Дар Ҷоми Осиё (23) Ҷопон - ғолиб, Узбекистон - дуюм, Ироқ сеюм шуданд

Дастаи мунтахаби ҷавонони то 23-солаи Ҷопон, ки дар бозии ниҳоии қаҳрамонии футболи Осиё-2024 дар Қатар тими Узбекистонро бо ҳисоби 1:0 шикаст дод, ғолиби мусобиқа гардид.

Ҷопон ягона дастаест, ки дар таърихи Ҷоми Осиё (U-23) ду бор баранда шудааст.

Бозии ниҳоии Ҷоми Осиё (U-23) миёни дастаҳои ҷавонони то 23-солаи Ҷопону Узбекистон рӯзи ҷумъаи 3-юми май дар варзишгоҳи Ҷассим Бин Ҳамади шаҳри Доҳа доир гардид. Голи ягонаро дар замони изофа (90+1) Фуки Ямада ба самар расонд.

Бояд гуфт, ки футболбозони узбек дар дақиқаи 90+10 имкони садфоизаи голзаниро аз даст доданд. Умаралӣ Раҳмоналиев тӯбро аз пеналти ё ҷаримаи 11-метрӣ натавонист ба нишон расонад. Тӯби задаи ӯро дарвозабони ҷопониҳо Кокубо баргардонд.

Ҳамин тариқ, дастаи Ҷопон бо ҳисоби 1:0 ғолиб омада, бори дуюм бо Ҷоми қаҳрамонӣ ва медалҳои тилло сарфароз гашт, инчунин соҳиби роҳхат ба Олимпиадаи Порис-2024 гардид. Аз ин пеш ҷопониҳо соли 2016 дар Қатар қаҳрамони Осиё (U-23) шуда буданд. Инчунин мунтахаби Ҷопон соли 2022 дар Узбекистон барандаи медалҳои биринҷии Ҷоми Осиё ((U-23) шудааст.

Дастаи ҷавонони Узбекистон, ки бо медалҳои нуқра сарфароз шуд, бори аввал ба Бозиҳои олимпӣ роҳхат гирифт. Футболбозони ҷавони узбек дар Олимпиадаи Порис-2024 ширкат меварзанд.

Дарвоқеъ, дастаи мунтахабии ҷавонони то 23-солаи Узбекистон соли 2022 дар қаҳрамонии Осиё, ки дар Узбекистон баргузор шуда буд, дар финал аз тими Арабистони Саудӣ бо ҳисоби 0:2 мағлуб гашта, медалҳои нуқра гирифта буданд.

Умуман, мунтахаби Узбекистон дар Ҷоми Осиё (U-23) як бор (соли 2018 дар Чин) қаҳрамон шуда, ду маротиба (2022 дар Узбекистон ва

2024 дар Қатар) медалҳои нуқра гирифта, инчунин як бор (2020 дар Тайланд) ҷойи чаҳорумро ишғол кардааст.

Бозӣ барои ҷойи сеюм дар қаҳрамонии Осиё (U-23) дар Қатар рӯзи 2-юми май дар варзишгоҳи Абдуллоҳ Бин Халифаи Доҳа байни дастаҳои мунтахаби олимпии Ироқ ва Индонезия доир шуд. Ироқиҳо дар замони изофа бо ҳисоби 2:1 (замони асосӣ – 1:1) пирӯз шуданд. Голҳои мунтахаби Ироқро Зайд Таҳсин (дақиқаи 27-ум) ва Алӣ Ҷасим (96) ба самар расонданд. Як голи мунтахаби Индонезия ба Ивар Ҷеннер (19) мансуб аст. Алӣ Ҷасими ироқӣ бо 4 голи задааш беҳтарин нишонзани Ҷоми Осиё-2024 (U-23) гардид.

