“Kan”, ширкати Радио ва телевизиони Исроил хабар додааст, ки ду ҷониб дар бораи иваз кардани гаравгонҳо ва “поёни ҷанг” назари гуногун доштанд ва ба созиш нарасиданд.
Чанд моҳ боз дар Мисру Қатар бо миёнаравии намояндагони ин ду кишвар барои оташбас дар Ғазза бо Исроил музокирот ҷараён дошт. Миср ва Қатар бо намояндагӣ аз ҲАМОС бо Исроил гап мезаданд.
Як ҳамсуҳбати “Kan” гуфтааст, ки ҲАМОС тақозо дошт, бар ивази раҳоии гаравгонҳо бояд теъдоде аз маҳбусони фаластинӣ аз зиндонҳои Исроил раҳо шаванд ва ҷанг дар Ғазза пурра қатъ гардад. Исроил ба пешниҳоди ҲАМОС розӣ нашудааст ва гуфтааст, ки зиндониёни хатарнокро раҳо намекунад ва оташбас низ дар Ғазза муваққатӣ хоҳад буд.
Охирин музокирот барои оташбас дар Ғазза дар Қоҳира, пойтахти Миср гузашт. Пешниҳод шуда буд, ки бар ивази раҳоии 33 гаравгон дар Ғазза оташбаси 40 рӯза эълон мешавад ва Исроил артишаро аз бархе минтақаҳои Ғазза берун мекунад. Давоми 40 рӯз бояд ҷонибҳо ба тавофуқи дигар дар бораи оташбаси дарозмуддат мерасиданд. ҲАМОС эълон кард, ки ин пешниҳодро қабул мекунад, вале Исроил гуфт, тарҳи созиш ба манфиаташ нест ва рӯзи 6-уми май ҳамла ба Рафаҳро оғоз кард.
Ҷомеаи байналмилалӣ, аз ҷумла Амрико, ки ҳомии Исроил аст, ҳамла ба Рафаҳро ғайриқобили қабул медонанд.
Рафаҳ, дар марзи Миср ҷойгир аст ва дар онҷо тақрибан ду миллион фаластинӣ паноҳанда шудааст. Исроил даъво дорад, ки онҷо ҷангҷӯёни ҲАМОС пинҳон ҳастанд. Ҷомеаи ҷаҳонӣ аз он тарс доранд, ки дар Рафаҳ теъдоди бештари фаластиниён кушта хоҳад шуд.
Ба бунбаст расидани гуфтугӯҳо барои оташбас дар Ғазза ҳам дар ҳолест, ки дар ҳукумати Исроил ихтилоф пайдо шудааст.
Бенни Гантс, вазири Кобинаи ҷангии Исроил ба Бенямин Нетаняҳу, сарвазири Исроил шарт гузоштааст, ки агар то 8-уми июн тарҳи мушаххасеро дар бораи ояндаи Ғазза пешниҳод накунад, ӯ истеъфо медиҳад.
Ӯ дар изҳороте гуфтааст, ки Нетаняҳу бояд нақшаашро дар бораи раҳоии гаравгонҳо, сарнагун кардани ҳукумати ҲАМОС, халъи силоҳ дар Ғазза ва ояндаи ҳукумати он бояд эълон кунад.
Нетаняҳу дар посух талаби Гантсро фишор ба ақибнишинии Исроил, даст кашидан аз раҳоии гаравгонҳо, дар қудрат мондани ҲАМОС ва ризоият ба ташкили давлати Фаластин номидааст.
Вазири дифои Исроил низ ба Нетаняҳу шарт гузоштааст, ки зудтар нақшаашро дар бораи ояндаи ҷанг дар Ғазза эълон кунад.
Исроил моҳи октябри соли гузашта пас аз ҳамлаи ҲАМОС ба хоки ин кишвар ба Ғазза ҳамла кард. Дар ҳамлаи ҲАМОС, ба гуфтаи мақомоти Исроил, 1200 нафар кушта ва беш аз 200 нафар гаравгон шудааст.
Дар ҳамлаҳои Исроил беш аз 35 ҳазор нафар дар Ғазза кушта шудааст, ки аксарашон занону кӯдакон ҳастанд.