ДОИШ масъулияти ҳамла дар Бомиён ва куштори се испаниро ба ӯҳда гирифт

Ғорҳои Бомиён. Акс аз соли 2023

Гурӯҳи “Давлати исломӣ” масъулияти ҳамлаи афроди мусаллаҳ ба туристонро дар вилояти Бомиён ба ӯҳдаи худ гирифт.

Рӯзи 19 май вазорати корҳои хориҷии Испания гуфт, ин ҳамла 17 май сурат гирифт ва дар ин ҳодиса, се нафар куштаву як нафар захмӣ шудааст.

Сухангӯи ВКД маъмурияти Толибон Абдулматин Қонеъ гуфт, ки дар паи ин ҳамла чор нафар боздошт шудааст. Қонеъ гуфт, ки ба иловаи се ҷаҳонгарди хориҷӣ, инчунин як шаҳрванди Афғонистон кушта, чор хориҷӣ ва се шаҳрванди Афғонистон маҷрӯҳ шудаанд.

Дар Бомиён, ки макони мавриди ҳимояти ЮНЕСКО эълон шудааст, бозмондаҳои муҷассамаҳои азими Буддо нигаҳдорӣ мешаванд, ки ҳанӯз соли 2001 дар аҳди раҳбарии пешини Толибон қисман хароб карда шуданд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Вазири "Толибон" се ҳамсояи Афғонистонро барои ДОИШ танқид кардИстиқболи ЮНИСЕФ аз бозгардони аъзои оилаҳои ҷангҷӯёни ДОИШ ба Тоҷикистон Дар Олмон 7 зодаи Осиёи Миёна ба терроризм муттаҳам мешаванд