Дастаи мунтахаби ҷавонони то 23-солаи Ироқ, ки бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуд, соҳиби роҳхати сеюм аз қораи Осиё ҷиҳати ширкат дар Олимпиадаи Порис-2024 шуд. Воқеан, ироқиҳо аввалин қаҳрамони Осиё (U-23) дар соли 2013 дар Умон маҳсуб мешаванд. Онҳо дар бозии ниҳоӣ мунтахаби ҷавонони Арабистони Саудиро бо ҳисоби 1:0 шикаст дода буданд.

Ҳамакнун дастаи мунтахаби ҷавонони Индонезия (U-23) барои дарёфти роҳхат ба Бозиҳои олимпии соли 2024 дар Пориси Фаронса тавассути бозиҳои плей-оффи байниқитъавӣ бо намояндаи қораи Африқо – мунтахаби Гвинея - талош меварзад.

Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-23) дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2024 дар Қатар дар гурӯҳи “С” дар ду бозӣ аз тимҳои Арабистони Саудӣ ва Ироқ бо ҳисоби якхелаи 2:4 шикаст хӯрда, ба тими Тайланд бо ҳисоби 1:0 ғолиб омад.

Футболбозони ҷавони тоҷик бо касби се имтиёз дар гурӯҳи худ ҷойи сеюмро гирифта, натавонистанд ба даври чорякниҳоии мусобиқот роҳ пайдо кунанд. Бинобар ин, сармураббии даста Мубин Эргашев аз вазифааш истеъфо дод.

Дастаи ҷавонони зери 23-солаи Ироқ, ки бо касби шаш имтиёз ғолиби гурӯҳи “С” шуд, ба чорякфинал баромад. Тими Арабистони Саудӣ низ шаш имтиёз гирифт ва аз рӯи натиҷаи бозиаш бо ироқиҳо мақоми дуюмро касб намуда, соҳиби роҳхат ба плей-офф гардид.

Зимнан, тими ҷавонони то 23-солаи Тоҷикистон, ки ду бор (солҳои 2022 ва 2024) дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё иштирок кардааст, ин дафъа низ натавонист аз гурӯҳи худ барояд.

Дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2024 (U-23) дар Қатар дастаҳои мунтахаб барои дарёфти квотаҳо аз қитъаи Осиё ҷиҳати ширкат дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ, ки аз 26-уми июл то 11-уми августи соли равон дар Пориси Фаронса баргузор мешавад, мубориза бурданд.

Дастаҳое, ки дар Ҷоми Осиё-2024 дар Қатар се ҷойи аввалро соҳиб шуданд (Ҷопон, Узбекистон, Ироқ), мустақиман ба Бозиҳои олимпӣ роҳхат гирифтанд. Дастае, ки ҷойи чаҳорумро ишғол кард (Индонезия), барои дарёфти роҳхат тавассути бозиҳои плей-оффи байниқитъавӣ бо намояндаи қораи Африқо – Гвинея -талош меварзад.

Ҷоми Осиё-2024 (U-23)

Чорякфинал

25-уми апрел (панҷшанбе)

Кореяи Ҷанубӣ – Индонезия – 2:2 (аз рӯи пеналти – 10-11)

Қатар – Ҷопон – 2:4 (дар замони изофа)

26-уми апрел (ҷумъа)

Ироқ - Ветнам - 1:0

Узбекистон - Арабистони Саудӣ – 2:0

Нимфинал

29-уми апрел (душанбе)

Индонезия – Узбекистон – 0:2

Доҳа, варзишгоҳи Абдуллоҳ Бин Халифа

Ҷопон – Ироқ – 2:0

Доҳа, варзишгоҳи Ҷассим Бин Ҳамад

Бозӣ барои ҷойи сеюм

2-юми май (панҷшанбе)

Ироқ – Индонезия – 2:1 (дар замони изофа)

Доҳа, варзишгоҳи Абдуллоҳ Бин Халифа

ФИНАЛ

3-юми май (ҷумъа)

Ҷопон – Узбекистон – 1:0

Доҳа, варзишгоҳи Ҷассим Бин Ҳамад