Мақоми баландпояи СММ гуфт, "Ғазза дар қаҳтии саросарӣ қарор дорад"

Синди МакКейн, раиси Барномаи ғизои СММ

Як мақоми баландпояи СММ гуфт, шаш моҳ баъди шурӯи ҷанг ва маҳдудиятҳои шадиди Исроил барои интиқоли ғизо ба минтақа, шимоли Ғазза дар ҳолати “гуруснагии комил” қарор дорад.

Синди МакКейн, раиси Барномаи ғизои СММ то ҳол мақоми баландтарини байналмилалӣ аст, ки гуруснагиву ҳолати бисёр сахту сангини мардуми мулкӣ дар Ғаззаро эътироф мекунад. Дар мусоҳиба ба NBC, ки қарор аст 5 май нашр шавад, МакКейн гуфтааст, “Ин як даҳшат аст”. “Дар шимол қаҳтии сартосарӣ ҳукмфармост ба ин ҳолат ба самти ҷануб ҳам тадриҷан паҳн мешавад”.

Ҷанги Исроил дар Ғазза дар моҳи октябри соли 2023 ва пас аз ҳамлаи ғофилгиронаи “Ҳамос” ба ҳудуди ин кишвар оғоз ёфт. Дар он ҳамла 1200 исроилӣ кушта ва зиёда аз 240 кас гаравгон гирифта шуданд.

Вазорати тандурустии Ғазза моҳи апрел гуфт, дар пайи ҳамлаи ҷавобии Исроил зиёда аз 33 ҳазор фаластинӣ, ба шумули занону кӯдакон, кушта шуданд.