Дар наворҳое, ки ба дасти мо расид ва дар наворҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуданд, масъулон занонро маҷбур мекунанд, рӯймолҳояшонро ба «шакли тоҷикӣ» ба сар кунанд.
Шикоятҳо пас аз он зиёд шуд, ки рӯзи 8-уми май порлумони Тоҷикистон ба Қонуни танзими расму оин тағйир ворид кард ва бар тибқи он барои фурӯшу тарғибу пӯшидани либоси «ба фарҳанги миллӣ бегона» ҷарима пешбинӣ мешавад.
Бештар аз Душанбе шикоятҳо мерасанд, ки занон мегӯянд, онҳоро маҷбур мекунанд, ҳиҷобашонро аз сарашон бигиранд ва ба ҷавонон амр медиҳанд, ки ришашонро тарошанд. Масалан, рӯзи 22-юми май дар наздикии Беморхонаи Қарияи Боло чанд масъули Кумитаи кор бо занони ноҳияи Сино ва кормандони пулиси ин ноҳия занони сатрпӯш ва мардони ришдорро аз роҳ ба мошини мусофиркаш савор карда, ба идораи пулис бурдаанд.
Дар наворе, ки корбарон ба мо фиристодаанд, дида мешавад, ки занони сатрпӯшро бо зӯр ба мусофиркаш савор мекунанд. Баъдан, як тан аз ин занҳо ба Радиои Озодӣ нақл кард, ки дар шӯъбаи корҳои дохилӣ изи ангушт ва акси онҳоро гирифта ва бо ваъдаи инки дигар «либоси» бегона ба бар намекунанд, раҳо кардаанд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Як ҷавони дигар нақл кард, ки рӯзи 23-уми май ӯ ва 12 нафари ришдорро ба дохили бинои Шӯъбаи корҳои дохилии Шоҳмансур бурданд. Онҷо ба дасташон асбоби риштарошӣ дода, гуфтаанд, ки ришҳояшонро худашон тарошанд. Баъдан изи ангушт ва аксҳояшонро гирифтаанд. Ин ҷавон гуфт, ки дар шӯъбаи пулиси ноҳияи Шоҳмансур аз онҳо барои акс, 12 сомонӣ, барои асбоби риштарошӣ ва изи ангушт 20 сомонӣ, дар ҷамъ 32 сомонӣ гирифтаанд. Ӯ афзуд, аз онҳо забонхат гирифтанд, ки дигар риш намегузоранд ва гуфтанд, ки агар такроран бо риш боздошт шаванд, ҳабс мешаванд.
Мақомот дар бораи ин боздоштҳо шарҳе надоданд. Як манбаъ аз ҳукумати як ноҳияи Душанбе тасдиқ кард, ки комиссияҳои вижае барои корҳои тарғиботӣ дар ҳукуматҳо таъсис ёфтааст. Ӯ гуфт, мақомот на ба ҳама ришдорону сатрдорон кор доранд ва бештар ришҳои бемуйлаб, ки хоси салафиҳоянд ва сатрҳои сиёҳ мавриди таваҷҷӯҳ ҳастанд, чун аломати пайравӣ аз гурӯҳе ба ҳисоб меравад. Ба гуфтаи ӯ, агар мард ришу мӯйлаби кӯтоҳ дорад ва зане, ки рӯймолро ба шеваи тоҷикӣ мебандад, либосаш сиёҳ нест, мавриди таваҷҷӯҳ қарор намегирад.
Чунин рейду санҷиш дар хиёбонҳо пас аз ислоҳи Қонуни танзими расму оинҳо ҷиддитар шуд. Дар қонун барои пӯшидану фурӯхтани сару либоси ба фарҳанги миллӣ бегона ҷарима пешбинӣ шудааст. Дар ин қонун мушаххас гуфта нашудааст, ки кадом сару либос ба фарҳанги миллӣ бегона аст. Қонун танҳо дар Маҷлиси намояндагон тасдиқ шудааст. Он баъди тасдиқ дар Маҷлиси миллӣ ва имзои президент ҳукми иҷро мегирад.