Муҳаммадсолеҳ Қувватов дар мусобиқаи “Тоскӯлоҳи бузург” шикаст хӯрд

Муҳаммадсолеҳ Қувватов

Паҳлавони тоҷик Муҳаммадсолеҳ Қувватов дар нахустин рӯзи мусобиқаи байналмилалии ҷудо Qazaqstan Barysy Grand Slam 2024, ки рӯзи 10-уми май дар пойтахти Қазоқистон – шаҳри Остона – баргузор шуд, шикаст хӯрд.

Ин паҳлавони 22-солаи тоҷик дар вазни то 60 кило дар даври аввал ба Сергей Богословскихи 23-солаи русиягӣ аз дастаи бетараф (AIN) бо ду “вазари” дастболо шуд. Аммо Қувватов дар даври дуюм аз Андреа Карлинои 27-солаи итолиёӣ бо як “вазари” шикаст хӯрд ва аз идомаи мубориза маҳрум гашт.

Зимнан, Муҳаммадсолеҳ Қувватов, ки ҳоло дар феҳристи ҷаҳонии ҷудо дар вазни то 60 кило дар ҷойи 30-юм аст, як ҳафта пеш дар мусобиқаи байналмилалии Dushanbe Grand Slam 2024 медали тилло ба даст оварда буд.

Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), дар Qazaqstan Barysy Grand Slam 450 варзишгар (235 мард ва 215 зан) аз 84 кишвари 5 қора иштирок доранд.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба ғайр аз Муҳаммадсолеҳ Қувватов боз чаҳор варзишгар - Комроншоҳ Устопириён (-90 кг), Шодмон Ризоев (-90 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (-100 кг) ва Темур Раҳимов (+100 кг) - дохиланд, ки дар рақобатҳо байни мардон дар се вазн рӯзи охирини мусобиқа – 12-уми май - ҳунарнамоӣ мекунанд:

Дар вазни то 90 кило 33 нафар номнавис шудаанд, ки дар байни онҳо Рафаэл Македо аз Бразилия дар феҳристи ҷаҳонӣ дар ҷойгоҳи болотар - 9-ум - қарор дорад. Паҳлавонони тоҷик Комроншоҳ Устопириён дар феҳристи ҷаҳонӣ ҷойи 18-ум ва Шодмон Ризоев ҷойи 370-умро касб кардаанд.

Комроншоҳи 31-сола, ки дар даври аввал озод аст, дар даври дуюм бо Эдуард Триппели 27-солаи олмонӣ вориди рақобат мешавад. Шодмони 22-сола низ ба рақобат аз даври дуюм мепардозад. Рақибаш Михаил Иголникови 27-солаи русиягӣ аз дастаи бетараф (AIN) мебошад.

Дар вазни то 100 кило 31 нафар номнавис шудаанд, ки дар байни онҳо Ҷорҷ Фонсека аз Португалия дар феҳристи ҷаҳонӣ дар зинаи болотар – 13-ум - қарор дорад. Ҷаҳонгир Маҷидов бошад, дар феҳристи ҷаҳонӣ дар ҷойи 38-ум аст. Паҳлавони 23-солаи тоҷик дар даври аввал бо Аслей Гонзалези 34-сола аз Руминия рақобат мекунад.

Дар вазни беш аз 100 кило 28 нафар иштирок мекунанд. Ба ғайр аз Темур Раҳимов, ки дар феҳристи ҷаҳонӣ 2-юм аст, сангинвазни маъруф Татсуру Саито аз Ҷопон (мавқеаш дар феҳристи ҷаҳонӣ 8-ум) номнавис шудааст. Паҳлавони 26-солаи тоҷик, ки дар даври аввал озод мебошад, дар даври дуюм бо ғолиби ҷуфти Ёнгҷи Йин (Чин)/Галимжан Крикбай (Қазоқистон) қувваозмоӣ мекунад.

Барномаи мусобиқа:

10-уми май (ҷумъа). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -48 кг, -52 кг, -57 кг миёни занон; -60 кг, -66 кг байни мардон.

11-уми май (шанбе). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -63 кг, -70 кг миёни занон; -73 кг, -81 кг байни мардон.

12-уми май (якшанбе). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -78 кг, +78 кг миёни занон; -90 кг, -100 кг, +100 кг байни мардон.

Маблағи умумии ҷоизаҳои молии мусобиқа 154 ҳазор евроро ташкил медиҳд. Ғолибон дар ҳар як вазн (7 вазн миёни мардон ва 7 вазн миёни занон) бо 5000 евро, барандагони медали нуқра бо 3000 евро ва соҳибони нишони биринҷӣ бо 1500 евро сарфароз мегарданд.

Варзишгарон дар ин мусобиқаи байналмилалӣ ба ҷуз аз медалу ҷоизаҳои молӣ, инчунин соҳиби имтиёзҳо дар феҳристи ҷаҳонӣ ва олимпӣ мешаванд, ғолиб соҳиби 1000 имтиёз, ҷойи дуюм – 700 имтиёз ва ҷойи сеюм 500 имтиёз мегиранд.

Ёдовар мешавем, паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо Dushanbe Grand Slam 2024, ки рӯзҳои 3-5-уми май дар Қасри теннис ва маҷмааи варзишҳои обии шаҳри Душанбе баргузор шуд, ҳафт медал (як нишони тилло, се нуқра ва се биринҷӣ) ба даст оварданд.

Ягона медали тиллоро дар ин мусобиқа аз Тоҷикистон Муҳаммадсолеҳ Қувватов дар вазни то 60 кило соҳиб шуд. Обид Ҷебов дар вазни то 66 кило, Беҳрӯзи Хоҷазода дар вазни то 73 кило ва Темур Раҳимов дар вазни беш аз 100 кило бо медалҳои нуқра сарфароз гаштанд.

Се паҳлавони дигари тоҷик - Муллораҷаб Халифаев дар вазни то 66 кило, Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода дар вазни то 90 кило ва Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни то 100 кило медалҳои биринҷӣ гирифтанд.

Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), дар мусобиқаи Dushanbe Grand Slam 390 варзишгар (204 мард ва 186 зан) аз 65 кишвари панҷ қораи ҷаҳон иштирок доштанд. Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи Dushanbe Grand Slam 37 варзишгар (28 мард ва 9 зан) дохил буд.

Дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Швейтсария бо касби 2 медали тилло ва 2 нишони нуқра ғолиб шуд. Австрия бо касби 2 медали тилло ва як нуқра ҷойи дуюм, Италия бо касби 2 медали тилло ва як биринҷӣ зинаи сеюмро ишғол карданд. Дастаи Тоҷикистон бо касби як медали тилло, се нуқра ва се нишони биринҷӣ дар зинаи чорум қарор гирифт.