиноси мустақил Парвиз Муллоҷонов. Ба гуфтаи вай, Тоҷикистон дар ин масир баҳрабарандаи дараҷаи дуввум аст. Бо вуҷуди ин, барои кишвар аз он ҷиҳат муҳим аст, ки масирҳои мавҷудро ба Аврупо бештар ва ба поин овардани қиммати ҳамлу нақли коло мусоидат мекунад.
“Далели дуввум фаъол шудани Туркия ҳамчун бозигари минтақавӣ. Озарбойҷон ба унвони шарики наздиктарин дар хеле аз мавридҳо дар кишварҳои пасошӯравӣ аз номи Туркия фаъолият мекунад. Бо ин кор манфиатҳои Ташкилоти кишварҳои туркиро пеш мебарад”, - таъкид мекунад Муллоҷонов.
Анкара дар солҳои ахир дар масъалаи ҳалли муноқишаҳои марзӣ ва ҷилавгирӣ аз даргирӣ бо Бишкек ва Душанбе ба таври фаъол машварат мекунад.
Намик Алиев, дипломати озарбойҷонӣ низ дар барномаи "Ҷанбаҳои корҳои хориҷӣ" дар "CBC TV Azerbaijan" арзёбии мушобеҳ дошт. “Номи санадҳо ва афроде, ки бар онҳо имзо гузоштанд, нишондиҳандаи он аст, ки суҳбат дар бораи ба роҳ мондани иртиботот дар атрофи “Долони миёна” аст. Гирифта аз тиҷорати рақамӣ, ҳифзи фаннии иттилоъ ва санадҳои дигар, ки нишондиҳандаи итминони ҳамкорӣ дар доираи ин долон ҳастанд”,- гуфт Алиев.
“Долони миёна” (Долони Транскаспий) аз Озарбойҷон, Гурҷистон, Туркия, баҳри Хазар, Қазоқистон, Чин ва Аврупо мегузарад. Марҳилаи фаъоли ин тарҳ дар ибтидои соли 2022 пас аз баста шудани бандарҳои Украина дар пайи ҳамлаи Русия хоки ин кишвар шурӯъ шуд. Ин амр масири мазкурро ҷойгузини муҳим барои ҳамлу нақл байни Чину Аврупо табдил кардааст, ба вижа дар пасманзари маҳдудият дар роҳи оҳани Русия ва Белорусия. Дар моҳи январи соли ҷорӣ, дар маҷмааи сармоягузории Брюссел Иттидоҳияи Аврупо қавл дод, ки 10 миллиард евроро барои рушди ин долон сармоягузорӣ мекунад.
"Танҳо барои ҳамлу нақл"?
Элданиз Ҳусейнов, пажӯҳишгари Маркази мутолеоти АвруОсиёи Донишгоҳи Ибни Халдуни Стамбул ба он ишора мекунад, ки соли 2023 раисиҷумҳури Озарбойҷон 9 бор ба кишварҳои Осиёи Марказӣ сафар кардааст, ки ба гуфтаи ӯ, нишондиҳандаи фаъол шудани робита бо ин минтақа аст.
"Ман ҳама чизро ба "Долони миёна" рабт намедиҳам. Ба назари ман, ин долон дар тақвияти робита нақши муҳим дошт, аммо инҷо мавқеъгирии Озарбойҷон ба унвони ҳалқаи васл байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Аврупо нақши боризтаре дорад. Аз ин рӯ, ман фикр мекунам ҷонибҳо тасмим гирифтанд, равобитро ба сатҳи мушорикати роҳбурдӣ боло баранд ва табиист, ки бо рушди ҳамлу нақл робитаҳои иқтисодӣ ва масъалаи амниятӣ низ равнақ меёбад,"-- мегӯяд Ҳусейнов.
Дар доираи сафари давлатии раисиҷумҳури Тоҷикистон ба Боку форуми тиҷоратӣ низ баргузор шуд, ки дар доираи он шартномаҳо ва қарордодҳои тиҷоратӣ низ ба маблағи 700 миллион доллар имзо шуданд. Аз ҷумла, тафоҳумнома байни корхонаи алюминии “TALCO” ва “Азералюминий” ба имзо расид, ки бар асоси он ҷониби озарбойҷонӣ барои ҷалби маблағ ва бозсозии “TALCO” кор хоҳад кард. Қарордод дар арсаи коркарди пахта, матоъ ва рақамисозии кишоварзӣ низ имзо шуд.
Завқӣ Завқизода, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон гуфт, ширкати нафти SOCAR ба роҳандозӣ ва таъмини маводи хом ба полоишгоҳи нафти “TK-Oil”, ки дар ҳудуди минтақаи озоди иқтисодии “Данғара” мусоидат хоҳад кард.
Гардиши молу коло байни ду кишвар дар сатҳи поин қарор дорад. Тибқи иттилои ҷониби Озарбойҷон дар соли 2023 маблағи гардиши коло байни ду кишвар чизе бештар аз 6 миллион доллар будааст ва дар тӯли 4 моҳи соли ҷорӣ аз 2 миллион доллар гузаштааст.