Путин барои мулоқот бо раҳбари Чин вориди Пекин шуд

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия рӯзи панҷшанбе бо сафари давлатӣ ва барои мулоқоту гуфтугӯ бо ҳамтои чинии худ Си Ҷинпин, вориди Пекин шуд.

Сафари дурӯзаи Путин ба Чин дар ҳоле анҷом мешавад, ки ин кишвар пас аз ҳамлаи ҳамаҷонибаи ду сол пеши худ ба Украина, аз назари иқтисодӣ бештар ба Чин вобаста шудааст.

Владимир Путин рӯзи панҷшанбе дар остонаи ин сафар дар гуфтугӯ бо хабаргузории давлатии Чин гуфт, "мо омодаи гуфтугӯ дар бораи Украина ҳастем. Аммо чунин музокироте бояд манфиатҳои ҳама кишварҳои даргир дар ин муноқиша, аз ҷумла манфиатҳои Маскавро дар назар бигирад".

Владимир Путин дар ин гуфтугӯ бо ишора ба ин, ки Маскав ҳаргиз аз гуфтугӯ "худдорӣ" накардааст, гуфт, "мо ба дунболи ҳаллу фасли шомил, пойдор ва одилонаи ин муноқиша аз тариқи роҳҳои сулҳомез ҳастем".

Ин дар ҳоле аст, ки Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина гуфтааст, ки ҳаргуна гуфтугӯ бояд шомили хуруҷи нерӯҳои Русия, тамомияти арзии Украина, озодии ҳама зиндониён, ташкили додгоҳе барои масъулини таҷовуз ва замонатҳои амниятӣ барои Украина бошад.

Чин бо вуҷуди ҳимоят аз иддаоҳои Русия дар бораи таҳрики ин кишвар аз сӯи Ғарб, иддао мекунад, ки дар муноқиша миёни Киев ва Маскав аз ҳеҷ ҷониб пуштибонӣ намекунад.

Аз тарафи дигар, Владимир Путин Ғарбро масъули шикасти гуфтугӯҳо дар ҳафтаҳои аввали оғози ҷанг дониста, аз тарҳи сулҳи Чин барои Украина, ки ба Маскав иҷозат медиҳад дастовардҳои заминии худро тақвият кунад, ситоиш кардааст.

Путин дар ин гуфтугӯ гуфтааст, Пекин гомҳои амалӣ ва созандаеро барои даст ёфтан ба сулҳ пешниҳод кардааст. "Пешниҳоди Чин дар соли 2023, ки Украина ва Ғарб онро рад карданд, метавонад заминаеро барои як раванди сиёсӣ ва дипломатӣ фароҳам кунад, ки нигарониҳои амниятии Русияро дар назар гирифта, ба расидан ба як сулҳи дарозмуддат ва пойдор кумак кунад".

Дафтари раёсати ҷумҳури Русия ҳам эълон кард, ки Владимир Путин ва Си Ҷинпин, раҳбари Чин, "дар бораи ҳама мавзуъҳои вобаста ба ҳамкориҳои стратегӣ гуфтугӯи муфассал хоҳанд дошт ва роҳҳои нави рушди бештари ҳамкориҳоро баррасӣ хоҳанд кард".

Вазири корҳои Амрико рӯзи чаҳоршанбе дар дидор бо ҳамтои украинии худ таъкид кард, "Вашингтон нигарони кӯмаки Чин ба бозсозии саноати ҳарбии Русия аст, ки метавонад ба таври ҷиддӣ дар тавоноиҳои низомии Русия дар ҳамлаи ин кишвар ба Украина дигаргуниҳо ба миён биёрад".

Энтони Блинкен бо ишора ба сафари худ ба Пекин афзуд, "мо шоҳид будем, ки таҷҳизоти асосие, ки Русия аз хориҷ ворид мекунад, аз Чин меояд".

Ин дар ҳоле аст, ки Чин борҳо таъкид кардааст, ки ҳеҷ силоҳи маргборе барои истифода дар ҷанги Украина ба Русия нафурӯхтааст.