СММ: Беш аз 100 ҳазор кас Рафаҳро тарк карданд

9 май, Рафаҳ

СММ рӯзи 10 май гуфт, беш аз 100 ҳазор нафар шаҳри Рафаҳро тарк карданд. Ҷануби Ғазза ҳоло бо хатари таҳоҷуми заминии васеъмиқёси нирӯҳои исроилӣ рӯбарӯ мебошад.

Ҳамиш Янг, як раҳбари калони барномаҳои ҳамоҳангсози UNICEF дар навори Ғазза рӯзи ҷумъа гуфт: “Беш аз 100 ҳазор кас Рафаҳро тарк кардаанд”.

Янг, ки дар Рафаҳ қарор дорад, ин ҳарфҳоро дар ҷараёни конфронси видеоие бо Женева иброз намуд.

Рафаҳ дар ҷануби Ғазза ва дар сарҳад бо Миср воқеъ аст. Дар ин ҷо беш аз як миллион фаластинии овора паноҳ ёфта буданд.